Баргузор намудани шанбегӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ бо мақсади тозаву озода гардонидани гирду атрофи бинои суд ва назаррабо гардонидани он шанбеги баргузор гадид.

Дар ин шанбеги ки бо ҷалби Роҳбарият, судяҳо ва кормандон гузаронида шуд, гирду атрофи бино ва боғи назди бинои суд аз хазонҳо ва партовҳо тоза карда шуд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади  ободу зебо нигоҳ доштани ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин бо мақсади зебову назаррабо гардонидани назди бинои суд аз руи нақша дар рузҳои шанбе, чунин  шанбегӣ гузаронида мешавад

 


Leave a Reply