“Забони давлати омили ҳастӣ ва бақои миллат”

Санаи 27 сентябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Забони давлати омили ҳастӣ ва бақои миллат” ҳамоиш баргузор гардид

Дар ҳамоиш муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода Зокир, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Маҷлиси тантанавиро  Аминзода Зокир оғоз намуда, қайд карданд, ки Забони тоҷикӣ аз қадимтарину тавонмандатарин  забонҳои ҷаҳон аст, забонест, ки бо он нобиғаҳое чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Хайём, Саъдию Ҳофиз, Берунию Низомӣ, Мавлавию Ҷомӣ, Робияю Зебунисо, Бедилу Соиб, Носири Хусраву  Сайидо, Закариёи Розию Ал-Хоразмӣ, Форобию Имом Тирмизӣ, Ҷурҷонию Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Донишу Айнӣ, Ғафурову Турсунзода суханварӣ кардаанду асарҳои безаволу оламгир офаридаанд ва ба ин васила ба номи ин забон сиккаи абадият задаанд. Ин мӯҷиби ифтихори мо мебошад ва ин ифтихор ҳамзамон моро вомедорад, ки нисбат ба забони бонуфузи хеш ҳамеша таваҷҷӯҳманд бошем ва аз ҷумла, пайваста баҳри аз ҳама гуна олоишу носаҳеҳӣ нигоҳ доштани он ба ҷон бикӯшем.

Ғайр аз ин  иброз доштанд, ки  соли ҷорӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забонӣ давлатӣ” 10 сол мешавад. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ  ва ҳамзамон барои ташаккули пайвастаи забони давлатӣ шароит фароҳам овард.

Қонуни мазкур талаб менамояд, ки аз ҷумла коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат гирад ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд. Маълум мебошад, ки солҳои охир коргузорӣ ва фаъолияти мақомоти судӣ дар Тоҷикистон низ бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Санадҳои судӣ, огоҳиномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои мақомоти судӣ маҳз бо ҳамин забон таҳия мегарданд.

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорй ва муоширату коргузорй дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиёти миллй истифода мешавад, омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст.

Чун забон рукни асосии миллат ва давлат аст, аз ин хотир Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи забон иброз дошта буданд: «Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».

Бо назардошти муҳимияти мавзӯи мазкур дар мизи мудаввар бори дигар паҳлухои мухталифи Қонуни мазкур аз ҷумла ташаккули забони қонунгузорӣ ва проблемаҳои ҷоӣдошта, риояи қонуни забони давлатӣ дар фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар идомаи ҳамоиш баромад ва маърузаи кормандон ва мутаххасисони ҷавон дар мавзуъҳои “Забони тоҷикӣ эҳёи миллат” “Развития законадательство Республики Таджикиста о государственном языке” “Пешвои миллaт ва пешрафти забони тоҷикӣ” “Тожик тили – Она тилим”, “Забон ҳастии миллат”  “The old and morden tajik language” баромад намуда,  доир ба мавзӯҳои зикргардида, таърихи мақоми давлатӣ пайдо намудани забони тоҷикӣ, танзими вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва дигарҳо масаъалаҳои мубрами рӯз ибрози ақида намуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш баҳри болидаруҳии иштирокчиён аз тарафи кормандон саҳнача дар намуди мурофиаи судӣ намоиш дода шуд, ки писанди иштирокчиён гардид.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

 

 


Leave a Reply