Cаҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, ҳамоиши сатҳи ҷумҳуриявӣ

Имрӯз бо ташаббуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва имкониятҳои рушд» ҳамоиши сатҳи ҷумҳуриявӣ доир шуда, ки дар он масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон ва иқтисоди миллӣ муҳокима гардиданд.

Дар кори ҳамоиш намояндагони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон, донишҷӯён, ҷавонон  ва намояндагони мақомотҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирҷон Аминзода зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиш омӯзиши нуктаҳои асосии сиёсати муваффақонаи иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил шудан ба таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандон мебошад.

Гуфта шуд, ки қишри зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил дода, нақши онҳо дар рушди ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёти мамлакат хеле назаррас мебошад.

Иштирокдорон оид ба паҳлӯҳои гуногуни сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон ибрози назар намуда, зикр карданд, ки дар мамлакат барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкории ҷавонон тамоми заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ мавҷуд мебошад.

«Аз ҷумла, тибқи маълумоти оморӣ, аз 189 ҳазор субъекти фаъолияткунандаи соҳибкорӣ қариб 51 ҳазор нафарашон ҷавонон мебошанд», — иброз дошт мутахассиси пешбари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Эмомалӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар кори ҳамоиш вазъи дурнамои соҳибкории хурду миёна, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, ҳадафҳои татбиқшавандаи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply