Фаро гирифтани кормандони дастгоҳи суд ба семинари такмили ихтисос


Имӯз дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани сертификатҳои такмили ихтисос ба кормандони дастгоҳҳои Суди Конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими супоридани сертификатҳо Муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қодирзода Абдуҷаббор, Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед ва намояндагон аз Маркази таълимӣ судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Семинари мазкур  тибқи Барномаи семинари такмили ихтисос барои кормандони дастгоҳҳои Суди Конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, ки бо Қарори Шӯрои ҳамоҳангсози Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2019 тасдиқ гардидааст, аз санаи 22 то 27 июли соли 2019 баргузор гардид.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва самаранокии семинар устодони ботаҷриба аз Суди кониститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.

Дар семинар устодон дар давоми 6 рӯз аз руи мавзуъҳои Омӯзишӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мазмун, моҳият ва хусусиятҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосҳои сохтори Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Санадҳои суди конститутсионӣ, тартиби қабул ва иҷрои онҳо, Омӯзиши Дастурамалӣ коргузорӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ва тартиби коргузорӣ дар судҳои ҷумҳурӣ, Омӯзишӣ Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои ба замин алоқамандбударо ба танзим медарорад, Омӯзиши Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва дигар мавзуъҳои соҳа машғулият баргузор намуданд.

Баъд аз  анҷоми семинари мазкур аз шунавандагон вобаста ба мавзуҳои семинарӣ санҷиш  гирифта шуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply