Ҷаласаи васеи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи  Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал  баровардани  адолати  судӣ  дар  нимсолаи аввали соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019 баргузор гардид

Дар ҷаласа Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович, Муовинон, судяҳо,  кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, Раисон, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Мутобиқи рӯзноми ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодӣ оид ба  ҷамъбсти фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2019  Раиси Суди Олии иқтисодӣ  муҳтарам Қаландарзода Мавлуда оид ба таҳлили фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2019 маърӯза намуда, сипас ахбороти муовини Раис Комилӣ Файзали оид ба натиҷаи  фаъолияти Коллегияи судӣ ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ шунида шуд. Дар идомаи ҷаласа оид ба натиҷаи фаъолият худ  Раисони суди иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 баромад намуданд.

Баъд аз анҷоми натиҷаи фаъолияти судҳои иҷтисодӣ аъзои Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Кодирзода Абдуҷаббор Лоиҳаи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 ва вазифаҳо барои ноимсолаи дуюми соли 2019 – ро ироа намуданд, ки аз тарафи аъзоёни Раёсати Суди Олии иқтисодӣ якдилона қабул гардид.

Дар анҷоми ҷаласа Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович баромад намуда, натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти судро қаноатбахш арзёби намуданд. Содиқ Ашурович дар баромади худ ба кормандони судҳои иқтисодӣ барои фаъолияти пурсамар ва содиқона изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти ояндаашон бурдбориҳо ва дар ба амал баровардани адолати судӣ ва адолати иҷтимои мувафақиятҳо таманно намуданд.

Ахбороти натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисоди дар солӣ 2018 иловатан интишор мегардад


Leave a Reply