Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо

Санаи 21-22 майи соли ҷорӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019” дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” конференсияи илмӣ-амалии баиналмилалӣ дар мавзӯи “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо”,  баргузор гардид, ки дар он Муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода А.С. судя Мирзозода П.Т. ва мутахассиси ҳамин суд Дамонзода Ғ.Р. иштирок намуданд.

Дар кори конфронс роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия, Озорбойҷон, Словения, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Зеркумитаи аккредитатсионии Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсози фаъолияти ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Барномаи Рушди СММ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе  иштирок карданд.


Leave a Reply