Мавриди истифода додани хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Спитамен

Санаи 16 ноябри соли 2019 дар арафаи таҷлили  Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Хуррамзамини ноҳияи Спитамен хати оби нӯшокӣ мавриди  истифода  қарор дода шуд.

Дар маросими кушодани хати оби нӯшокӣ  Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода  Мавлуда Сатторӣ, раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам, Раисон, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва намояндагони  мақомотҳои   ноҳиявию вилоятӣ  сокинони   ҷамоати  деҳоти  Хуррамзамин  ширкат  варзиданд.

Дар оғози кушодашавӣ  Раиси Суди Олии  иқтисодӣ  баромад намуда дар бораи фазои озоди кишвар, ободонию созандагиҳо шароити хуби фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ташаббусҳои беназиру пайгирандаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба татбиқи Дасҳсолаи нави байналмилалии амал об барои рушди устувор  солҳои 2018-2028 проблемҳои глобалии таъмини аҳолии сайёра бо оби нӯшокиро  инъикос менамояд, инчунин  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» суханронӣ карда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин сана барои аҳли бошандагони  ҷамоат рӯзи хотирмон  маҳсуб меёбад, зеро   ҷамоати Хурамзамин аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ дар шимоли  ноҳияи Спитамен дар наздикии марзи Тоҷикистону Узбекистон  воқеъ буда аз маркази ноҳия тақрибан 25 км дур, ва аҳолии он  8 ҳазор нафарро ташкил дода, 1232 хоҷагӣ (оила) зиндагонӣ  менамоян, ки солҳои  дароз аз норасогии оби нӯшокӣ танқиси мекашиданд. Пас аз кушодашавӣ аҳолии  ҷамоати мазкур бо оби  нӯшокии босифат таъмин гардида, мушкилоти пешгирӣ аз паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҳалли худро меёбад.

Дар ин  рӯз аксари аҳолии ҷамоат ба иншооти навсохт ҳозир шуда  бо шодию фараҳ кушодашавии онро истиқбол намуданд.

Қобили зикр аст, ки сохтмони иншооти обии  мазкур дар асоси муроҷиати аҳли сокинони ҷамоат бо ҷалби саховатмандону соҳибкорон моҳи августи соли ҷорӣ оғоз гардида, ба маблағи 308 657 сомонӣ  ба истифода  дода шудааст. Оби нӯшокӣ дар ин ҷамоат тариқи кандани чоҳи амудӣ аз чуқурии 160 метр ба воситаи  насосҳои махсуси обкашонӣ бароварда шуда, иқтидори дар як соат баровардани 40 метри мукааб обро мебошад. Инчунин трансформатори шидатнокиаш 63КВА ва  50 метр хати барқии 10 кв, 100 метр қубури қутраш 325, 60 метр қубури  қутраш 219, 100 метр қубури қутраш  114 ва дигар таҷҳизотҳои зарурӣ насб карда шудаст, ки барои баровардани об хизмат менамояд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз ҷониби  ширкати маҳаллӣ  анҷом дода шуда, барои саривақт ва дар муҳлати муаяншуда анҷом ёфтани он 5 нафар мутахассис бо ҷои кор таъмин карда шудаанд.

Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта, идомаи татбиқи ташаббусҳои шоёни роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.

Инчунин дар ҷамоати мазкур хатнасури хайриявии 7 кудак аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд. Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода  Мавлуда Сатторӣ ва раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам баҳри болидаруҳии кудакон ба онҳо туҳфахои хотирави аз қабили велосипед ва шириҳо тақдим намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply