Ҳумоён бод истиқлоли тоҷик – Мирзо БЕГИҶОНЗОДА, мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инсоният ҳамеша баҳри озодиву мустақилият талош варзида, барои расидан ба ин ҳадафҳои оливу созанда иқдомҳои наҷибу манфиатбахшро амалӣ менамояд. Зеро ҳаёти инсониро наметавон бидуни ин арзишҳо тасаввур намуд.

Миллати фарҳангдӯсту озодихоҳи тоҷик низ аз азал пайи дарёфти роҳу воситаҳои беҳтари зиндагӣ ва саҳми арзишманд гузоштан дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ бо фарҳанги оламшумули хеш чун нақш дар санг арзишҳои олии инсониро ҳифз намуда, ба тамаддуни ҷаҳонӣ одобу ахлоқи ҳамидаро чун армуғон ҳадя намудааст.

Тавре маълум аст, истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик рӯйдоди хеле фараҳбахш ва бузург ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардида, ҳамаи онро паси сар намуд. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин рӯйдоди сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангии таърихи навини халқи тоҷик маҳсуб меёбад, ки он ҳамчун рамзи саодати миллат барои давлатсозиву давлатдории миллӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсию иҷтимоии кишвар ва таҳкими худогоҳиву худшиносии ҳар як фарди ҷомеа заминаи воқеӣ гузошт.

Истиқлолияти давлатӣ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва Изҳороти Шӯрои Олӣ аз 9 сентябри соли 1991 “Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” алоқамандии ногусастанӣ дошта, ин ду санади таърихӣ ба истиқлолияти тоҷикон ҳусни сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бахшида, барои рушд ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон фазои мусоиди бунёдкориву созандагиро фароҳам оварданд.

Дастоварди бузургтарини дигари мо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардидааст.

Мо бояд аз Пешвои миллати хеш фахр карда, сиёсати созандаву бунёдкоронаи ин Сарвари оқилу дурандешро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем. Бошад, ки соҳибистиқлолӣ барои ҳар як хонадон ва фарди тоҷик саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳоро насиб гардонад.


Leave a Reply