Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомониро ба муносибати Рӯзи ғалаба табрик гуфтанд

Имрӯз  Судяи Суди Олии иқтисодӣ Темурзода Шамсиддин ва роҳбари дастгоҳи суди Олии иқтисодӣ Қаҳҳорзода Ҷамшед ба хотири  пос доштани ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ   ба хабаргирии собиқадорони ҷангу  меҳнати  ноҳияи Исмоили Сомонӣ рафта, эшонро ба муносибати 73-юмин солгарди таҷлили ҷашни таърихӣ аз номи роҳбарияти Суди Олии  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик  намуда, туҳфаҳои идона  тақдим  намуданд Темурзода шамсиддин кайд намуданд, ки бо шарофати Истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо имконият фароҳам омад, ки таърихи пуршарафи миллату давлати худро амиқтар омӯзем ва ифтихори миллии худро тақвият бахшем. Бо ҳаёту рӯзгори бузургону қаҳрамонони Ватан ошно гардем ва аз он ибрат гирифта, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош намоем.

Дар ин давра руҷӯъ ба таърихи Ватан ва ҳаёти фарзандони фарзонаи миллат аҳли ҷомеаро ба сӯи комёбиҳо ҳидоят намуда, ба мо сабақи ватандӯстию диловарӣ ва шуҷоату мардонагӣ медиҳад. Муҳаббат ба Ватани маҳбуб, ки дар меҳру навозиш чун Модар муқаддас мебошад, аз беҳтарин фазилатҳои ахлоқию маънавии ҳар инсон ба ҳисоб меравад. Ҳифзи ҳар пора хоки Ватан ва ҳимояи манфиатьои он шарти асосии барои ҳар миллати соҳибдавлат аст.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply