Мизи мудаввар ба муносибати ҷашнгирии 25 солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони мақомоти судӣ

25 октябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо, собиқадорони соҳа ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашнгирии 25 солагии Рӯзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони мақомоти судӣ дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими судҳои иқтисодӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш, сухани ифтитоҳиро Раиси Суди Олии иқтисодӣ  муҳтарам Қаландарзода М.С. ҳусни оӯоз бахшида, зикр намуданд, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба  халқи Тоҷикистон муяссар гардид, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати муҳими миллӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намояд.

Мақсади асосии халқ ҳангоми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, муқаддас эълон намудани озодӣ ва ҳуқуқи шахс, эътироф намудани баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ба ҳисоб рафта, дар Констиутсия инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид.

Нақш ва мавқеи Конститутсия дар рушди устувори ҷомеа бузург буда, он ҳамчун заминагузори низоми қонунгузории мамлакат баромад карда, усулҳои калидии ҳаёти ҷомеаро муқаррар ва муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мавриди танзими хос қарор дод.

Дар зарфи 25 соли амали ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ки аз нигоҳи таърихи тӯлони нест, барои эҳтироми арзишҳои пазируфташудаи инсонӣ, ба монанди эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини шароити хуби зиндагӣ барои ҳар шахс фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳо дониста шуд. Ҳолати мазкур гувоҳи он аст, ки маҳз Конститутсия дар Тоҷикистон барои эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошта, механизми ҳамкории  мақомотҳои давлтиро бо ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии корҳои давлатӣ мушаххас муайян намуд.

Маҳз қабули  Конститутсия ба ислоҳоти судӣ дар кишвар замина  гузошта, хокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид ва дар ин замина бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуданд.

Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 қайд карда буданд, ки “воқеан раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ӯайриимкон аст. Чунин ҳолат моро водор менамояд, ки ислоҳотро дар самти такмили сохтор ва рушди минбаъдаи фаъолияти мақомоти судӣ идома бахшем”.

Дар заминаи суханрониҳои мазкур бо мақсади таҳкими минбаъдаи хокимияти судӣ, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардошташ нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар  дар Ҷумҳури Тоҷикистон 4 барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул ва татбиқ гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1242 аз 19 апрели соли 2019 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ карда шуд.

Ҳадаф аз қабули Барномаи мазкур идомаи барномаҳои пешинаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Чорабиниҳое, ки дар Барномаи мазкур пешбинӣ мегардад боз ҳам тақвият бахшидан ба кафолати конститутсионии ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ва дастрасӣ ба адолати судӣ ба шумор меравад, ки онро қисми 3 моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, тибқи он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Аз рӯи муқаррароти Констиутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои вайронгардидаи шахс ба воситаи ҳокимияти судӣ ҳифз карда мешавад ва ин меъёр дар моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои суд ин ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат мебошад.

Аз ҷониби давлат ҳифз гардидани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд яке аз функсияи асосии давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор рафта, давлат бо мақсади иҷро намудани ин вазифаҳо бо қабули санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Аз фурсути муносиб истифода бурда, дар фарҷоми сухан Раиси Суди Олии иқтисодӣ ҳамаи ҳозирин, хусусан собиқадорони соҳаро ба муносибати ҷашнгирии 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии кормандони мақомоти судӣ табрик карда, бар ҳар яки онҳо саломатии бардавом, умри бобаракат, сарсабзӣ ва фатҳи қуллаҳои нави мурод ва барои Тоҷикистони азиз оромиву ободӣ ва ваҳдати миллии ҷовидонӣ орзу намуданд.

Сипас дар ҳамоиш собиқадорони соҳа Абдуллоев Файзулло Абдуллоевич ва Ғоибназар Амирхуҷа, инчунин муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т., раисони судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд дар мавзӯҳои мухталиф баромадҳо карданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply