Расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши фаъолияти Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Бо мақсади ба иҷро расонидани банди 5-и нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2019   санаи 11-13 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳ корӣ дар ҳайати муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода А.С. судяҳои Суди Олии иқтисодӣ – Ширнзода Э.С., Мирзозода П.Т., Нуриддини Н ва муовини сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳо Самадзода Б.Қ., фаъолияти Суди иқтисодии вилояти Хатлонро бобати риоя намудани қонунтузории мурофиавии иқтисодӣ зимни баррасии парвандаҳои истеҳсолоташон боздошташуда, бебаррасӣ монондашуда, дар муҳлатҳои муқарраршуда, омода намудани санадҳои судӣ ва иҷроиши санадҳои судӣ дар давраи аз 10 сентябри соли 2018 то 11 сентябри соли 2019 мавриди санҷиш қарор дода, ҳамчунин ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди номбурда ёрии амалӣ расонида шуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply