“Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоил ва дурнамо” баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ

Санаи 01 майи соли 2019 бо ибтикорӣ Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  бинои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалй дар мавзӯи “Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоил ва дурнамо” баргузор гардид,

Дар кори конференсия   судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинӣ Нурулло ширкат варзида дар мавзӯи “Сохтори раванди ҳуқуқэҷодкунӣ” баромад намуданд.

Нуриддинӣ Нурулло дар баромади худ қайд намуданд, ки “Ҳуқуқэҷодкунй яке аз самҳои фаъолияти давлат буда, дар ҳамаи марҳилаҳои инкишофи таърихии давлатҳо, аз лаҳзаи пайдоиши онҳо cap карда то имрӯз вуҷуд дорад. Ҳуқуқэҷодкунй омиле буд, ки зарурати давлатро такозо намудааст. Маҳз зарурияти кабули санадҳои ҳуқукӣ боиси таъсиси мақомоти махсуси давлат гардид, ки фаъолияти асосии онҳо аз ҳукуқэҷодкунӣ иборат аст.”

Дар Конференсияи Ҷумҳуриявӣ Директорӣ Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода И.Ҳ. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Ализода З, устодону мутахассисонӣ ботаҷрибаи соҳа ва намояндагони дигар мақомотҳои давлатӣ иштирок доштанд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply