“Муборак бод истиқлоли тоҷик” – Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ, Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баъди чанд рӯзе мо яке аз ҷашнҳои асоситарину муҳимтарини давлатӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишварамонро ҷашн хоҳем гирифт. Бале, ин ҷашн аз ин хотир аз ҳама асосӣ ва муҳим ба шумор меравад, ки вуҷуди миллат дар рӯи олам ва будани давлате дар харитаи сиёсии ҷаҳон аз истиқлолият сарчашма мегирад ва тамоми дастовардҳояш аз он вобаста мебошад. Маҳз ҳамин истиқлолият аст, ки кишвари мо узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад ва сиёсати дохилию хориҷии худро бо дарназардошти ормонҳо ва манфиатҳои миллии худ амалӣ менамояд.

Миллати озодихоҳу озодипарасти тоҷик, ки ҳамеша сарбаланду сарфароз буд ва ҳеҷ гоҳ асорати миллатҳои дигарро ба худ раво намедид, дар тамоми тӯли таърих барои ба даст овардани истиқлолияти миллию давлатӣ кӯшиш ба харҷ додааст ва ҳамеша ормонҳои раҳоӣ ёфтан аз султаи бегонагонро дар дил парваридааст. Ин мавзӯъ, яъне орзую омоли озодихоҳию озодипарастӣ дар осори бузургони миллатамон низ мавқеи босазоеро касб намудааст. Агар ба асари ҳамосавии Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома”-и безавол назар афканем, хоҳем дарёфт, ки ин бузургвор дар мағз-мағзи ҷони мо, ҳар як ҳуҷайра ва ҳар як бофтаи бадани мо мехоҳад ғояҳои озодипарастӣ ва истиқлолхоҳиро ҷойгиру талқин намояд ва дар ҳеҷ вазъу ҳеҷ ҳолат наметавонад бо ғуломию бардагӣ муросо намояд. Маҳз қаҳрамони асосию марказии ин асари ҷаҳоншумул Рустами Дастон аст, ки барои ҳимояи Ватани худ аз истилои аҷнабиён ҳамеша тайёр аст ва дар лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ ва тохтутози ҷангиёни кишварҳои бегона баҳри ҷоннисорӣ дар ҳифзи Меҳани хеш омодаи набард аст. Борҳо дар ҳолатҳои ҳассос ҷони худро ба хатар гузошта, Ватанро аз бегонагон ҳимоя намудааст.

Ё худ Коваи оҳангар, ки ҳаждаҳ писар дошт ва аз ин теъдод ҳабдаҳ нафарашро барои морони Заҳҳоки хунхор қурбон карданд. Ниҳоят ӯ аз ин бедоду ситам ба шӯр омада, пешдомани оҳангарияшро чун парчам бардошта ба зидди Заҳҳоки ситамгар қиём мекунад ва ба ин васила Ватани худро аз султаи писари Мардоси араб озод месозад ва баъди марги Заҳҳок боз ҳукумат ба дасти намояндагони ориётаборон яъне Фаридун супорида шуд.

Дар тӯли таърих миллати тоҷик зарбаҳои маргбору ҷонконе аз аҷнабиён дидааст, истилои мақдунию арабу муғул, султаи ғазнавиҳову салҷуқиҳо, темуриҳову шайбониҳо ва манғитиҳо  борҳо миллати бофарҳангу озодпарасти моро ба вартаи нобудию бенишонӣ кашидаанд. Вале ин миллати ғаюру далер дар лаҳзаҳои ногувортарин ҳам навмедиро ба худ роҳ надода, баҳри озодӣ ҷадал намудааст ва мисли мурғи самандар аз хокистар бори дигар сар ба фалак кашидааст ва ягон бори вазнине қомати ӯро хам нанамудааст.

Ё худ порчаи шеърии дигареро ба тариқи мисол меорем, ки ин аст:

“Уштур, ки ихтиёраш дар дасти ӯ набошад,

Мебоядаш кашидан боре ба нотавонӣ.”

Яъне агар миллат ҳам истиқлоли сиёсӣ дар дар даст надошта бошаду соҳибихтиёрӣ насибаш нагашта бошад, мисли уштуре, ки зимомаш дар дасти дигарон аст, ночору ноилоҷ маҷбур аст, ки хизмати бегонагонро ба ҷо биёрад.

Таърих гувоҳ аст, ки миллатҳое, ки ба кишвари мо ҳуҷум карда, бо истифода аз ихтилофҳои дохилӣ ба мо ғолиб омадаанд, барои пойдор кардани давлату ҳукумати худ муҳтоҷи қувваи донишу малакаи давлатдории намояндагони миллати мо будаанд. Гарчанде ба ном зимоми давлат дар дасти аҷнабиён қарор дошт, вале дар асл ақлу заковат ва даҳои зотию ирсии миллати мо буд, ки давлатҳои қудратманде пойдору устувор монданд. Инро мо дар мисоли вазирии Ҳакими бузург Абӯалӣ ибни Сино, сулолаи Бармакиён ва дигарон метавонем ҳамчун далели раднашаванда ва бурҳони қотеъ ба хотир биёварем.

Дар охирҳои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар саросари давлати абарқудрати шӯравӣ таҳаввулоте ба вуҷуд омаданд, ки барои ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ аз ҷониби ҷумҳуриҳои миллии тобеи он заминаи мусоид пайдо гардид ва ин шароити бавуҷудомада дар байни қишрҳои дорои афкори пешқадам ҷунбишу ҳаракатҳои озодихоҳонаро ба миён овард, ки кишвари мо низ истисно набуд. Дар байни зиёиёни миллатпарвари тоҷик низ ақидаву ғояҳои истиқлолхоҳӣ буруз намуд.

Аввалин санади ҳуқуқие, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 24 августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дуюм) қабул шудааст. Дар моддаи якуми эъломия таърифи истиқлолияти давлатӣ чунин омадааст: “Истиқлолияти давлатӣ – ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ”. Ин таърифи истиқлолият қадами ҷиддӣ ва боварибахше ба сӯи истиқлолияти комил буд.

Сипас, 9 сентябри 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот дар бораи эълон гардидани истиқлолияти давлатии кишвар қабул гардид, ки он ҳамчун ҳодисаи бузурги таърихӣ арзёбӣ мегардад ва дар қисмати миллати мо гардиши куллиеро ба амал овардааст. Миллати озодманиши тоҷик ин навиди шодиоварро бо камоли фараҳу хушнудӣ пазируфт ва акнун дар шароити мустақилият ба зиндагию заҳмати осоишта оғоз кард.

Вале ин осоиштагӣ дер давом накард. Душманони дохилию хориҷии миллати мо бо такя ба қувваҳои иртиҷоӣ дар кишвари мо оташи ҷанги шаҳрвандиро фурӯзон сохтанд ва хостанд ба ин васила боз бори дигар ба гардани миллати мо завлонаи ғуломӣ бизананд ва онро аз ин неъмати бебаҳо – истиқлолият маҳрум созанд. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки онро гурӯҳҳои манфиатдор ва хадамоти махсуси кишварҳои бегона созмон дода буданд, кишвари тозаистиқлоли моро ба коми худ фурӯ мебурд, беҳтарин фарзандони миллат бо дасти ҳамватанони худ ба қатл мерасиданд, хонаю киштзорҳои зиёд вайрону валангор мегардиданд, Меҳани азизи мо ба як майдони набард табдил ёфта буд. Вале тири душманони миллати мо ба ҳадаф нарасид. Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсозу тақдирсӯз абармарди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми қудрати сиёсиро ба дасти тавонои худ гирифт ва киштии ғарқгаштаистодаи миллатро аз гирдоби маргбори тӯфони ҷанги шаҳрвандӣ берун овард.

Маҳз истеъдоди модарзоду худододи давлатдории ин сарвари муҳтараму муаззами мо буд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба тасвиб расид ва дар кишвари мо фазои осоиштаву оромӣ пойдору устувор гардид.

Аз рӯзҳои аввали барпо шудани сулҳу оштии миллӣ Сарвари хирадманди мо иброз дошт, ки баҳри пойдории истиқлолият анҷом додани  се вазифаи асосӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим мебошад. Дар сурати анҷом напазируфтани яке аз ин ҳадафҳои стратегӣ истиқлолият ноқису номукаммал боқӣ мемонад.

Аз ин рӯ, бо роҳнамоии Пешвои тавонои миллат баҳри дар амал татбиқ гардонидани ин ҳадафҳои стратегӣ қадамҳои устувору боварибахш гузошта шуданд ва ин ҳадафҳо ҳамчун ормонҳои миллӣ арзёбӣ гардиданд.

Дар самти ба даст овардани ҳадафи якуми стратегии миллӣ-истиқлолияти энергетикӣ низ гомҳои бузургу қавӣ бардошта шуданд ва кишвари бо бунёди сохтмонҳои азими нерўгоҳҳои обии барқии Сангтӯда-1, Сангтуда-2, Роғун ва дигар нерўгоҳҳои обии барқӣ ба кишвари содиркунандаи барқ табдил ёфтааст.

Ҳукумаи мамлакат дар тайи солҳои охир бо бунёд ва кушодани шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвасти Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонисон, ҷумҳуриҳои  Узбекистон ва Қирғизистон ба ҳадафи стратегии дуюм ноил гардид.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ яъне дар муддати на чандон тӯлонӣ таҳти роҳбарии хирадмандона ва монданашавандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои азиме ба анҷом расонида шуданд, ки онҳоро метавон ба садсолаҳо қиёс намуд.

Ба тариқи мисол, дар давраи пеш аз истиқлолият намояндагони минтақаҳои гуногуни кишвари мо танҳо дар шаш моҳи кушода будани ағбаҳо ба диёри ҳамсоя сафар карда метавонистанду халос. Зиёда аз шаш моҳи дигар сафар кардан ба минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ ва хусусан вилоятҳои Бадахшону Суғд рафтуомад ғайриимкон буд. Ҳолатҳое мешуд, ки ҳатто одамон ба маросими ҷанозаи наздикону пайвандони худ расида наметавонистанд ва аз маросимҳои тӯю маъракаҳо низ бенасиб буданд. Имрӯз ба шарофати истиқлолият кишвари азизи мо ба як мамлакати пешрафтаи том мубаддал гардидааст ва дар тамоми фаслҳои сол мардум метавонад аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар кунад ва бидуни мамониат молу колои худро интиқол бидиҳад.

Натиҷаи ҳамин суботкорию пофишориҳо аст, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба як кишвари транзитӣ табдил ёфт, дар тамоми фаслҳои сол молҳои зарурӣ ба нуқтаҳои даркорӣ интиқол дода мешаванд ва монеаҳои мавҷуда аз байн бардошта шуданд.

Инчунин Давлат ва Ҳукумат баҳри ҳифзи амияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат тавассути рушди соҳаи кишоварзии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ интихоб намудааст.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлсиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли 2018  бармеояд, ки бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардидааст ва содироти маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодааст.

Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи стратегӣ низ корҳои бузургеро ба анҷом расонидааст.

Инчунин Ҳукумати ҷумҳурӣ вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисоиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустралӣ ба индустралӣ-аграрӣ амалӣ гардонида истодааст, ки бо боварӣ гуфта метавонам, ки бо дастгирии мардуми сарбаланд ва шарифи Тоҷикистон Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҳадафи стратегӣ низ ноил мегардад.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият – ин барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди демократӣ мебошад, ки дар ин самт корҳои назаррас ба иҷро расидаанд. Иброз доштани танҳо як нукта мусаллам аст, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи даврони истиқлолият қабул карда шуд, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дарҷ гардида, аз ҷониби давлат таъмину пуштибонӣ мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари воқеан ҳам ҳуқуқбунёду демократӣ мубаддал гаштааст ва Қонуни асосии он яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил эътироф гардидааст.

Маҳз ба шарофати фазои оромию осоиштагии кишвар аст, ки имрӯз сокинони мамлакат ба заҳмати буёдкорона баҳри ободию рушди Ватани азизамон камар бастаанд.

Ҳамватанони азизро бо Иди Истиқлолияти давлатӣ самимона табрику таҳният мегӯем, ба ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз тани сиҳату хотири ҷамъ ва хонаободиро таманно менамоем.


Leave a Reply