Истиқлолият ва рушди судҳои иқтисодӣ, дастовардҳо ва нақшаҳо – баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

30 августи соли 2019 дар Суди Олии иқтисодӣ бахшида ба 28-умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Истиқлолият ва рушди судҳои иқтисодӣ, дастовардҳо ва нақшаҳо” баргузор гардид.

Мизи мудавварро Раиси Суди Олии иқтисодӣ  Қаландарзода Мавлуда оғоз намуда қайд намуданд, ки истиқлолият барои тоҷикион рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шуҳрату эътибори Тоҷикистон буда  нишони соҳибихтиёрӣ ва мустақилиятӣ давлат мебошад. Маҳз ин ба мардуми Тоҷикистон имкон дод, ки давлатдории навини худро бунёд намуда ба қатори дигар давлатҳои ҷаҳон дар арсаи байналмилалӣ мавқеъи хоси худро пайдо намояд. Дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушду такомули давлатдории навин, Тоҷикистон пайваста қадамҳои устувори худро гузошта дар 28 соли даврони истиқлолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Дар ин давра бо мақсади таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва рушди иқтисоди миллӣ тадбирҳои зиёд амали гардида, барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар як фарди ҷомеъа барнома ва стратегияҳои мушаххас қабул гардидааст. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила  инфрасохтори саноатию иқтисоди ва иҷтимоию хизматрасонӣ беҳтар шуда сатҳи зиндагии мардум низ ру ба беҳбуди овардааст.

Маҳз истиқлолитят шароит фароҳам овард, ки таъмини истиқлолитяти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бумбасти комунникатсионӣ таъмини комили амнияти озуқаворӣ ва инак саноатикунониии босуръат, ки ҳадафҳои стратегии хукумати мамлакат  ба шумор меравад тадриҷан ноил гардид.

Таъкид карда шуд, ки дар пайомади заҳматҳои беандозаи Пешвои миллат Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии  мамлакат ва ягонагии он мустаҳкам гардида, таъмини сулҳу суботи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалй пазируфта шуд.

Расидан ба истиқлолият  имконият фароҳам овард, то ки заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷомеа таҳким ва қонунгузорӣ такмил дода шуда, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар заминаи сулҳу суботи ҷомеа таъмин гардад. Ба ин васила вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа баланд ва барои инкишофи озодона фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як инсон замина гузошт.

Дар тули солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтисодиётӣ бисёрҷанба ташаккул ёфт, ки дар он ба тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ тавваҷуҳи хоса дода мешавад. Бо назардошти аҳамияти стратегии ин бахш барои тараққияти давлат ва рушду ҳавасмандгардонии ин самт ба таври назаррас содда кардани тартиби бақайдгирии субъектони соҳибкорӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон диққати махсус дода шуд.

Рушди соҳибкорӣ, тиҷорати хурду миёна омили пешрафти иқтисодиёти давлат ва некӯаҳволии халқ маҳсуб меёбад. Яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисодиёт устувори гардиши он мебошад, ки дар навбати худ аз вазъи ҳуқуқ вобастагии калон дорад. Дар ин ҷода аксаран баҳсҳое, ки аз амалисозии фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд, иштирокчиёни муомилот мустақилона бо назардошти манфиатҳои тарафайн дар асоси созиш ё гуфту шунид ҳал мегарданд. Аммо қисмати зиёди баҳсҳо, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои иштиокчиёни онҳо поймол мегарданд дар судхои иқтисодӣ баррасӣ мегарданд, зеро дастраси ба адолат дар рушди тҷорати хурд ва соҳибкорӣ аз он ҷумла ба иқтисодиёт нақши муҳим мебозад. Имрӯз дар мамлакат судҳои иқтисодӣ зодаи истиқлолият ба шумор рафта индикатори асосии иқтисодиёти давлат ба шумор рафта, баҳри ҳимояи манфиатҳои иқтисодии субектҳои хоҷагидорй, инчунин ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қарор гирифта ва манфиатҳои қонунии давлат, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар фаъолияти иқтисодӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими қонуният ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ адолати судиро татбиқ менамоянд.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки богузаронидани ислоҳоти судӣ ва такмил додани қонунгузорӣ мурофиаҳои судӣ ба сатҳи сифатан нав гузашта, муҳлати баррасии парвандаҳо кам гардида, марҳилаҳои судие, ки дар он такрор батакрор парванда баррасӣ мегардид хориҷ карда шуда низоми истеҳсолоти иҷро содда гардонида шуд. Яъне, ҳокимияти судӣ, ки вазифаҳои асосии он дар таъмини ҳифзи хуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат ифодаи бевоситаи худро меёбад, ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.

То ба имрӯз бо мақсади такмил додани низоми судӣ- хуқуқӣ ва баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ чор Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ аз ҷониби Пешвои миллат тасдиқ гардиданд, ки асосан масъалаҳои такмили минбаъдаи сохтори судӣ, таҳкими мустақилият ва масъулияти судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо, рушд ва такмил додани қонунгузории соҳа ва таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии баланд ихтисос мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Сипас аз рӯи барнома 1.      Муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ Комилӣ Ф. дар мавзӯи “Нақши Истиқлолияти давлатй дар таҳкими судҳои иқтисодӣ”, муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Ҷалилзода X.- “Истиқлолияти давлатй ва рушди судхои иқтисодӣ”, судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С. дар мавзӯи “Нақши судҳои иқтисодӣ дар таъмини адолати судӣ”,  мутахассиси пешбар Гулмахмадова М. дар мавзӯи “Таъмини шаффофият дар фаъолияти судҳои иқтисодӣ” ва котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева Маҳина- дар мавзӯи “Рушди қонунгузорӣ дар даврони Истиқлолият”

Дар фарҷом Раиси Суди Олии иқтисодй аз фурсати муносиб истифода бурда, дар арафаи ҷашнгирии ин рӯзи муборак тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон, ҳозирини гиромиқадр, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодиро табрик гуфта, ба хонадони кулли сокинони кишвари маҳбубамон саодату хушбахтӣ ва барои Тоҷикистони азизамон оромиву ободӣ ва Истиқлолияти давлатии ҷовидонй орзу намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply