Ваҳдати миллӣ поягузорӣ давлату миллат – Асрорзода З, сардори Раёсати СОИ ҶТ

Ваҳдати миллӣ поягузорӣ давлату миллат

Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини мамлакати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фард, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими Ваҳдати миллиро рисолати  шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дошта, ба халалдор кардани он ҳаргиз роҳ надиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

 Дар солҳои 90– уми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҳазор солаҳо аз нав эҳё  гардида, ба мустақилияти  худ соҳиб шуд.  Вале сад афсӯс, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар мамалкат ҷараёни азнавсозӣ ва рушду инкишофи давлатдории нав, таъмини амнияту осоиши ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба мушкилиҳои ниҳоят вазнин дучор гардид.

Рушду нумӯи истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Дар он замон шаҳрвандони кишвар гурӯҳу ҳаракатҳои сиёсии худро ташкил намуда буданд ва ҳар яке аз онҳо мехост, ки  кишварро ба хости худ тақсим кунад ва аз он манфиат гирад ва ҳамин тавр, ба “хоҷагони хориҷӣ” – и худ хидмат мекарданд. Алалхусус, аз ин корҳо ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ бисёр манфиат меҷустанд ва ба онҳо давраи нави амалӣ кардани ҳадафҳо фаро омада буд. Он ҳама ҳизб, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳо дар назди худ ҳадафҳои мушахасси худро гузошта мехостанд, кишварро ду пора кунанд.

Пас аз қабули Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт. Ҳол он ки кишвари маҳбуби мо Тоҷикистони азиз қадамҳои  аввалини худро дар роҳи соҳибистиқлолӣ гузошта буд. Ин кирдори баъзе аз нохалафони берунаву дохила буд, ки кишвари биҳиштосои мо Тоҷикистон бисёре аз дастовардҳои беназири худро аз даст дод. Ин ҷанг бар кишвари мо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва дигар соҳаҳо зарарҳои хеле назаррас расонид.  Махсусан, ба кишвари мо дар соҳаи иқтисодӣ зарари калон расидааст, ки иқтисоди кишварамон бо сабаби ин ҷангҳо солҳо ақиб монд. Дар Тоҷикистон натанҳо аз дохил манфиат меҷустанд, балки баъзе аз кишварҳои дигар низ аз барпо шудани ин ҷанг манфиатхоҳ буданд.

Хушбахтона, ин кирдори пасипардагии онҳоро баъзе аз гурӯҳҳои солимфикри кишвари азизамон огаҳӣ ёфта, аз пайи пешгирии ин фоҷиаи нохуш  шуданд. Дар чунин як шароити ниҳоят вазнин барои халқи тоҷик як шахси далеру шуҷоъ лозим буд, ки то чунин фоҷиаи мудҳишро бартараф ва мардуми парешони тоҷикро муттаҳид созад.

Дар ҳамин шароити ниҳоят вазнин дар Иҷлосияи тақдирсози  16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 197 вакили Шӯро раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардида, масъулияти роҳбарии давлат ва ҳаёти ояндаи кишварамон ба зиммаи роҳбари нави ҷавон вогузор гардид, ки ин қадами нахустини мамлакат барои таъмини сулҳу субот дар кишвар буд. Савганди нахустни роҳбари ҷавони кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум як руҳияи наву умедбахш дар оғози обод ва бунёд кардани кишварамон буд. Роҳбари ҷавон дар он вазъи сиёсӣ кори худро аз сарҷамъ намудани тамоми гурӯҳҳои солимфикр шуруъ карда ваъда доданд, ки барои халқи Тоҷикистон сулҳ меорам. Дар он вазъияти ниҳоят вазнин Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамуд, ки танҳо якдигарфаҳмӣ ва боварӣ ба ҳамдигар метавонад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар масири сулҳу ваҳдат раҳнамун созад ва дар ҳоли буҳрони сиёсӣ ва иқтисодии кишвар нақши ҳалкунанда бозад.

Фарзанди маҳбуби кишварамон, роҳбари хирадманду ҷавон Эмомалӣ Раҳмон тамоми донишу маҳорати худро барои ҳимоя ва ҳифзи давлати худ равона карданд.

Баҳри ба даст омадани сулҳ , пешгирии роҳҳои хунрезии мардуми осоишта 24 вохурӣ, 8  давраи гуфтушунид баргузор гардид, ки давраи якуми гуфтушунид аз 5  то 19 – уми апрели соли 1994  дар шаҳри Маскав дар зери роҳбарии намояндагии котиби кулли Созмони Миллали  Муттаҳид Ромиро Порис – Баллон баргузор гардид.

Давраҳои дигари музокиротҳо дар шаҳрҳои: Кобул, Алма-Ато, Теҳрон, Хосдеҳ (Афғонистон), Маскав, Машҳад ва Бишкек баргузор гардиданд. Гуфтушунидҳои сулҳ байни тоҷикон бо гурӯҳҳои мухолиф таҳти роҳбарӣ ва дастгирии Созмони Миллали Муттаҳид дар давлатҳои кафолатдор Россия, Эрон, Қазоқистон, Покистон ва Туркманистон барпо шуданд.  Дар ба даст омадани сулҳи тоҷикон маҳз саҳми ҳамин кишварҳо низ назаррас мебошад.

Моҳи марти соли 1996 дар шаҳри Душанбе яке аз ҳуҷҷатҳои сиёсӣ, ки баҳри сулҳ, ваҳдат ва таҳкими истиқлоли Тоҷикистон ба имзо расид. Аҳдномаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, раисони палатаи парламенти кишвар (МО) ва роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятиву динӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии маданию миллӣ имзо намуданд (32). Мақсади Аҳдномаи мазкур ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, бунёди иттиҳоди иҷтимоиву сиёсӣ ва миллии тамоми бошандагони Тоҷикистон, ҷомеаи кушод, озод ва гуногунандешӣ ташкил медод.

Дар рафти парешонӣ ва хатарнок будани гуфтушунидҳои байни тоҷикон бо кӯшишу заҳматҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27– уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” имзо шуд. Он санади рамзи ваҳдату ҳамбастагии кулли мардуми тоҷик буда,  ба халқи Тоҷикистон сулҳу осоиш ва озодиву тинҷиро ато намуд. Дар радифи “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Санади ҳамдигарбахшӣ” соли 1997, Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон “ Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовиматҳои сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 1997 , қонунҳо дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллиии вакилони халқ, тағйиротҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин, дигар санадҳои муҳиме, ки ба манфиати давлату ҷомеа буд, имзо ва ба тасвиб расиданд.

То ба чунин рӯзҳои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидан дар кишвари мо тибқи баъзе маълумотҳо дар ин ҷанги дохилӣ,  дар маҷмӯъ 1880 рӯз муноқишаҳо идома ёфта, 150 ҳазор нафар қурбонӣ шуда, тахминан 1 млн гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарар диданд, 25 ҳазор зан бева ва 60 ҳазор кӯдак ятим монд, 40 ҳазор биноҳои истиқоматӣ харобу валангор гардида, зиёда аз 60 муассисаҳои тиббӣ аз кор монданд, ки зарари иқтисодии расида, тахминан ба маблағи 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Имзо гардидни санади сулҳи тоҷикон аҳмияти байналмилалӣ дошта, пеш аз ҳама, барои Ваҳдати миллӣ ва ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани Осиёи Марказӣ таъсири мусбат расонид. Ҳамдигарфаҳмиву Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки сатҳи зиндагии мардум баланд бардошта шуда, равнақи Тоҷикистони соҳибистиқлол пурра таъмин гардад.

Бояд тазаккур дод, ки барои ба чунин рӯзҳо расидан қариб чор сол, роҳбари азизи кишварамон ҷонбозиҳо карда, ниҳоят ба мақсаду маром ва он ваъдаҳое, ки ба мардум дода буданд, расиданд. Мо халқи тоҷик набояд фаромӯш кунем, ки дар он вазъияти ниҳоят душвори ҳаётамон бевосита Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти азизи кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ хизматҳову талошҳое карда буданд ва ҳамеша дар он рӯзҳои вазнин дастгиру ҳамдарди мо буданд. Он кору он хизматҳое, ки Пешвои муаззами миллат барои дастоварди ваҳдат карданд, дар таърих нақши густурда дорад. Дар он вазъиятҳои душвор на ҳар шахс ба монанди Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва давлати худ поквиҷдонона ва содиқона хизмату талош менамуд. Бояд мо мардуми шарафманди тоҷик шукрона кунем, ки чунин роҳбар ва чунин як Ваҳдати миллӣ дорем. Шукр кунем, ки ин гуна дар амнияту оромӣ ва дар болини худ осоишта сар мемонем.

Ёдовар бояд шуд, ки он ҳама хизмату талошҳои дар он замон кардаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик низ аз назар дур набуда, то расидан ба ин рӯзҳои осоишта ва Ваҳдати миллӣ,  дар чунин китобҳо дарҷ гардидаанд: “Достони Ваҳдати миллат”, “Бунёдкор”, “Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо”“Ваҳдат, Давлат, Президент” “Ваҳдати миллӣ” , “Қаҳрамони Ваҳдат” , “Меъмори Ваҳдат” , “Сулҳ, Ризоят, Ваҳдат” , “Пешвои сулҳофарини миллат, “Ваҳдат ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ ва фарҳангсолории миллати тоҷик, “Ҷонфишонӣ дар роҳи сулҳу Ваҳдат”,  “Ваҳдат кафолати ҳастии миллат”“Ваҳдатовар”, “Наҷотбахши миллат”, “Баёзи Ваҳдат” , ки барои баланд бардоштани ифтихори миллии ҳар як шаҳрванд мутоилаи онҳо хеле зарур ва саривақтӣ аст.

Дар охир аз фурсати муноисб истифда бурда, тамоми халқи Тоҷикистонро ба муносибати ҷашнгирии 22 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз самими қабл табрик намуда, ба ҳар як фарди Тоҷикистони ва тоҷикони ҷаҳон умри дарози бобаракат, саодатмандиву сарбаландӣ ва барору комёбиҳои беназирро орзу менамоям.


Leave a Reply