“Забони тоҷикӣ эҳё ва ҳастии миллат” – Ҳусейнзода Фируза, сардори шуъбаи СОИ ҶТ

“Вазифаи мо, махсусан, олимону донишмандон имрӯз аз он иборат аст, ки дар шароити рушди босуръати илму техникаи муосир қудрати забони модариамонро боз ҳам афзун намуда, бо истифода аз сарвати бузурги луғавии забони тоҷикӣ онро ҳамқадами замона гардонем”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Ай бақои ҷисму ҷони мо, забони тоҷикӣ,

Давлату ному нишони мо, забони тоҷикӣ.

Себи ширини Самарқандию қанди порсӣ

Шаҳд дар кому даҳони мо, забони тоҷикӣ.

Қобили зикр аст, ки забони тоҷикӣ дар ҷомеаи мо мақоми хоси худ – мақоми давлатӣ дорад. Аз ҷониби дигар, дар ҷомеаи мо сиёсати давлат дар самти забон оқилона ба роҳ монда шудааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон қабул кардааст, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд. Аз ҳама муҳим, таваҷҷуҳ ва алоқамандии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забон мебошад.   Аз ин рў, бо дили пур метавон гуфт, ки забони давлатӣ ва дигар забонҳо дар ҷомеаи мо пуштибону ғамхори худро доранд. Гузашта аз ин, Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон барҳақ фармудаанд: «Забони модарӣ сарвати бебаҳои миллат ва давлат буда, дар ҳифзи асолати забони нобу шоиронаи тоҷикӣ бояд тамоми аъзои ҷомеа ғамхор ва саҳмгузор бошанд».

Забон дар ҳама давру замон ҳамчун ифшогари розу ниёзи мардум шинохта шудааст. Забони модарии мо дар тамоми давраҳои ҳастиву ташаккули хеш то андозае рисолати худро ҳифз кардааст, ки солҳо хизматҳои ин забонро барои фарзандон ва миллатҳо ҳикоят намоем, кам аст. Орзуи бо ин сарзамин ва забон ошно шуданро файласуфони олам бисёр дар дил парваридаанд. Аз ҷумла, олим ва файласуфи немис Гёте фармудааст, ки «ба хотири бо ин забон ошно шудан, месазад, ки баҳрҳо, биёбонҳо, кӯҳҳоро пушти сар карда, ба ватани онҳо биравӣ». Шоирони рус Пушкин ва Есенин низ аз адабиёти тоҷик илҳом гирифта, шеърҳо эҷод кардаанд. Таърих гувоҳ аст, ки ин забон умри зиёда аз 6000 — сола дошта, новобаста аз тохтутозҳои душманони ин сарзамин боз пеши фарзандон содиқу вафодор мондааст.

Мо дар ин ҷода хизматҳои шоёни модари тоҷикро бояд сарфи назар насозем, ки дар ақлу ҳусн ҳамто надорад. Модари тоҷик фарҳанги волову забони софу беолоиш, пур аз латофату назокатро бо меҳру муҳаббати беҳамто ба фарзандон, наслҳову аслҳои мо тақдим медорад, забоне, ки бо танини худ  мусиқии беҳамтову нотакрорро мемонад, забоне, ки  муаррифи таъриху фарҳанги ниёгонамон дар тамоми умри тӯлонист ва маҳз Модар нахуст ин забонро ба пайвандон  амонат гузошта, арҷу эҳтиром доштанашонро хостааст.  Ин хизматҳои пурфазилату  маърифати модарон имрӯзи моро ба гузаштаи таърихӣ мепайвандад, ҷаҳониёнро бо навиштаҷоти беш аз 6000 – солаамон ошно месозад, ин миллату ин фарҳангро бо ин забон ҷаҳонӣ сохтаву ба ҷаҳониён такрор ба такрор бо далелҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки ӯ, яъне модари тоҷик, фарзандҳои фарзонаву китобдор, ватандӯсту шаҳрсоз, олимони барҷастаро барои ҷаҳониён тавлид кардаву тамаддуни оламро бо ин забон ошно сохтааст.

Ҳамин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешамандона ва дурандешона бо назари нек ба ояндаи мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда, масъалаи рушди маориф, яъне таваҷҷуҳи махсус додан ба таълиму тарбияи насли наврасро яке аз масъалаҳои рӯзмарра иброз доштаанд: «Қобили зикр аст, ки хусусан, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони давлатӣ, суннати арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст. Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд».

 

То забони тоҷикӣ барҷост, тоҷик зинда аст,

То бувад як тоҷике,  лафзи дарӣ поянда аст.

Дар сари гаҳвора гӯяд алла то як модаре,

Лафзи гавҳарбори модар чашмаи зоянда аст.

 

Аз фурсати муносиб истифода бурда ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамаи Шуморо ҳозирини гиромиқадр ва ҳамкасбони азиз аз самими қалб табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, саломативу сарбаландӣ ва хушиҳои рӯзгорро орзумандам.


Leave a Reply