Вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен ва шиносои аз рафти корҳои бунёдкорӣ ободонӣ

Санаи 31 августи соли ҷорӣ дар асоси супориши Роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ҷамшед ба ноҳияи Спитамен сафар намуда бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен вохӯри анҷом доданд.

Дар вохӯри Қаҳҳорзода ҷамшед баромад намуда ба сокинон ва аҳли ҷамомтчигӣ аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият суханрони намуда ҷайд намуд, ки маҳз истиқлолитят шароит фароҳам овард, ки таъмини истиқлолитяти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бумбасти комунникатсионӣ таъмини комили амнияти озуқаворӣ ва инак саноатикунониии босуръат, ки ҳадафҳои стратегии хукумати мамлакат  ба шумор меравад тадриҷан ноил гардид. Инчунин, оид  ба арзишҳои истиқлолияту озодӣ таъкид намуда,  бобати  баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ худогоҳию худшиносӣ садоқат ба  Ватани  азизамон бо аҳолии ҷамоат суханрони карда шуд.

Дар идомаи вохӯрӣ,  омодагӣ ҷамоатро ба таҷлили бо шукуҳи 28-уми –солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷоннок намудани корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва сохтумонӣ даъват намуд.

Дар ин сафар Қаҳорзода Ҷамшед ба якчанд иншоот ва мавзеъҳои сохтмони ташриф оварда аз рафти корҳо дар ин мавзеъҳо шиносои паёдо намуданда баҳри саривақт ва бо сифати баланд ба истифода додани онҳо дастурҳо дода шуд.

Айни замондар ин ноҳияи Спитамен корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бомаром идома дорад ва роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ мунтазам аз рафти корҳо, иҷроиши саривақти ва босифати он огаҳи пайдо менамоянд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply