Иштироки кормандон дар дави миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи  ҷавонони  Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ баргузор гардид.

Дар чорабини мазкур, ки бо мақсади тарғибу ташфиқи тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ баргузор гардид  Роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

 

 


Leave a Reply