Мизи мудаввар ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.

Дар ифтитоҳи мизи мудаввар Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода М.С. ҳозиринро хайрамақдам гуфта, вобаста ба муҳимияти ин рузи таърихӣ,  ҷашн гирифтани “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  рузҳои ид” аз 22 майи соли 2016, санаи 16 ноябр ҳамчун иди “Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” пазируфта шудааст.

Мақсад аз ҷашн гирифтани “Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун ид аз он иборат аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи давлат президентӣ буда, мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби олии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, нақши Президент дар идораи давлат басо бузург аст.

Ҳамчун рӯзи Ид қабул шудани “16 ноябр”  рамзӣ буда, он ба хотири бори аввал аз ҷониби якумин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар асоси Конститутсияи аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гашта интихоб шуда, 16 ноябри соли 1994 савганди садоқат ёд кардааст, бахшида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки маҳз аз ҳамон рӯз сар карда Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гашта ба рушди минбаъдаи бомаром қадам ниҳодааст.

Аз оғози фаъолият дар мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро, ки хавфи пароканда шудан ва аз байн рафтанро дошт баръало эҳсос намуда, дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як шаҳрванди он, фурӯзон намуд.

Қайд карда шуд, ки: -“имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сарвари давлат, ҳамчунин як нафари асосии наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигаранд. Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз Сарвари давлатро гирифтааст, ҷонибдорӣ аз Пешвои миллат ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд.”

Ҳамин тавр, Раиси Суди Олии иқтисодӣ аз фурсати муносиб истифода бурда, ба муносибати “Рӯзи Президент” ҳозирини мизи мудаввар, судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ ва дар умӯм халқи тоҷикро табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо саодатмандиву сарбаландӣ ва барору комёбиҳои беназирро таманно намуд.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар Мудири бахши кардрҳо Шарофзода Далер дар мавзӯи “Шакли идораи Президенти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва котиби марҳилаи якуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонова Раъно дар мавзӯи “Президент кафили ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд” баромад намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply