Омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Литва ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши иттилотӣ байни шохаи ҳокимияти судӣ, ВАО ва ҷамъият

Санаи 27 то 31 майи соли 2019 дар Ҷумҳурии Литва сафари омӯзиши барои намояндагони мақомоти судӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҷиҳати мубодилаи таҷриба дар мавзӯи таъмини шаффофият ва мурофиаҳои кушоди судӣ, ҳамкории мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма оид ба баланд бардоштани сатҳи иттилооти ҳуқуқии ҷамъиятӣ, баргузор гардид.

Дар ин сафар аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Далер – мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи корӣ, аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардид.

Мақсади  сафар ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши иттилотӣ байни судҳо ва ВАО ва ҷамъият ба роҳ монда шуда буд. Гуруҳи корӣ омӯзиши  таҷрибаи Ҷумҳурии Литва оид ба ҳамкории системаи судӣ бо воситаҳои ахбори омма шиносои пайдо намуда бо намояндагони баландпояи роҳбарияти Парлумон, Суди Оли Ҷумҳурии Литва, Суди маъмурии Ҷумҳурии Литва, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Литва, Иттифоқи журналистон, ва Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносон баргузор гардид.

Гуруҳи корӣ дар вохуриҳо ва шиносои бо намондагони мақомотҳои судӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Литва мубодилаи таҷриба намуданд, ки истифодаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушикилотҳои шаффофияти судӣ, баланд бардоштани боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ инчунин ба баланд бардоштани маърифтанокии ҳуқуқии шарвандон мусоидат менамояд.

Сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Лавия бо дастгири ва иштироки мутахассисони намояндагии ташкилоти байналмилалии “Internews” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуда, ҳамчун шарикони рушд дар баланд бардоштани савияи дониши иттилоотӣ байни мақомотҳои давлатӣ, ВАО ва ҷамъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини гардидааст.


Leave a Reply