Дастгирии ва кумаки ниёзмандон дар арафаи иди Фитр

Дар арафаи Иди Фитр садақаи фитрро барои эҳтиёҷоти шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоату барҷомонда, барқарорсозӣ ва бо асбобу анҷоми рузгор таъмин кардани хонаҳои истиқоматии онҳо, инчунин таъмири муасисаҳои иҷтимои, аз ҷумла мактабу боғча, бунгоҳи тиббию беморхона, китобхона, бунёди роҳҳу пулҳо, кашидани хати барқу об барои маҳаллаву деҳаҳо ва дигар корҳои ободонӣ аҷри бузург дорад.

Инчунин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Номаи шодбошии худ ба муносибати иди Фитр қайд намудаанд, “Бузургтарин савоб дар ин рӯзҳо хайру саховат кардан ба эҳтиёҷмандону дармондагон, оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хабар гирифтан аз ҳоли онҳо мебошад, зеро ба таъбири бузургони халқамон аҷру подоши он аз фазилати ҳаҷҷи акбар ҳам зиёд мебошад” ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки садақаи фитрро ба оилаҳои камбизоат харҷ намоянд.

Бо ин мақсад Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи иди Фитр ба як нафар маъюби гуруҳи якум ва аҳли оилаи ӯ кумаки моддӣ дастрас намуд. Иничунин ба хонаи пиронсолони №1 шаҳри Душанбе маҳсулоти хурокаи ниёзи аввал аз қабили нахуд, мош, наск ва кайлаи помидор дастрас карда шуд.

Маркази матбуот


Leave a Reply