Маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодӣ таҳти раиси Раиси Пленум, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М. С., бо иштироки муовинон ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ғайр аз ин, дар кори маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳобов Валӣ Манонович иштирок намуданд.

Дар натиҷа, дар маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодӣ масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд

Лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”

Лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба шартномаи маҳсулотсупорӣ” 

Лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба таҷрибаи татбиқи қонунгузорие, ки ситонидани хароҷоти судиро вобаста ба баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ ба танзим медароранд”

Пешниҳоди Раиси Суди Олии  иқтисодии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба зиёд намудани шумораи ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Пешниҳоди Раиси Суди Олии  иқтисодии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани судяҳо»

Пешниҳоди Раиси Суди Олии  иқтисодии Ҷумҳурии  Тоҷикистон « Дар бораи ба ҳайати коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани судяҳо »

Бояд тазаккур дод, ки масъалаҳои дар маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда пурра баррасӣ карда, қарорҳои Пленуми дахлдор қабул гардиданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply