Ваҳдати миллӣ – падидаи нодиру эҳёгари миллат – Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Қутбиддин

Дар бораи Ваҳдати миллӣ бисёрҳо навиштаанду онро бо шеваҳои гуногун васф намудаанд. Вале ин ҷашн, ки нодиртарин падидаи эҳёгари миллати тоҷик мебошад, бо гузашти замон торафт шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо менамояд ва рӯз то рӯз ба таври ҷолибтар дар назари ҷаҳониён ҷилва мекунад. Имрӯзҳо, ки мо дар арафаи ин ҳодисаи тақдирсози миллат қарор дорем, камина низ мехоҳам чанд ақидаи худро вобаста ба ин воқеаи таърихии асри ХХ1 миллатамон иброз намоям.

Таърих бисёр ҳодисаҳоро ёд дорад, ки миллатҳои гуногуне дар натиҷаи  ихтилофу задухӯрдҳои дохилӣ ва адами таҳаммулгароиву хиради оштипазирӣ ба арсаи нестӣ рафтаанд ё ба таври абадӣ истиқлолияти миллии худро аз даст дода, зери асорати аҷнабиён ҷарор гирифтаанд, ки ин масъала мавзӯи баҳсу таҳқиқи алоҳида мебошад.

То ҳанӯз паҳлуҳои гуногуни нудрати истиқрори сулҳи тоҷикон ба таври пурра мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор нагирифтааст ва то имрӯз касе ба саволи он, ки оё барқарории оштии миллии миёни тоҷикон амри тасодуф буд ё зарурату қонунияти таърихӣ, ҷавоби мутмаине бо бурҳони қотеъ пешкаш нанамудааст.

Аммо бояд иқрор шуд, ки ҳодисаи барқарории сулҳи тоҷикон як падидаи нодиртарини таърихӣ маҳсуб мешавад, ки шояд дар оянда дар китобҳои дарсии соҳаи дипломатия ҳамчун далели ҷолиби дараҷаи баланди сулҳгароӣ барои толибилмони миллатҳои мухталифи олам мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Бояд изҳор дошт, ки масъалаи истиқрори сулҳу оштии миллии тоҷикон, пеш аз ҳама, дар замири қалби абармарди майдони сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайдо ва парвариш ёфта, сипас он мисли донаи умеде рушду нумӯъ карда, ба як дарахти бузурги сермаҳсул табдил ёфт. Имрӯз, ки мо ба он ҳодисаву воқеаҳо аз иртифои гузашти солҳо менигарем, ба назар чунин мерасад, ки чӣ гуна чунин як амри мушкилписанду нодири даврон арзи ҳастӣ намуд? Ва танҳо тасаввур намудани он, ки дар он давраи ҳассосу нобасомон тасмим гирифтан барои сулҳу оштӣ чӣ гуна ҷасорату ҷавонмардӣ ва нерӯи созандагиро тақозо менамояд, касро ба ҳайрат меорад. Танҳо ва танҳо шахси дорои нерӯи худододи созандагӣ ва ҷасорати фитрии офарандагӣ, инчунин молики суботкорию созмондиҳандагии миллатдӯстонаю ватанпарастона метавонист ин амри ғайриимконро амалӣ намояд. Ва ин шахс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ҳаст ва мебошад. Зеро дар он солҳои даҳшатбор бисёр давлатҳои дуру наздике буданд, ки намехостанд дар кишвари мо сулҳу оромӣ барқарор шавад ва бо идома ёфтани низои миллӣ мехостанд ҳадафҳои нопоки худро пиёда созанд ва ба ин васила манфиатҳои геополитикии худро ба даст оранд.

Зиёда аз он дар дохили кишвар ҳам қувваҳои иртиҷоие арзи вуҷуд карда буданд, ки истиқрори сулҳу оштӣ ба манфиатҳои онҳо созгор набуд. Ин қувваҳо низ ҳарчӣ бештар идома ёфтани низоро барои худ айни муддао мешумориданд, то ки ҳар чӣ зиёдтар боигароиҳои моддиро ба даст биёранд.

Дар чунин вазъияти буғранҷу нобасомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи матину оҳанин ва нерӯи созандагию офарандагии худ тасмим гирифт, ки дар кишвари азияткашидаи тоҷикон сулҳро пойдор месозад ва ба таври кӯтоҳ иброз дошт: “Ман ба шумо сулҳ меорам” ва “То он замоне, ки як тоҷик берун аз Ватан гуреза аст, ман ором буда наметавонам”.

Ана аз ин ду ибора сулҳи тоҷикон маншаи қавӣ гирифта, ин донаи умед, ки дар замири қалби доҳии миллат рушд намуд, ба як дарахти борвар мубаддал гардид, ки имрӯз мо аз меваҳои шаккарини он бархурдор гаштаем.

Воқеан ҳам барои муваффақ гардидан ба ин ҳадафи бузурги умумимиллӣ амалӣ намудани чандин амали стратегӣ ҳатмӣ ва зарур буд, ки  масъалаи таъсиси комиссияи оштии миллӣ, баргардондани гурезаҳо ва ҷобаҷокунии онҳо дар ҷойҳои зисташон, бо кор таъмин намудани роҳбарияти мухолифин, халъи силоҳ, аз байн бурдани истифодаи баъзе калимаҳо аз истифодаи умум – “юрчик”, “вовчик” (ин калимаҳо то он дараҷа зеҳни мардуми моро мехарошиданд, ки бо муҷарради истифодаи онҳо ба захми дилҳо намак пошида мешуд ва ин калимаҳо аз ҷониби гурӯҳҳои маълум барои тафриқаандозӣ истифода мегардиданд), мутақоид намудани командирони саҳроӣ баҳри барқарории сулҳ ва дигар мушкилоти мавҷудаи ҷомеа умдатарини ин масоил ба шумор мерафтанд.

Ҳамаи он вазифаҳое, ки дар боло номбар шуданд ҳалли зуду билофосиларо тақозо менамуданд, ки иҷрои ҳар яке аз онҳо барои ноил гардидан ба ҳадафи стратегии пойдору устувор намудани сулҳу оштии миллӣ марҳалаи муайяне ба шумор мерафтанд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо василаи асосию муҳимтарин оғози гуфтушунид бо намояндагони воломақоми мухолифин ба шумор мерафт. Зеро ба гуфтаи Хоҷа Ҳофиз:

“Мо ба он мақсади олӣ натавонем расид,

Ҳам магар лутфи шумо пеш ниҳад гоме чанд”.

Яъне қабл аз ҳама зарур буд, ки тавассути миёнаравҳое, ки барои истиқрори сулҳи тоҷикон манфиатдор буданд, бо роҳбарони мухолифин тамос гирифта, дараҷа ба дараҷа барои муваффақ гардидан ба сулҳу оромишдар кишвар гомҳои ҷиддӣ бардоштан зарур буд. Инчунин барои доир намудани гуфтушунид зарурати интихоби шахсони варзидаю озмоишдида, ки манфиатҳои миллӣ барояшон аз ҳама боло буданд, ба миён омад.

Дар ин самт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди андешаю таҳлилҳои зиёд абармардони миллат Достиев Абдумаҷид, Назаров Талбак, Қоимдодов ва дигаронро интихоб намуданд, ки дар ҳақиқат ҳам интихоби дуруст буд.

Сипас гуфтушунидҳои тӯлонӣ оғоз гардиданд, ки ҳар яке аз онҳо қадами бузурге барои наздик шудан ба он мақсади олӣ – сулҳи сартосарӣ ба шумор мерафт.

Қобили ёдоварист, ки яке аз намояндагони наздики роҳбарияти мухолифини тоҷик дар яке аз вохӯриҳо лаҳзаи вохӯрии аввалини ҳайати ҳукуматӣ ва намояндагони мухолифиниро дар пойтахти Ҷумҳурии Афғонистон шаҳри Кобул чунин нақл кард.

Вақти мулоқот таин шуда буд ва ҳама интизори саршавии вохӯрӣ буданд. Ҳар ду ҳайат расо дар вақти муқарраргардида ба толор ворид гардида, дар муқобили якдигар қарор гирифтанд. Ҳама атроф хомӯшӣ. Ба иборае “пашша пар намезад”. Ҳамаро ҳаяҷони шадид фаро гирифта буд. Миёнаравон, ки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор буданд, риояи қатъии протоколро тақозо доштанд. Ростӣ, ки дар ҳамон лаҳзаи аввал, агар муболиға нашавад, ҳама гӯё ки “шах” шуда буданд.

Ниҳоят Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хомӯширо вайрон карда, ба ҳамроҳонаш муроҷиат кард:

– Рафиқон, чаро истодаед, равед, бобои муллоро зиёрат кунеду бо бародарони тоҷикатон оғӯш кашида салом кунед.

Ҳама, гӯё ки маътали ишорат буданд, дар як лаҳза талаботи протоколу монеагарии миёнаравон фаромӯш шуданду намояндагони ҳукуматӣ бо ҳайати мухолифин вохӯрдӣ карданд.

Баъди ин лаҳза Роҳбари мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ низ ба ҳамроҳонаш муроҷиат карда гуфт:

– Бародарон, рафта, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонро зиёрат кунед, он кас президенти тамоми тоҷикон мебошанд.

Дар як они воҳид тамоми ҳайати мухолифин ба назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омада, ӯро зиёрат карданд. Ин лаҳза лаҳзае буд ниҳоят ҳассос, ниҳоят тақдирсоз ва умеди тамоми тоҷикони ба он вобаста буд. Худи ҳамин як лаҳза дар дили ҳамаи тоҷикони ҷаҳон итминони қавиро ба вуҷуд овард, ки ин абармарди миллат метавонад бо дасти тавонои хеш киштии ғарқшудаистодаи миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ бираҳонад.

Баъди гуфтушунидҳои зиёду чорасозиҳои фаровон ниҳоят он рӯзи фаромӯшнашаванда – Рӯзи имзои санади тақдирсози Сулҳу истиқрори миллӣ дар шаҳри Москва фаро расид, ки дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гаштанд.

Имрӯз, ки мо тоҷикон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебарем, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем, сулҳу оштии миллиро ҳамчун гавҳараки чашми худ ҳифз намоем. Ин лаҳза, ки дар Тоҷикистони азизи мо се ҳадафи асосии стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳалли мушкилоти озуқаворӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи бо сарбаландӣ ба анҷом расонидаему дар марҳалаи чоруми он – сохтмони мамлакати худкифои индустриявию саноатӣ қарор дорем, бояд ҳама чун як тан барои ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол кӯшиш ба харҷ диҳем ва Тоҷикистони ободу гулгулшукуфонро барои наслҳои оянда бино созем.

Ин ҷо бисёр ҳам бамаврид аст, ки барои тасдиқи суханҳои худ шеъри шоирро бо номи “Доҳии сулҳофарин” пешкаши хонандагони гиромӣ гардонам, ки ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст:

 

Номи некат монда дар таърихи гетӣ ҷовидон,

Аз тафохур сар фарозад миллатат бар осмон.

Меҳри ту бигрифта маъво дар дили пиру ҷавон,

Заҳматат шоистаи сад қиссаву сад достон.

Пешвою садри миллат, доҳии сулҳофарин,

Раҳнамои сулҳу ваҳдат дар ҳама рӯи замин.

 

Парчами миллат ба авҷи осмон афроштӣ,

Обрӯи давлати худ дар ҷаҳон бардоштӣ.

Дар замири қалби мо тухми муҳаббат коштӣ,

Бар Ватан овардаӣ имрӯз сулҳу оштӣ.

Пешвою садри миллат, доҳии сулҳофарин,

Раҳнамои сулҳу ваҳдат дар ҳама рӯи замин.

 

Дар раҳи сулҳофаринӣ синаро кардӣ сипар,

Миллати паркандаро бахшидӣ аз нав болу пар.

Душманонро дӯст кардӣ, дӯстонро-дӯсттар,

Бо садоқат гӯямат зебандаӣ бар тоҷу фар.

Пешвою садри миллат, доҳии сулҳофарин,

Раҳнамои сулҳу ваҳдат дар ҳама рӯи замин.

 

Аз адолат кардаӣ имрӯз кохе устувор,

Дар саховат номи ту монад ба олам ёдгор.

Мамлакат аз ҳимматат ҳар лаҳза дар авҷу барор,

Ҳар каломатро намоем аз барои худ шиор.

Пешвою садри миллат, доҳии сулҳофарин,

Раҳнамои сулҳу ваҳдат дар ҳама рӯи замин.

 

То абад моро ба сар дасти тавонои ту бод,

Равшанибахши раҳи мо чашми бинои ту бод.

Пурнишоту бозафар имрӯзу фардои ту бод,

Аз шароби меҳри мо лабрез минои ту бод.

Пешвою садри миллат, доҳии сулҳофарин,

Раҳнамои сулҳу ваҳдат дар ҳама рӯи замин.

 

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Қутбиддин, ш. Душанбе, 25 июни соли 2019.


Leave a Reply