Вазифагузорӣ дар маҷлиси рӯзи душанбе баъд аз вохӯрииПешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият,  судяҳо ва кормандони суд маҷлиси рӯзи  душанбе вобаста  ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз  вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ бармеоянд, баргузор гардид.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда дар баромади худ  қайд намуданд, ки  санаи 10 майи соли ҷорӣ вохӯри мазкур  баргузор гардида  дар  он  кормандони судҳои иқтисодӣ  низ иштирок  намуданд.

Дар навбати аввал Қаландарзорда Мавлуда доир ба омода гардидани кормандон ба аттестатсия, ки бо мақсади муайян кардани мувофиқат ба мансаби ишғолнамуда ва таъмини болоравии касбии хизматчии давлатии маъмурӣ гузаронида мешавад, қайд намуданд.

Ба шахсони масъул вобаста карда шуд, ки парвандаҳоро вобаста ба гумрук, андоз, молия ва бонкҳо талаб намуда  таҳлили иҷроиши санадҳои судӣ вобаста ба ҳамин парвандаҳоро ба анҷом расонанд.

Инчунин таъкид доштанд, ки бояд ҳар як корманди  суд  содиқона ва  поквиҷдонона  ба Ватани худ  хизмат намуда, дар ба амал баровардани   адолати  судӣ ва таъмини қонуният,  ки вазифаи асосии судҳо  мебошад саҳмми худро гузорад. Аз ҷумла баррасии пурра, ҳаматарафа ва воқеъбинонаи парвандаҳо ва тибқи талаботи  меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ ва дар муҳлатҳои муқарраргардидаи қонун баррасии  онҳо. Риояи қатъии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ҳангоми қабули аризаву шикоятҳо ва санҷиши дурустии пардохти он инчунин назорати  ҷиддӣ доир ба иҷрои санадҳои судии қабулгардида ба роҳ монда шавад.

Инчунин дар маҷлис қайд гардид, ки муҳлати баррасии парвандаҳо, таҳияи санадҳои судӣ, омода намудани протоколҳои маҷлиси судӣ ва ба тарафҳо дастрас намудани онҳо зери назорати қатъи гирфита шавад, то шахсони иштироккунандаи парвандаҳо аз ҷараёни барраси парванда бархурдор бошанд. Қайд гардид, ки кормандон дар хабардоркунии тарафҳо метавонанд аз почтаҳои электрони (ба воситаи почтаҳои электрони хабардор намудани тарафҳо) васеъ истифода намоянд.

Дар охир Қаландарзода Мавлуда бори дигар ба муовинон, судяҳо ва кормандон барои дар ба амал баровардани адолати судӣ ба халқу ватан содиқ будан, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Маркази матбуот


Leave a Reply