Табрикоти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда ба муносибати Рӯзи Ғалаба

Ба собиқадорони ҷангу меҳнат

Ба муносибати таҷлили 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба иштирокчиёну собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, арзи сипосу миннатдорӣ менамоем.

Иди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он корномаи ибратомӯз ва қаҳрамонию мардонагии падарону бобоёни мо дар майдонҳои ҳарбу зарб бо хати заррин сабт шудааст.

Шумоён, Иштирокчиёну собиқадорони ҷангу меҳнатро ба ифтихори Рӯзи ғалаба самимона табрик гуфта, бароятон сиҳатииву саломатӣ, умри бардавом, рӯзгори обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.


Leave a Reply