Корҳои кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Роҳбария дар гирду атроф ва боғчаи назди бинои суд шанбегӣ ва корҳои ободонию кабудизоркунӣ гузаронида шуд, ки дар он кормандон иштирок намуданд.

Ҳамчунин бо мақсади зебову назаррабо гардонидани гирду атрофи бинои суд дар боғчаи назди бино, ки хоки он пурра бо хоки нав ва пору иваз карда шуд гулҳои ороиши ва мавсими шинонида шуд.

Ҳамчунин кормандон гирду атрофи биноро аз алафҳои бегона, партовҳо ва баргони дарахтон тоза намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply