Мулоқоти Раиси Суди Олии иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо сокинон ва фаъолони ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен

Субҳи имрӯз, 9-уми августи  соли 2019 дар толори  маҷлисгоҳи ҷамоати  деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен мулоқоти Раиси Суди Олии иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо сокинони ҷамоат  доир гардид.

Дар мулоқоти мазкур  роҳбари дастгоҳи  суд Қаҳҳорзода Ҷ., Муовини раиси ноҳия Саидзода роҳбарони кумитаи замин, архитектураи ноҳия сокинон ва фаъолни ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен ширкат варзиданд.

Мақсад аз вохӯрӣ омодагӣ ба таҷлили бо шукуҳи 28-уми –солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти гуруҳи  кории ҷамоат, инчунин  рафти иҷрои корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен    мебошад.

Раиси  Суди Олии иқтисодӣ  дар  воҳурӣ доир ба муҳимияти ин ҷашни таърихӣ сухан гуфта қайд намуданд, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, маҳз ҳамин неъмати бебаҳо ба бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд асос гузоштааст.

Инчунин, оид  ба арзишҳои истиқлолияту озодӣ сухан  гуфта,  бобати  баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ худогоҳию худшиносӣ садоқат ба  Ватани  азизамон бо аҳолии ҷамоат   суҳбат  оростанд.

Ғайр аз ин, зимни суҳбат  ба сокинони  ҷамоат гуфта шуд, ки  барои таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри обод  намудани деҳаи худ фаъолона кор кунанд.

Сипас,  оид ба фаъолияти гуруҳи кории ҷамоати деҳоти Сарбанд  пурсон шуда, вобаста ба иҷро нагардидани  чорабинии дар  соли 2018 ва   суст будани  корбарӣ бо аҳолӣ, бе масъулиятӣ эрод гирифта шуд.

Ба  аъзоёни гуруҳи корӣ ва масъулини ноҳия  дастур дода шуд, ки аз ҳамин рӯз эътиборан ҳашару  шанбегӣ  ташкил намуда, якҷоя  қабл аз ҳама тоза  намудани роҳу  ҷӯйборҳо, ба тартиб  даровадани  ҳавлиҳои истиқоматӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, ҷамъоварии беталафи ҳосили саҳро,  ба соли хониши нав  омода намудани мактабҳои таҳсилоти умумӣ вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва дастгирии моддии табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар Иди Қурбон чораҳо андешанд.

Дар охир Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода М.С.  иштирокдорони ҷамъомади  мазкурро бо Иди  Қурбон  табрик  намуда инчунин риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро таъқид намуда, сокинонро ба роҳ надодан  ба исрофкорӣ, амалҳои хайру эҳсон, дастгирии беморону ятимон ва оилаҳои камбизоат ҳидоят намуданд.

Баъд аз анҷоми мулоқот  Раиси  Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қадландарзода М.С. бо аъзоёни гуруҳи корӣ аз рафти  сохтмони иншоотҳое, ки дар  ҷамоати деҳоти Сарбанд  дар соли 2019  сохта  баистифода дода мешаванд, дидан  намуданд.


Leave a Reply