Эҳтиром ва таҳкими Ваҳдати миллӣ рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ – баргузории мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 22 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Имрӯз, 21 июни соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қодирзода А.С., судяҳо  ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ,  судяҳо ва кормандони дастгоҳи Судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 22 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар мавзӯи “Эҳтиром ва таҳкими Ваҳдати миллӣ рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ” мизи мудаввар доир гардид.

Мизи мудавварро Муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ  муҳтарам Қодирзода А. С., оғоз намуда қайд карданд, ки субот ва осоиштагӣ аз бузургтарин комёбиҳои Ваҳдати миллӣ мебошанд, ки маҳз онҳо кафолати фаъолияти озоду осударо ба мо додаанд. Шинохту эътирофи миллат ва бақову устувории давлати мо маҳз аз баракати Ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар он вазъияти ҳассосу мушкил, ки ба сари мардуми тоҷик омад, инсоне сари қудрат омад, ки бо иродаву матонати пулодин ба миллату сарзамини тоҷик сулҳу ваҳдат, шодиву сурур осоиши рӯзгорро овард.

Бешак дар пояи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ шахсияте барои бунёди Ваҳдати миллӣ ҷонфидоӣ накардааст. Ва имрӯз ҳам дар мустаҳкамии ваҳдат ва якпорчагии миллат ин шахсияи беназир беш аз пеш саҳим аст. Имзо гардидани санади сулҳи тоҷикон аҳмияти байналмилалӣ дошта, пеш аз ҳама, барои Ваҳдати миллӣ ва ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани Осиёи Марказӣ таъсири мусбат расонид. Ҳамдигарфаҳмиву Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки сатҳи зиндагии мардум баланд бардошта шуда, рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол пурра таъмин гардад.

Муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми халқи Тоҷикистонро ба муносибати ҷашнгирии 22 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз самими қабл табрик намуда, ба ҳар як фарди Тоҷикистони ва тоҷикони ҷаҳон умри дарози бобаракат, саодатмандиву сарбаландӣ ва барору комёбиҳои беназирро орзу намуданд.

Ҳамчунин ба муносибати солҳои 2019-2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯи «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» суханронӣ кардаҚодирзода А.С. зикр намуданд, ки бо мақсади амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва эҳёгардониву рушд бахшидани ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин, бо Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон №1170 аз 2 январи соли 2019 солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.

Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар пайгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкориро идома дода, тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида корҳои ободонӣ ва созандагиро амалӣ намуда истодаанд, ки дар натиҷаи нимсолаи якуми соли 2019 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як қатор иншоотҳои хизматрасонию маъмурӣ сохта ба истифодаи сокинони ин ноҳия қарор дода шуданд. Корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар деҳот, минбаъд низ идома карда, баҳри ободӣ ва гулгулшукуфоии ватани азизамон саҳми худро мегузорем.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар Судяи Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода П.Т. дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ ва ҳокимияти судӣ”, сардори раёсати судҳои Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода Зуҳуриддин дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ поягузорӣ давлату миллат”, Судяи Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мансур ва Судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Давлатзода Т. доир ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Судяи Суди Олии иқтисодӣ Азизӣ Ҷ.  доир ба тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи таъбизи нажодӣ барои солҳои 2018-2020,  Судяи Суди Олии иқтисодӣ Наимзода Б. дар бораи терроризм ҳамчун проблемаи глобалии ҷаҳони имрӯза, раиси Суди иқисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф. дар бораи Муқовимат бо экстремизм (ифротгароӣ) дар ҷаҳони муосир,  ки мавзӯҳои мазкур бевосита ба сулҳу ваҳдат, таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар ҳаммаъноянд, баромадҳо намуда, иштирокчиёни  мизи мудаввар доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply