Сафари кории роҳбарияти СОИ ҶТ ба ноҳияи Спитамен

Санаи 26 – июли соли 2019 Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дар ҷамоаати деҳоти Хуррамзамини ноҳияи Спитамен бо сокинон ва фаъолони ин ҷамоат вохӯрӣ ва мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари дастгоҳи суди номбурда Қаҳҳорзода Ҷ.  муовини раиси ноҳия Саидзода  инчунин дигар сардорони ниҳодҳои ноҳия ширкат варзиданд.

Қаландарзода Мавлуда ёдрас намуданд, ки тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен бунёди зиёда аз 400 иншооти мухталиф дар назар дошта шудааст. Бунёд ва  таъмиру  азнавсозии  муассисаҳои  томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти  умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо ва дигар иншоотҳо, шинонидани  ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав  аз ҷумлаи  корҳои  ободоние мебошанд, ки  ба истиқболи ин ҷашни  бузургӣ  миллӣ дар ҷамоати деҳоти Хуррамзамин ба нақша гирифта шудааст.

Ба сокинон ва фаъолон  даъват ба амал оварда шуд, ки тамоми  воситаву  имкониятҳои мавҷударо бо мақсади таҷлили бошукуҳи 28 солагии Истиқлолияти давлати равона карда, ҷиҳати анешидани корҳои бунёдкорию созандагӣ   дар он иншоотҳое, ки ба истифода додани онҳо то ҷашни 30 – солагии Итиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст ба роҳ монанд.

Инчунин ишора бар он карда шуд, ки дар роҳи рушду тараққиёти ҷамоати Хуррамзамин  саъю талоши ватандӯстона ва заҳмати фидокоронаи сокинони он беандоза мебошад.

Бинобар ин,  барои анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ дар ҷамоатҳои мазкур аз сокинон, фаъолони ва соҳибкорони дорои имконияти молиявӣ даъват  ба миён оварда шуд.

Сафари корӣ ба ноҳия идома дошта аз натиҷааш маълумоти иловаги ба чоп расонида мешавад.

Маркази матбуоти СОИҶТ


Leave a Reply