Конфронс дар мавзуи заминистифодабарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими ҳуқуқӣ, мушкилот ва роҳҳои такмили он

Санаи 25 сентябри соли 2019, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистион Мирзозода Парвиз дар толори маҷлисгоҳи Хаят Редженсӣ, дар конфронс дар мавзӯи заминистифодабарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими ҳуқуқӣ, мушкилот ва роҳҳои такмили он иштирок ва маърӯза кард.

Дар конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, гурӯҳи кории байниидоравӣ, намояндагони Ҳукумати вилояти Хатлон, роҳбарони ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пилотӣ, аъзоёни Шӯрои машваратӣ оид ба рушди фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), намояндагони Ассотсиатсияи нархгузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Миллии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Тоҷикистон кишварест, ки ҳаҷми замини барои истифода муносиб хеле кам аст, зеро масоҳати асосии кишварамонро кӯҳсорон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, қадри воқеии ин неъмат хеле баланд аст.

Ҳокимияти судӣ, ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ вазифаи конститутсионӣ – ҳифзи арзишҳои олӣ – ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро амалӣ менамояд ва дар ин радиф баҳсҳое, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд, аз рӯи тобеияташон аз ҷониби судҳои иқтисодй баррасӣ карда мешаванд.

Суди Олии иқтисодӣ дар соли равон таҷрибаи баррасии парвандаҳои иқтисодиро оид ба баҳсҳое, ки аз муносибатҳои замин бармеоянд таҳлил намуд. Тавре аз омӯзиши парвандаҳо бармеояд, асосан хусусияти баҳсҳо мавзӯҳои беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, ҳолатҳои ғайримақсаднок бидуни таъиноташон ҷудо намудани заминҳои кишоварзӣ, самараноку оқилона истифода накардани замин аз ҷониби заминистифодабарандагон, муносибати бепарвоёна аз ҷониби саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбат ба қитъаи замини якумраи меросӣ ва дигар омилҳо боиси ба миён омадани баҳсҳои судӣ гардидаанд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply