Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Спитамен дар нимсолаи якумии соли 2019

Дар  санаи 12 июли соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якумии соли 2019 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастии рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2019 раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Сущд Дадобойзода Абдумавлон иштирок доштанд.

Ҳамчунин дар маҷлис муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, раисони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, намояндагони муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон ва имомхатибон иштирок намуданд.

Пас аз муайян гардидани регламенти корӣ аз рӯи масъалаи рӯзнома оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2019 муовини Раиси ноҳия Саидзода И. ҳисобот дод.

Сипас сардори Раёсати кишоварзӣ Обидзода М., сардори нозирони андози ноҳия Орипов Ш., ба музокира баромада, оид ба фаъолияти Раёсати кишоварзӣ ва нозироти андози ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2019  ва дар самти камбудиҳо суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар рафти маҷлис аз мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мамадализода Б., мудири бахши кор бо ҷавонон в варзиши ноҳия Муҳаммадӣ М., мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Ашурова Н., сардухтури беморхонаи марказӣ Бекбӯтаев О., роҳбари КАТС-и ноҳия Расулзода И., сардори ИДБЗО-и ноҳия Норалиев Ш. ва 7 раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пурсиш ба амал оварда шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастур дода шуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни баргузории маҷлис аз ҳамаи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони идораву ташкилотҳое, ки дар фаъолияташон камбудӣ ба назар мерасад барои бартараф намудани норасоиҳо вазифадор гаштанд.

Дар кори маҷлис раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ баромад намуда, доир ба  камбудиву норасоиҳои дар фаъолияти соҳаҳои гуногуни ноҳия ҷой дошта, аз ҷумла, иҷро нагардидани нақшаи пардохти андоз, дар масъалаи  истифодаи босамару мақсадноки заминҳо, ҷамъоварии  маҳсулоти кишоварзӣ, вазъи  қарздорӣ аз қувваи барқ, ҳаққи истифодабарии об, фаъолияти гуруҳҳои кории ноҳиявӣ  вобаста  ба  маъалаҳои ободонӣ муҳокимаронӣ карда шуд.


Leave a Reply