Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Эраҷ бо медали “Хизмати шоиса” сарфароз гардид

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд, ки дар қатори онҳо судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Эраҷ Сифот бо мукофоти давлатӣ, медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд.

Пас аз нисфирӯзӣ ба ин муносибат дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  роҳбарият, судяҳо ва кормандон ҷамъомад баргузор намуда, Ширинзода Эраҷро, бахшида ба сазовор гардидан ба чунин мукофоти давлатӣ табрик ва муборакбод намуданд.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда қайд намуданд, ки  Ширинзода Эраҷ солҳои тӯлонӣ дар мақомоти судӣ софдилона ва поквиҷдонона  кор ва фаъолият  менамояд. Аз ин рӯ, Ширинзода Эраҷ барои фаъолияти босамар, сатҳи баланди дониши касбӣ, саривақт ва босифат баррасӣ кардани парвандаҳои судӣ, дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, саҳм доштан дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба чунин мукофот сазовор гардиданд.

Инчунин ба судяҳо ва кормандон таъкид гардид, ки чи тавре, ки аз расонаҳои хабари маълум аст ҳоло дар саросари кишварамон корҳои ободкориву созандагӣ  бахшида ба таҷлили 28 – солагии Истиқлолияти давлатӣ босуръат идома доранд.  Ҳамаи ин корҳоро ба инобат гирифта имрӯз роҳбари давлат лозим шумориданд, ки он нафароне, ки бо як самимият ва муҳаббати тоза ба Ватан хизмат мекунанд, қадрдони карда шаванд.

Қаландарзода Мавлуда аз номи Роҳбарият, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодӣ Ширинзода Эраҷро муборакбод намуда, дар фаъолияти касбӣ ҷиҳати  баамалбарории  адолати  судӣ комёбиҳоро орзу намуданд .

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply