Ҷаласаи кормандони Судҳои иқтисодӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ

Имрӯз, 24 майи соли 2019 дар Суди Олии иқтисодӣ и 10 майи соли равон дар ҷаласаи кормандони Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе  мавриди омӯзишу натиҷагирӣ қарор дода шуд.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда қайд намуданд, ки роҳбари давлат фаъолияти сохторҳои марбутаро натиҷагирӣ намуда, аз ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон изҳори ташвиш намуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, чораҳои зарурӣ андешад.

Дар баробари ин, барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”-ро таҳия ва пешниҳод намояд. Инчунин, пешниҳод гардид, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад.

Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳо дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ аз ҷумла баҳсҳоро бо иштироки мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ бармеоянд,  мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, доир ба натиҷаи онҳо санадҳои судии қонунӣ ва асонок қабул менамоянд.

Зимни мулоқот сарвари давлат зикр намуданд, ки дар давраи солҳои 2017-2018 ба судҳои иқтисодӣ 55 аризаи даъвогӣ ба маблағи 209 миллион сомонӣ оид ба рӯёнидани қарзи бонк аз ҳисоби амволи ба гарав гузошташуда пешниҳод гардидааст.

Санҷиши дурустии амволи ба гарав гузошташуда бо ҷалби мутахассисони маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлия муайян намудааст, ки арзиши аслии 78 номгӯи амволи тибқи нархгузории аввала 870 миллион сомонӣ нархгузоришуда ҳамагӣ 401 миллион сомониро ташкил дода, комиссияи нархгузорӣ онҳоро дар ҳаҷми 468 миллион сомонӣ барзиёд нарх гузоштааст.

Аз ҷумла судҳои иқтисодӣ даъвои бонкҳо оид ба рӯёнидани маблағи кредит, фоиз ва ҷарима аз ҳисоби фурӯши молу мулки ба гаравгузошташударо баррасӣ менамоянд.

Мутобиқи қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ипотека” ҳангоми қабули ҳалнома дар хусуси ситонидан аз молу мулке, ки тибқи шартномаи ипотека ба гарав гузошта шудааст, суд бояд дар ҳалнома нархи ибтидоии фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда ҳангоми фурӯши он. Нархи ибтидоии фурӯши молу мулк дар савдоҳои оммавӣ дар асоси созишномаи байни гаравдеҳу гаравгир ва ҳангоми баҳс аз ҷониби суд бо ҷалб намудани нархгузори мустақим муайян ва зикр намояд.

Зимни баррасии парвандаҳо бо иштироки мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ ҳолатҳои барзиёд нарх мондани арзиши аслии моликияти ба гаравгузошташуда муайян карда мешванд ва судҳои иқтисодӣ барои муайян кардани арзиши аслии бозоргонии моликияти ба гаравгузошташуда экспертизаҳои судӣ сохтмони молшиносӣ таъин намуда, нархи бозории моликияти ба гаравгузошташударо муайян менамоянд, ки нархи онҳо нисбат ба нархгузории пештар фарқият дорад.

Аз ин рӯ судҳои иқтисодӣ бо мақсади пешгирии минбаъдаи вайронкуниҳои қонун ва бартараф кардани чунин камбудиҳо бо қабули таъинотҳои хусусӣ диққати мақомотҳои дахлдорро ҷалб менамоянд.

Бо вуҷуди ин, ҷоннок намудани фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар самти андешидани тадбирҳои ҷиддии дар қонун пешбинигардида оид ба вайронкуниҳои дар рафти муҳокимаи судӣ ошкоршуда бо қабули таъинотҳои хусусӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ Нақшаи чорабиниҳо  оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ аз 10 майи соли 2019 баён доштанд, тасдиқ намудааст, ки тибқи он баргуор намудани чорабиниҳо аз қабили гузаронидани ҷамъбасти амалияи баррасии парвандаҳои судӣ вобаста ба баҳсҳо бо иштироки мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ, роҳандози намудани баррасии парвандаҳо бо иштироки мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ, андешидани тадбирҳо марбут ба қабули таъинотҳои хусусӣ дар ҳар як ҳолати ошкор гардидани қонунвайронкунӣ зимни ҳаллу фасли баҳсҳо бо иштироки мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо, бо мақсади назорати риояи муҳлати баррасии парвандаҳо гузаронидани санҷиши парвандаҳои дар истеҳсолот боздошташуда (таҳлили парвандаҳои дар истеҳсолот боздошташуда), таҳлили сабабҳои дар муҳлати муқарраркардаи қонун таъмин нагардидани баррасии парвандаҳо бо иштироки мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо, инчунин таҳлили сабабҳои тағйир додан ва бекор кардани санадҳои судӣ бо парвандаҳо мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон дар ҳамоиш вобаста ба омӯзиши бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ Муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т. ва судяҳо Темурзода Ш., Мирзозода П. ва Раҳимзода Х. дар мавзӯҳои мухталиф баромадҳо намуда, иштирокчиёни  ҳамоиш доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply