Ҷамъбасти амалияи судӣ оид ба аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдонамуда аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда дар давраи соли 2018

Ҷамъбасти амалияи судӣ 

оид ба аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ  пайдонамуда аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда дар давраи соли 2018

шаҳри Душанбе                                                            28 март – 3 апрели соли 2019

Бо мақсади иҷрои банди 14 Нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2019 ҷамъбасти амалияи судӣ оид ба парвандаҳо доир ба аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ  пайдонамуда аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда, ки  дар давраи соли 2018 мавриди муҳокимаи судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтаанд, гузаронида шуд.

Зимни ҷамъбасти амалияи судӣ парвандаҳои баррасинамудаи Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар давраи соли 2018 мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифтанд.

Дар давоми соли 2018 ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 88 аризаҳо дар бораи аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ  пайдонамуда аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда дохил гардидааст. Аз ин миқдор 48 аризаҳо баргардонида шуда, боқимондаи он – 40 ариза ба истеҳсолоти судҳо қабул гардидаанд, ки аз ин шумора 23 ариза рад карда шуда, 14 ариза қонеъ гардида, истеҳсолот оид ба 1 ариза бинобар даст кашидан аз ариза қатъ карда шуда, баррасии 2 ариза ба соли 2019 боқӣ монда шудааст.

Дар давоми соли 2018 ба Суди Олии иқтисодӣ 18 ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ аз рӯи аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда дохил гардидааст, ки аз ин шумора  10 аризаҳо баргардонида шуда, 8 аризаҳо ба истеҳсолоти суд қабул карда шудаанд. Оид ба 5 аризаҳои ба истеҳсолот қабулгардида  таъинот дар бораи  рад кардан қабул карда шуда,  1 ариза қисман қонеъ карда шуда, баррасии 2 аризаи дигар ба соли 2019 боқӣ монда шудааст.

Ба Суди иқтисодии ВМКБ дар давраи зикргардида ҳамагӣ 3 ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаҳои эътибори қонунӣ  пайдонамуда дохил гардида, онҳо ба истеҳсолот қабул карда шудаанд. Аз ин миқдор, дар натиҷаи мавриди муҳокимаи судӣ қарор гирифтан, 1 ариза қонеъ гардида, 2 аризаҳо рад карда шудаанд.

Ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар ин давра 16 ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаҳои эътибори қонунӣ  пайдонамуда ворид гардидааст. Аз ин шумора 8 ариза баргардонида шуда, 8 ариза ба истеҳсолоти суд қабул карда шудааст. Аз шумораи аризаҳои ба истеҳсолоти суд қабулгардида 5 ариза қонеъ карда шуда, 3 ариза рад карда шудааст.

Ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар ин давра 32 ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаҳои эътибори қонунӣ  пайдонамуда ворид гардидааст, ки ин нисбат ба дигар судҳои иқтисодӣ зиёдтар мебошад. Аз ин шумора 20 ариза бинобар ҷавобгӯй набудан ба талаботи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуда, 12 ариза ба истеҳсолот қабул карда шудааст. Аз миқдори аризаҳои ба истеҳсолот қабулгардида 4 ариза қонеъ, 7 ариза рад карда шуда, истеҳсолот оид ба 1 ариза бинобар даст кашидан аз ариза қатъ карда шудааст.

Ба Суди иқтисодии вилояти Суғд дар давраи сипаригардида 19 чунин аризаҳо ворид гардидаанд, ки аз ин шумора 10 ариза бинобар ҷавобгӯй набудан ба талаботи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуда, 9 ариза ба истеҳсолот қабул карда шудааст. Аз миқдори аризаҳои ба истеҳсолот қабулгардида 3 ариза қонеъ, 6 ариза рад карда шудааст.

Омӯзиши парвандаҳои номбурда маълум намуд, ки аризаҳои шахсони иштироккунандаи парванда  ва дигар шахсони ба парвандаҳо алоқаманд дар бораи аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ  пайдонамуда тибқи муқаррароти Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрию-ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастуру нишондодҳои дар Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2009 таҳти № 7 «Дар бораи татбиқи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз нав барраси намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда» дарҷгардида асосан дуруст ва дар муҳлатҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавӣ баррасӣ гардидаанд. Лекин, ҳамзамон оид ба бархе аз чунин парвандаҳо ба камбудию норасогиҳои ҷиддӣ роҳ дода шудааст.

Чунончӣ, зимни омӯзиши парвандаи № 2-166/16 бо даъвои ҶДММ ТАКХ «Дисми Инвест»  ба ҷавобгарии соҳибкори инфиродӣ  Гадоева С.А. ва Шарипова З.Д. дар бораи рӯёнидани қарзу фоизҳо ба маблағи умӯмии 63 226,90 доллари ИМА аз ҳисоби амволи ғайриманқули ба гарав гузошташуда муқаррар карда шуд, ки бо ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 8 июни соли 2016 даъвои мазкур қонеъ карда шудааст. Минбаъд, ҷавобгар, яъне гаравдеҳ Шарипова З.Д. ба суди мазкур бо ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи эътибори қонунӣ  пайдонамуда аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда муроҷиат намудааст. Ариза чунин асоснок карда шудааст, ки бо қарори муфаттиши Раёсати  ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Давлатзода А.С. нисбати ҷавобгар – соҳибкори инфиродӣ  Гадоева С.А. бо аломати содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон бо банди «б»  қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо дигар қарори муфаттиш аз 9 июни соли 2017 нисбати Гадоева С.А. бинобар пинҳон гардиданаш аз тафтишот кофтуков эълон карда шудааст. Таҳлили парвандаи мазкур нишон дод, ки ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судии эътибори қонунӣ  пайдонамуда ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе 26 феврали соли 2018 дохил гардида, он 5 марти соли 2018 бархилофи муқаррароти қисми 2 моддаи 291 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дар муҳлати 5 рӯз, балки баъди сипарӣ гардидани муҳлати 7 рӯз ба истеҳсолоти суд қабул гардида, таъинот  оид ба қабул гардидани ариза бархилофи муқаррароти қисми 2 моддаи 184 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати зиёда аз 5 рӯз, яъне 20 марти соли 2018 бо мактуб таҳти № 7/171, баъди гузаштани 15 рӯз ба шахсони иштироккунандаи парванда  ирсол карда шудааст. Инчунин, аризаи мазкур бархилофи талаботи қисми 1 моддаи 293 Кодекси мазкур, ки дар муҳлати на зиёда аз як моҳи баъди воридшавии ариза ба суди иқтисодӣ баррасӣ намудани онро муқаррар кардааст, дар давоми зиёда аз 40 рӯз мавриди муҳокимаи судӣ қарор гирифтааст (Судя Баротзода З.М.).

Доир ба парвандаи № 2-433/17 бо даъвои ҶСП «АксессБонк» ба ҷавобгарии соҳибкори инфиродӣ  Исломова М.Ҳ.,  Исломова М.М., ҶДММ «Шодӣ Муҳаммад», Исломов Ҳ.О. ва Похруддинов М.М. дар бораи рӯёнидани қарзу фоизҳо ба маблағи умӯмии 216 848,62 доллари ИМА аз ҳисоби амволи ғайриманқули  ба гарав гузошташуда, инчунин бо аризаи ҶДММ «Шодӣ Муҳаммад» нисбати шахси манфиатдор – ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии БИМА» дар бораи беэътибор донистани мактуб аз 17 феврали соли 2017 ва уҳдадор кардани  шахси манфиатдор ҷиҳати иҷрои уҳдадории шартномавӣ қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 6 декабри соли 2017 даъвои ҶСП «АксессБонк» ва инчунин аризаи ҶДММ «Шодӣ Муҳаммад»  қисман қонеъ карда шудаанд. Минбаъд, ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии БИМА» 6 августи соли 2018 ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судии болозикр аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда муроҷиат намудааст. Аризаи мазкур 10 августи соли 2018 ба истеҳсолоти суд қабул гардида, минбаъд 7 сентябри соли 2018 истеҳсолоти парванда бо асоси пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 моддаи 142 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне бо асоси дар Суди Олии иқтисодӣ баррасӣ гардидани шикояти назоратии ҶДММ «Ташкилоти  суғуртавии «БИМА» нисбати ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 1 майи соли 2018 оид ба парванда бо даъвои ҷамъияти мазкур ба ҷавобгарии Исломова М.Ҳ., шахси сеюм – ҶСП «АксессБонк» дар бораи беэътибор донистани шартномаи суғуртавии силсилаи ВАО № 1500001390, боздошта шудааст. Ҳарчанд ба суди иқтисодӣ нусхаи шикояти назоратӣ нисбати санади судии болозикр ҳамроҳ карда шуда бошад ҳам, лекин дар бораи он ки ин шикояти назоратӣ ба истеҳсолоти  Суди Олии иқтисодӣ қабул гардидааст, маълумот мавҷуд нест, ки ин ҳолат аз беасос будани таъиноти мазкур гувоҳӣ медиҳад (судя Баротзода З.). Сипас, бо гузорише, ки дар он санаи пешниҳодаш дарҷ нагардидааст,  судя Баротзода З. парвандаро ба раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе супоридааст. Минбаъд, аз ҷониби раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф. бархилофи муқаррароти моддаи 145 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне бидуни қабули таъинот дар бораи аз нав оғоз намудани истеҳсолот оид ба парванда, санаи 18 октябри соли 2018 ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда мавриди муҳокимаи судӣ қарор гирифта, қонеъ карда шудааст. Ҳангоми баррасӣ гардидани парванда аз рӯи моҳияти даъво, бо ҳалнома аз 1 ноябри соли 2018 даъвои ҶСП «АксессБонк» қонеъ карда шуда, аризаи ҶДММ «Шодӣ Муҳаммад» нисбати ҶДММ «Ташкилоти  суғуртавии «БИМА» дар бораи беэътибор донистани мактуби шахси манфиатдор – яъне ҶДММ «Ташкилоти  суғуртавии «БИМА» рад карда шудааст. Қобили тазаккур аст, ки зимни баррасии ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани  санади судӣ аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда оид ба аризаи мазкур низ ҳамчунин муҳлати якмоҳаи муқаррарнамудаи моддаи 293 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон карда шудааст.

Доир ба парвандаи № 2-576/17, 2-26/18, 2-457/18 бо аризаи хоҷагии деҳқонии «Қалъачаи Бакавул»-и шаҳри Истаравшан, шахси манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи идораи замини шаҳри Истаравшан дар бораи беэътибор донистани қарор таҳти № 918 аз 28 ноябри соли 2016 «Қарор дар бораи бекор кардани қарори раиси шаҳр таҳти № 471 аз 23 августи соли 2012 дар бораи аз ҳисоби заминҳои хоҷагии давлатии «Комсомол» ҷудо намудани қитъаи замин барои хоҷагиҳои деҳқонии «Поҷиндак» ва «Қалъачаи Бакавул» , уҳдадор намудани Мақомот ва Кумита оид ба таъмини хоҷагии деҳқонии «Қалъачаи Бакавул» бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, тибқи ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 11 июни соли 2018 ариза қонеъ карда шудааст.  Минбаъд, 22 августи соли 2018 хоҷагии деҳқонии «Поҷиндак» ба Суди иқтисодии вилояти Суғд бо ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи мазкур аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда муроҷиат намудааст. Бо таъинот аз 23 августи соли 2018 аризаи мазкур ба истеҳсолоти ҳамин суд қабул карда шуда, минбаъд бо ҳалнома аз 12 сентябри соли 2018 ҳалномаи ҳамин суд аз 11 июни соли 2018 бекор карда шуда, баррасии парванда аз рӯи моҳияти даъво ба санаи 24 сентябри соли 2018 таъин карда шудааст. Бо таъинот аз 5 октябри соли 2018 парвандаи мазкур бе баррасӣ мононда шудааст. Таъиноти мазкур хилофи моҳияти сархати ҳафтуми моддаи 147 Кодекси мурофиавии иқтисодӣ мебошад, зеро тибқи муқаррароти ин меъёри қонун бояд танҳо даъво (ё ин ки ариза – аз рӯи қиёс) бе баррасӣ мононда мешавад, на ин ки парванда (судя Носирӣ Ҷ.).

Мувофиқи банди 20 Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2009 таҳти № 7 «Дар бораи татбиқи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз нав барраси намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» барои ба суди иқтисоди пешниҳод намудани ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда, боҷи давлатӣ пардохт карда намешавад.

Зимни таҳлили парвандаҳо муқаррар карда шуд, ки дар таҷрибаи судҳои иқтисодӣ баъзан ин талабот сарфи назар карда шудааст. Аз ҷумла, намояндаи ваколатдори аризадиҳанда Рӯзиева М.Д. – Обидова Ф.Д. ҳангоми пешниҳоди ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи эътибори қонунӣ  пайдонамудаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 30 ноябри соли 2017 аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда бо расид (квитансия) таҳти № 2511/20960  аз 1 октябри соли 2018 ба маблағи 50 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт намудааст. Ҳангоми ба истеҳсолоти суд қабул намудани ариза бо таъиноти дахлдор маблағи мазкур ба ӯ баргардонида нашудааст (судя Хоҷазода Ф.).

Таҷрибаи судии баррасии шикоятҳои кассатсионӣ нисбати санадҳои судӣ дар бораи аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ  пайдонамуда аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда нишон дод, ки  аз ҷониби марҳилаи кассатсионӣ барои пешгирӣ намудани вайронкунии талаботи қонунгузорӣ зимни баррасии аризаҳои категорияи мазкур тадбирҳои воқеӣ андешида шудаанд.

Чунончӣ, бо таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2018 аризаи филиали Ҷамъияти хусусии масъулияти маҳдуди «Тотал И энд Пи Тоҷикистон Б.В.» оид ба парвандаи № 2-65/16 (К-73/18) дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда вобаста ба парванда дар бораи беэътибор донистани қарори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  рад карда шудааст. Бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ аз 29 майи соли 2018 бинобар беасос будани таъиноти болозикр, он бекор карда шуда, парванда барои аз нав баррасӣ намудани ариза оид ба ҳолатҳои навошкоршуда ба ҳамон суд ирсол карда шудааст (судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.).

Ё ин ки, оид ба парвандаи № 2-86/17 бо даъвои саҳмдори хоҷагии деҳқонии «Гурез» -и ноҳияи Ёвон Садриддинова С. ба ҷавобгарии хоҷагии деҳқонии «Ҳикматулло» , Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон дар бораи беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Ёвон таҳти № 1201 аз 23 октябри соли 2009, ҷавобгар – хоҷагии деҳқонии «Ҳикматулло» ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи суди иқтисодии мазкур аз 19 апрели соли  2017 муроҷиат намуда буд. Бо таъиноти Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 2 апрели соли 2018 аризаи хоҷагии деҳқонии «Ҳикматулло» дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда рад карда шуд. Ҳангоми баррасии шикояти кассатсионии  хоҷагии деҳқонии мазкур маълум гардид, ки суди иқтисодии марҳилаи якум зимни баррасии аризаи мазкур ҳолатҳои аслии парвандаро муқаррар накарда, бо хулосаҳои ба ҳолатҳои кор номувофиқ аризаро беасос рад намудааст. Марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ таъиноти суди марҳилаи якумро бекор намуда, парвандаро бо ҳамроҳии ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда барои баррасии нав ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон ирсол кард. Минбаъд оид ба парванда ҳалномаи ба талаботи қонун мувофиқ қабул карда шудааст (судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Давлатзода Т.Ш.).

Доир ба аризаи сардори хоҷагии деҳқонии «Отабобо»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ – ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 16 феврали соли  2016 доир ба парвандаи № 2-84/16 (К-160/18) бо даъвои хоҷагии деҳқонии «Қаюмова Рузиҷон»  ба ҷавобгарии хоҷагии деҳқонии «Отабобо»  ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷ. Расулов дар бораи бартараф намудани монеагӣ  оид ба истифодаи қитъаи замин қайд кардан зарур аст, ки суди марҳилаи якум бо таъинот аз 11 апрели соли 2018 онро беасос ба аризадиҳанда баргардонидааст. Беасос будани ин таъинот дар он ифода меёбад, ки ҳарчанд ариза ба талаботи моддаҳои 290 ва 291 Кодекси мурофиавии иқтисодӣ мувофиқат дошта бошад ҳам, суди марҳилаи якум онро ба таври дахлдор ба истеҳсолот қабул накарда, дар ин таъинот бидуни муҳокимаи ариза дар маҷлиси судӣ оид ба беасос будани ариза хулосабарорӣ намуда, онро баргардонидааст. Ҳол он ки ариза бояд аввал дар маҷлиси судӣ ба таври дахлдор мавриди муҳокима қарор дода шуда, танҳо баъди ин, дар сурати беасос буданаш мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 294 Кодекси мазкур  доир ба он таъинот дар бораи рад намудани  ариза қабул карда шавад. Бинобар ин, бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ аз 14 августи соли 2018 таъинот бекор карда шуда, ариза барои баррасии нав ба ҳамон суди иқтисодӣ ирсол карда шуд (муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд  Исмоилзода Р.А.).

Оид ба дигар парвандаи № 2-337/18 (К-201/18) бо даъвои ҶСП «АксессБонк» ба ҷавобгарии соҳибкорони инфиродӣ Қодиров О.А., Қодирова Б.А., Иқомов Н.М., ҶДММ «Гиёҳҳои шифобахш»-и ноҳияи Б. Ғафуров, ки доир ба он бо ҳалномаи суди марҳилаи якум аз 12 октябри соли 2015 даъво қонеъ карда шудааст, нисбати ин санади судӣ аз ҷониби намояндаи шикояткунанда ҷавобгар – Бегов С.Ф. ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудан аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда пешниҳод карда шудааст. Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 8 июни соли 2018 ҳалномаи қаблан оид ба парванда қабулгардида аз 12 октябри соли 2015 аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда бекор карда шудааст. Таҳлили ин ҳалнома дар марҳилаи кассатсионӣ нишон дод, ки аз ҷониби суди марҳилаи якум муқаррароти моддаи 288 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфи назар карда шуда, санади судии беасос қабул карда шудааст. Бинобар ин, бо қарори марҳилаи кассатсионӣ аз 2 октябри соли 2018 ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 8 июни соли 2018 доир ба ҳолатҳои навошкоршуда бекор карда шуда, ҳалномаи нав қабул карда шуд, ки тибқи он ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда рад карда шуд (судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Носирӣ Ҷ.).

Ҷамъбасти амалияи судӣ  оид ба аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдонамуда аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда дар давраи соли 2018 нишон дод, ки ҳарчанд дар маҷмуъ судҳо қонунҳои мурофиавиро зимни баррасии парвандаҳои иқтисодӣ дуруст татбиқ намуда бошанд ҳам, аммо ҳолатҳое ҷой доранд, ки аз татбиқ ва маънидодкунии нодурусти қонун гувоҳӣ медиҳанд.

Омӯзишу таҳлили и санадҳои судӣ дар ин самт тақозо менамояд, ки аз ҷониби судяҳои судҳои иқтисодӣ таҷрибаи татбиқи дурусти қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдонамуда аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда ба миён меоянд, ба роҳ монда шавад.

Бо дарназардошти мақсадҳои гузошташуда вобаста ба ҷамъбастии мазкур,

ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ:

  1. Ҷамъбастии мазкур марбут ба таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдонамуда аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда, ки аз ҷониби судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудаанд, дар машғулияти семинарии судяҳои Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе мавриди омӯзишу муҳокима қарор дода шавад.
  2. Судяҳои судҳои иқтисодӣ зимни баррасии парвандаҳои марбут ба ҳолатҳои навошкоршуда, муқаррароти боби 34 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавзеҳоти дастурии Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодӣ аз 26 ноябри соли 2009 таҳти № 7 «Дар бораи татбиқи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз нав барраси намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда»-ро дақиқ риоя намоянд.
  3. Ба муҳлату тартиби қабули аризаҳо дар ин хусус, муҳлати баррасии аризаҳо дар муҳокимаи судӣ, эътибори ҷиддӣ дода, қарорҳои қонуниву асоснок қабул карда шавад.

Муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ   Аминзода З.Т.

Судяҳо  Камолзода Р.  Мирзозода П.Т.


Leave a Reply