Табрикоти академик, Тоҳиров Фозил Тоҳирович аз ҷониби Роҳбарияти СОИ ҶТ

Санаи 21 июни соли ҷорӣ академик, узви доимии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи Милии Тоҷикистон, собиқ Ректори Донишгоҳи Милии Тоҷикистон, Тоҳиров Фозил Тоҳировичро ба сини 80 солагии расиданд.

Ба ин муносибат Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комили Файзалӣ ва Роҳбари Дастгоҳи СОИ ҶТ Қаҳҳорзода Ҷамшед, муаллими гиромиро ба муносибати 80 солагии ҷашни мавлудашон аз номи Роҳбарият, судяҳо ва кормандони  судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуданд.

Матни табрикотии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муҳтарам Тоҳиров Фозил Тоҳирович,

Бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати 80 солагии ҷашни мавлудатон самимона муборакбод намуда, бароятон тани сиҳату умри бардавом, рӯзгори осудаву хушиҳои зиндагиро таманно  менамоем.

Имрӯз аз он сарфарозем, ки бо баракати истиқлолият ва шарофату сиёсати хирадмандонаи Пешвои музаззами миллат, соҳаи илм ба пешравиҳои беназир ноил гардида, дар ин ҷода Шумо устоди гиромӣ ҳамчун шахси хирадманду поквиҷдон дар тӯли фаъолияти босамаратон бобати пешрафти соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ саҳми назаррас гузошта, дар ин давра шогирдони зиёдеро тарбия намудед.

Мо шогирдон  ифтихормандем, ки сидқу вафо, садоқатмандӣ ба ватани маҳбуб,  ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастиву ҳуввияти миллиро дар пайравии Шумо пеша намуда, дар соҳаҳои гуногуни Тоҷикистони азиз сарбаландона фаъолият мекунем.

Бо нияту орзуҳои нек бори дигар устоди азиз, Шуморо бо ин рӯзи фирӯз аз самими қалб табрик намуда, бароятон саодатмандии абадиро орзу менамоем.

 


Leave a Reply