Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2019

Бобати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти № АП-1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли 2019, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №26/10-172  аз 9 июли соли 2019 тасдиқ гардидааст, имрӯз нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар хамоиш Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳуқуқӣ – Шоназаров Содиқ Ашурович, намояндагони матбуоти даврӣ ва васоити ахбори оммаи кишвар, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ширкат варзиданд.

Раиси Суди Одии иқтисодӣ Қаландарзода М. нишасти матбуотиро кушода таъкид намуданд, ки роҳандозӣ намудани мулоқот бо воситаҳои ахбори омма ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ ба ҳукми анъана даромада, чунин чорабиниҳо ҷиҳати таъмини  шаффофияти  фаъолияти рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва дастраси ҷомеа гардонидани ахбор доир ба фаъолияти онҳо аҳамияти муҳим дорад. Фароҳамоварии чунин шароит ба воситаҳои ахбори омма ва сокинони кишвар имконият медиҳад, ки дар бораи бурду бохти ҳар як сохтори давлатӣ, аҳолӣ маълумот пайдо намоянд. Амалияи мазкур яке аз намудҳои назорати ҷомеаро доир ба фаъолияти мансабдорону хизматчиёни давлатӣ оид ба таври дахлдор амалӣ гардонидани ваколатҳову иҷрои вазифаҳояшон пешбини намуда, ин омил дар ниҳоят барои самаранокии фаъолияти онҳо мусоидат менамояд.

Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, ба дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 – 100 (172) адад шикоят ворид ва барраси карда шудааст.

Тибқи банди 80-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2011 зикргардида, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ 113 нафар ва раисони судҳои поёнӣ қабули 184 нафар шаҳрвандон, ҷамъ 297 нафар дар рӯзҳои шанбе қабул ва муроҷиатҳо шунида, ҳаллу фасл гардидаанд.

Вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» дар ин давра 7 (2) мавод мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо нисбати 5 адади он ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳо ва муаллифони мақола ҷавоб ирсол гардидааст.

Мусоидат ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо ва ҷорӣ намудани татбиқи дурусту якхелаи қонунгузорӣ самти муҳими фаъолияти суди болоӣ буда, аз ҷониби Суди Олии иқтисодӣ мунтазам сабабҳои бекоршавии қарорҳои судӣ таҳлил ва дар ин замина ба нақшаи машғулияти омӯзишии судяҳо мавзӯъҳои зарурӣ ворид ва судяҳо баҳри таҷрибаомӯзӣ ба суди болоӣ ҷалб карда мешаванд.

Инчунин, охири ҳар моҳ машғулияти семинарӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият, дониши ҳуқуқӣ, одобу муоширати касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо баргузор гардида, камбудиҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта, сабабҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, диққати судяҳо ба риояи дақиқи меъёрҳои қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ, пешгирии хавфҳои коррупсионӣ ва таъмини баррасии саривақтии парвандаҳо ҷалб карда шуданд.

Дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳо дар давраи ҳисоботӣ 9 нафар судяҳои судҳои иқтисодӣ доир ба мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Давраи ҳисоботӣ бо мақсади таҳияи санадҳои судии асосноку қонунӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи дурусту ягонаи судӣ китоби «Намунаи ҳуҷҷатҳои мурофиавии иқтисодӣ», ки аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ омода карда шудааст, ба чоп расида,  барои истифодабарӣ ба  судяҳо ва кормандони дастгоҳ дастрас гардидааст. Инчунин дар ин давра лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодӣ «Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ва дигар лоиҳаҳо марбут ба такмили Қарорҳои Пленум омода ва барои мувофиқа ба мақомотҳои давлатӣ равон карда шуданд.

Ҳамзамон, Дастурамал оид ба тартиби коргузорӣ дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони русӣ  тарҷума гардида, дар сомонаи  суд ҷой дода шудааст. Айни замон, барои дар шакли китоби алоҳида нашр ва дастрас гардонидани он чораҷӯӣ карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо сомонаҳои судҳои иқтисодӣ дар шабакаи интернетӣ фаъолият дошта, ҷиҳати тақвияти сомона дар он тартиби коргузорӣ дар судҳои иқтисодӣ, огоҳонидани  шахсони иштироккунандаи парванда оид ба маҳал ва вақти баррасии парванда, баррасии муроҷиатҳо тариқи почтаи электронӣ ҷойгир ва амалӣ карда мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи суд (www soi.tj) почтаи электронии ҳар як судяи Суди Олии иқтисодӣ  ҷойгир карда шуда, минбаъд шахсони иштирокчии парванда метавонанд бо судя тавассути он корбарӣ намоянд. Маълумот дар ин бора ҳам дар сомона ва ҳам дар тахтаи эълонҳои суд насб гардидааст.

Ахбороту навигариҳо оид ба фаъолияти суд, вохӯрӣ бо аҳолӣ, дигар чорабиниҳо мунтазам дар сомона интишор карда мешаванд, то ки иттилоот оид ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ дастраси омма бошад. Ҷоиз ба қайд аст, ки бо мақсади сари вақт ба ҷомеа расонидани маълумот аз фаъолияти судҳо, таҳкими боварии мардум ба ҳокимияти судӣ ва самтҳои дигари фаъолият Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021 таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»-ро пешбинӣ намуда, айни замон, омӯзиши таҷрибаи қонунгузорӣ дар ин ҷода идома дорад.

Давраи ҳисоботӣ Низомномаи  намунавии дохилии  судҳои иқтисодӣ оид ба тартиби нашр ва навкунии маводи  иттилоотӣ дар сомонаи расмии судҳои иқтисодӣ қабул гардида, сомонаи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз нав  коркард карда шуд.

Ҳамчунин, дар ин давра  як нафар корманди дастгоҳи суд  бо мақсади омӯзиши  таҷрибаи дастрасӣ ба иттилоти фаъолияти судӣ, таъмини шаффофият ва мурофиаҳои ошкорои судӣ, ҳамкории мақомоти  судӣ бо воситаи  ахбори омма ба шаҳри Вилнюси  Ҷумҳурии Литва  дар ҳайати намояндагони сохторҳои давлатӣ сафарбар гардид.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва инчунин таъмини шаффофи баррасии парвандаҳои судӣ дар бинои Суди Олии иқтисодӣ боз ду адад толор – як адад толор барои қабули  шаҳрвандон ва  як адад толори маҷлиси судӣ ташкил ва таъмиру ҷиҳозонида шуда, мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, ки ҷавҳари онро ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил медиҳанд, барқарорсозии адолати судиву иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун вазифаи асосии суд маҳсуб меёбад. Судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати иҷрои ин рисолат муқаррароти Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузориро ба роҳбарӣ гирифта, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳои зеринро ба сомон расонидаанд.

Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили фаъолияти корӣ дар самти ба амалбарории адолати судӣ нишон медиҳад, ки дар давраи ҳисоботӣ ба судҳои иқтисодӣ 1888 (1848) адад аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ва шикояту дархостҳо ворид гардида, аз он 1153 (1070) адад парванда  моҳиятан  бо баровардани санадҳои судӣ (дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ) баррасӣ  карда шудааст. Истеҳсолот доир ба 66 (93) парванда қатъ карда шуда, 73 (70) аризаҳо бебаррасӣ мононда, 2 (4) адад парванда аз рӯи тобеият ирсол карда шудааст. Қабули 7(15) ариза рад ва 317 (253) аризаҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд.

Ҳамин тавр, шумораи умумии парвандаҳои баррасишуда 1660 (1558)-ро ташкил намуда, нисбат ба нимсолаи аввали  соли 2018 – 102 адад зиёд шудаанд.

Доир ба рӯёнидани зарар ва маблағҳое, ки аз муносибатҳои қарзӣ бармеоянд, дар судҳои иқтисодӣ дар давраи ҳисоботӣ талабот нисбат ба 99 461 537  (160 570 095) сомонӣ қонеъ гардида, ба маблағи 1 925 416 (3 542 972) сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст.

Қобили қайд аст, ки таъмини иҷрои санадҳои судӣ нисбати солҳои қаблӣ беҳтар гардида, тибқи маълумоти пешниҳодгардида дар давраи ҳисоботӣ 53 527 182  (5 960 474)  сомонӣ воқеан ҳамчун маблағҳои боҷи давлатӣ ва зарари расонидашуда иҷро карда шудааст.

Дар татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон судҳои иқтисодӣ саҳмгузор буда,  164 (129) парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардидааст. Марбут ба парвандаҳои баррасигардида дар 130 (93) ҳолат вайронкунии қонун ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба вайронкунии қонун оварда расонидааст, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ирсол карда шудааст.

Дар ин давра, 19 (23) ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳо гузаронида шуда, барои бартараф намудани сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳои роҳ додашуда 20 (21) пешниҳод ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст. Натиҷаи ҷамъбастиҳо дар машғулиятҳои семинарии ҳармоҳа мавриди омӯзишу хулосабарориҳо қарор гирифтаанд.

Ҳамзамон, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохӯриву мулоқотҳо бо аҳолӣ 485 (461) маротиба баромадҳо,  77(81) дар матбуот ва 46 (22) маротиба  дар сомонаҳо мақолаҳои илмию оммавӣ ба чоп расонидаанд.

Ғайр аз ин, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 3 мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳои тавассути Телевизиони Тоҷикистон дар барномаи судӣ-ҳуқуқии “Мурофиа” ба намоиш гузошта шудааст, ки ин нишондодҳо хеле кам буда, ба судҳои поёнӣ, ба хусус Судҳои иқтисодии вилояти Суғду Хатлон дастур дода шуд, ки камбудии дар ин самт ҷойдоштаро бартараф намуда, оид ба ташкили намоишномаҳо доир ба мавзӯи “аз толори суд” бо телевизионҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ намояд. Зеро ин таҷриба барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони кишвар мусоидат менамояд.

Дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ вазифадор карда шудааст, ки фаъолияташро боз ҳам тақвият бахшида, камбудиҳои ҷойдоштаро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода,  вобаста ба бартараф намудани онҳо ва ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳо оид ба ҷорӣ намудани омӯзиши мавзӯъҳое, ки барои судяҳо муҳиму ба талаботи рӯз мувофиқ, ба монанди, қонунгузории замин, хоҷагиҳои деҳқонӣ, муносибатҳои қарзӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва дигарҳо рабт доранд, чораандешӣ намояд.

Дар навбати худ, судҳои иқтисодӣ бо дар назар доштани он вазифаҳое, ки аз Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои қонунгузорӣ бармеоянд, бобати ҳарчӣ зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва танҳо дар асоси қонун ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини мустақилияти судяҳо фаъолияти худро тақвият бахшад.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар фарҷоми нишасти матбуотӣ  омодагии судҳои иқтисодиро оид ба ҳамкории доимӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳор намуд.


Leave a Reply