Ҷамъбасти амалияи судӣ оид ба таҷрибаи татбиқи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” дар соли 2018

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муовини Раис Комилӣ Ф. ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода П. ва Саид Сӯҳроб тибқи накшаи корӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 бевосита дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали судҳои мазкур оид ба татбиқи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ҳангоми баррасии парвандаҳои иқтисодӣ дар соли 2018 мавриди омӯзиш қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи талаботи моддаи 101 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди аризаҳои даъвогӣ, дигар аризаҳо ва шикоятҳо ба судҳои иқтисодӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” аз 28 феврали соли 2004 таҳти №19 боҷи давлатӣ пардохт карда мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” тартиби аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ситонидани боҷи давлатӣро муқаррар ва танзим менамояд.

Дар асоси сархати 3 моддаи 4-и Қонуни мазкур  аз аризаҳои даъвогӣ, ки ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, боҷи давлатӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад;

1)аз аризаҳои даъвогии дорои хусусияти молумулкӣ-2% аз нархи даъво;

2)аз аризаҳои даъво оид ба баҳсҳое, ки ҳангоми бастан, тағйир додан ё бекор кардани шартномаҳо ба амал меоянд ва оид ба баҳсҳо дар бораи беэътибор динистани аҳдҳо – андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3)аз аризаҳои даъво дар бораи (пурра ё қисман) беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ;

– барои шахсони воқеӣ – ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои шахсони ҳуқуқӣ – ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4)аз аризаҳои даъвогии дигар,ки хусусияти молумулкӣ надоранд,аз ҷумла аз аризаҳо дар бораи эътирофи ҳуқуқ,маҷбур намудан ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳо дар шакли асл – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

5)аз аризаҳо дар бораи муфлис эътироф гардидани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;

– барои шахсони ҳуқуқӣ – ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои соҳибкорони инфиродӣ – ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

6)аз аризаҳо дар бораи муқаррар намудани далелҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд – ба андозаи секаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

7)аз аризаҳо дар бораи ба парванда ворид гардидани шахсони сеюм, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақили худро пешниҳод менамояд, ки мутобиқи андозаи боҷи давлатӣ, ки барои аризаи даъвогии дорои хусусияти ғайримолумулкӣ пешбини шудааст, нисбати баҳсҳои дорои хусусияти молумулкӣ – тибқи тартиби мукаррарнамудаи банди якуми ҳамин қисм, ки андозаи маблағи баҳсшаванда барои шахсони сеюм ҳисоб карда мешавад;

8)аз шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ нисбати ҳалнома ва қарорҳои суди иқтисоди ва ҳамчунин нисбати таъинот дар бораи қатъ намудани истеҳсолоти парванда, бе барраси мондани даъво, дар бораи таъини ҷаримаҳои суди, рад кардан ва додани варақаи иҷро – 50% аз андозаи боҷи давлатӣ, ки ҳангоми додани аризаи даъвоги ситонида мешавад.

Барои аризаи даъвогие, ки ҳамзамон дорои хусусияти молумулки ва ғайримолумулки мебошад, дар як вақт боҷи давлатӣ барои аризаи даъвогии дорои хусусияти молумулки ва ғайримолумулки муқарраргардида ситонида мешавад.

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни мазкур боҷи давлатӣ бо асъори миллӣ дар бонкҳо (филиалҳои онҳо), ҳамчунин тавассути интиқоли маблағҳои боҷи давлатӣ аз ҳисоби боҷсупоранда ба воситаи бонкҳо (филиалҳои онҳо), пардохта мешавад. Қабули боҷи давлатӣ аз ҷониби бонкҳо дар ҳамаи ҳолатҳо бо додани шакли муқарраргардидаи квитансия амалӣ мегардад.

Мувофиқи банди 2 Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1 аз 23 июни соли 2008 “Оиди таҷрибаи татбиқи қонунгузорӣ дар бораи хароҷоти судӣ” дар ҳуҷҷатҳои пардохт оиди супоридани боҷи давлатӣ имзои сармуҳосиб ва муҳри мудаввари идораи бонкие, ки амалиёти пулиро тасдиқ мекунад бояд бошад. Дар сурати набудани қайди нишондодашуда боҷи давлатӣ пардохтнашуда ҳисобида мешавад. Ҳангоми ба идораи бонкӣ бо таври нақдӣ пардохт намудани боҷи давлатӣ, дар ҳуҷҷати пардохтӣ бояд қайди дастгоҳи кассавӣ ва имзои сармуҳосиби идораи бонкӣ бошанд. Ба суд пешниҳод намудани суратнусха ва ё нусҳаи ҳуҷҷатҳои пардохт роҳ дода намешавад.

Судяи суди иқтисодӣ ҳангоми қабули ариза, шикоят бояд мутобиқати маблағи боҷи давлатӣро ба андозае, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” мукаррар кардааст, инчунин рақами суратҳисобе, ки боҷи давлатӣ ба он ҷо пардохт мешавад, санҷида барояд.

Судя ӯҳдадор аст, риояи тартиби пардохти боҷи давлатӣро санҷад.

Омӯзиши парвандаҳои аз тарафи судҳо барраси шуда муайян намуд, ки ҳангоми қабули аризаҳои даъвоги ва дигар аризаҳо аз тарафи судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин талаботи қонун ва Қарори Пленуми зикргардида дар акси ҳолатҳо риоя карда мешавад.

Дар навбати худ  хатогиҳои татбиқи ин қонун ва мукаррароти Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи баъзе судяҳо мушоҳида гардид.

Аз ҷумла, бо парвандаи №1-75/19 бо даъвои ҶСК “С.Урунхоҷаев”-и ноҳияи Б.Ғафуров нисбати шахси манфиатдор Иҷрочӣи хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд оиди беэътибор донистани қарори иҷрочӣ дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи пули қарздор аз 08 ноябри соли 2018 нусхаи расиди пардохти боҷи давлатӣ ба андозаи 550 сомонӣ мавҷуд буда, ба ин нусхаи расид муҳри судя “нусха мутобиқи асл мебошад” гузошта шуд. Дар нусхаи мазкур имзои сармуҳосиби бонк, муҳри бонк ва муҳри тасдиккунандаи Раёсати молия оиди пардохт шудани ин боҷи давлатӣ ба буҷҷаи давлат мавҷуд нест. Бо ин камбудиҳо ариза аз тарафи судя ба истеҳсолоти суд қабул шуд.

Бо ҳалномаи суд аз 21 феврали соли 2019 ариза конеъ, ва қарори иҷрочии Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 8 ноябри соли 2018 беэътибор дониста шудааст. Аммо бар хилофи талаботи моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таксимоти ҳароҷоти судӣ байни шахсони иштироккунандаи парванда аз тарафи суд дар ҳалнома умуман муҳокима нашуда, дар қисми хулосавии ҳалнома нишон дода нашудааст. Аз ин лиҳоз номаълум аст, бо чи асос пардохти боҷи давлатӣ ба зиммаи аризадиҳандае, ки талаботаш конеъ шудааст, аз тарафи суд вогузор шуд.

Бо парвандаи №2-44/18 Суди иқтисодии вилояти Хатлон бо даъвои Зайниддинов Ш.Н. ва Бойгенов П.Н. нисбати ҶДММ “Гули Мурод”-и шаҳри Бохтар дар бораи барқарор кардани муҳлати даъво ва рӯёнидани маблағи қарз аз тарафи даъвогарон боҷи давлатӣ бо ду расиди бонки супорида шуд-ба андозаи 50 сомонӣ бо расид аз 17 январи соли 2018 ва 2000 сомонӣ бо расид аз 26 декабри соли 2017. Дар якум расид муҳри бонк вуҷуд надорад, дар дуюм бошад муҳри бонк ҳаст. Бо ҳамин монанд дар парвандаи №2-220/18 бо аризаи Юсупов А. нисбати Бахши бақайдгирии давлатӣи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии шаҳри Бохтар дар бораи мавриди баҳс қарор додани амали ин мақомот расиди боҷи давлатӣ аз 25 апрели соли 2018 тахти № 2312 муҳри бонк надорад.

Ҷамъияти саҳомии “Фонди инвестисионии Қазоқистон” бо ариза оиди муфлис эълон намудани ҶСК “Аурум Спика”-и шаҳри Душанбе ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, боҷи давлатиро дар ҳаҷми 62 доллари ИМА пардохт намудааст. Дар парванда расиди боҷи давлатӣ аз 31 марти соли 2017 тахти №15 дар ҳаҷми 11 доллару 11 сент ва расиди №49 аз 6 декабри соли 2016 дар ҳаҷми 50 доллару 79 сент мавҷуд аст. Дар расидҳои мазкур имзои сармуҳосиб ва муҳри бонк вуҷуд надорад. Малағҳои мазкур аз номи Бонки халқии Қазоқистон пардохт шуда, дар расид бенефисиар Бонки миллии Тоҷикистон қайд шудааст.

Судя дар марҳилаи қабули ин ариза мебояд  талаботи банди 9 Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар боло овардашударо риоя менамуд. Дар он омадааст, ки ҳангоми ба суди иқтисодӣ муроҷиат кардани субъектҳои хоҷагидории мамлакатҳои ИДМ, ки Протокол аз 1 июни соли 2001 ба Созишнома “Дар бораи боҷи давлатӣ ва тартиби руёнидани он ҳангоми баррасии баҳсҳо байни субъектҳои хоҷагидории давлатҳои гуногун” аз 24 декабри соли 1993 имзо намудаанд ва ба тасвиб расонидаанд, боҷи давлатиро бо тартиб ва андозаи пешбининамудаи ҳамин Созишнома дар таҳрири Протокол пардохт менамоянд. Мувофиқи Созишнома ба сифати ҳамарзиши ягонаи пулӣ рубл мукаррар шудааст. Киммати арзи миллӣ нисбат ба рублро Бонкҳои миллии давлатҳои ИДМ муайян менамоянд.

Бо камбудиҳои зикршуда ариза ба истеҳсолоти суд қабул шуда, санаи 15 майи соли 2018 бо сабаби такроран ба суд ҳозир нашудани намояндаи аризадиҳанда, бо таъиноти судӣ ариза бе барраси монда шуд.

Бо парвандаи №2-337/18 бо даъвои ҶДММ “Нури Давлат”-и ш.Душанбе нисбати КВД “Наклиёти махсуси партовҳои сатҳи маишӣ” ш.Душанбе оид ба рӯёнидани маблағи қарз даъвогар  расиди таҳти №226 аз 24 октябри соли 2018 дар хусуси пардохти 1790 сомонӣ боҷи давлатӣ бо тасдиқи муҳри ҷамъият ва муҳри Филиали ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”-и ш.Душанбе замима намуд. Аммо  расиди дигаре пардохти боҷи давлатӣ таҳти №227 аз 24 октябри соли 2018  ба андозаи 507 сомонӣ бо муҳри бонк тасдиқ нагардидааст. Аз ин лиҳоз муайян нест, ки ин маблағи боҷи давлатӣ ба буҷаи давлатӣ гузаронида шудааст ё не.

Мутобиқи талаботи банди 2 Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда,тибқи талаботи моддаи 127 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,аризаи даъвогӣ,ки ба он ҳуҷҷатҳои тасдиккунандаи боҷи давлатӣ бо тартиб ва андозаи муқарраргардида замима нашудаанд, аз тарафи судя беҳаракат мононда мешаванд. Дар сурати дар муҳлати дар таъиноти судӣ муқарраргардида бартараф карда нашудани ҳолатҳое, ки асоси беҳаракат монондани аризаи даъвогӣ (ариза) шуда буданд, суд аризаи даъвогӣ (ариза) бо маводҳои замимашуда мутаносибан мутобиқи моддаи 128 ҳамин Кодекс бармегардонад.

Мисолҳои дар боло овардашуда шаҳодати он аст,ки судяҳо ҳангоми баррасии масъалаи қабули аризаҳо ба истеҳсолоти судӣ ба талаботҳои қонун оид ба тартиби пардохти боҷи давлатӣ ва шакли муқарраргардидаи квитансияи бонки беаҳмияти зоҳир намудаанд.

Инчунин омӯзиши парвандаҳо муайян намудаанд, ки аз тарафи судяҳо талаботи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” риоя нагардида, нисбат ба ситонидани андозаи боҷи давлатӣ ба хатагиҳо роҳ дода шудааст. Дар баъзе ҳолатҳо андозаи боҷи давлатӣ аз тарафи супорандагони боҷи давлатӣ зиёд ё кам супорида шуда, аз тарафи судяҳо  ба ҳолати мазкур аҳамияти ҷидди дода нашуда, аризаҳои мазкур ба истеҳсолотҳои судҳо қабул шудаанд. Инчунин ҳангоми моҳиятан баррасии ин аризаҳо камбудиҳои номбаршуда аз тарафи судҳо бартараф нашуда, андозаи боҷи давлатӣ мувофиқи мукаррароти қонун пурра нашудаанд.

Мисол, соҳибқори инфироди Рауфов Х. бо ариза нисбати шахси манфиатдор  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣи ноҳия Б.Ғафуров оид ба беэътибор донистани қарори раиси ноҳия аз 7 августи соли 2018 тахти №468 ба Суди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиат намуда, аризаи худро бо пардохти боҷи давлатӣ ба андозаи 500 сомонӣ таъмин намуд. Аммо, чи тавре ки дар боло қайд шуд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” аз ин талаби даъво оид ба беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ боҷи давлатиро барои шахсони воқеӣ ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 100 сомонӣ, мукаррар намудааст. Аз рӯи шаҳодатномаи барои фаъолияти соҳибкори дар парванда мавҷуд буда маълум мегардад, ки аризадиҳанда шахси вокеӣ мебошад.

Бо таъиноти судӣ аз 18 июни соли 2018 бо сабабе, ки ариза аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи имзо доштан надошт, ба имзо расонида шудааст, бе баррасӣ монда шуд. Дар таъиноти мазкур суд бар хилофи талаботи моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири боҷи давлатӣи барзиёд супоридашударо  муҳокима накард.

Бо парвандаи №2-195 соҳибкори инфироди Ахмедов Н.К. бо аризаи даъвогӣ нисбати Филиали ҶСП”Бонки рушди Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар оиди  баргардонидани ҳуҷҷатҳои аслии манзили истиқомати ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон муроҷиат намуда, даъвои худро бо боҷи давлатӣ ба андозаи 100 сомонӣ таъмин намуд, ҳол он ки Конуни номбурда аз аризаҳои, ки ҳусусияти молу мулкӣ надоранд, боҷи давлатиро ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 50 сомонӣ, мукаррар намудааст.

Бо таъиноти судӣ аз 10 октябри соли 2018 аз сабаби даст кашидани даъвогар аз даъво, истеҳсолоти парванда қатъ карда шуда, боҷи давлатии супорида шуда ба зиммаи даъвогар вогузор шуд.

Бо парвандаи №2-106/18 ҶДММ “Орбита”-и шаҳри Душанбе бо ариза дар бораи эътироф намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба бинои “Маркази савдо” вокеъ дар шаҳри Душанбе ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, талаби худро бо боҷи давлатӣ ба андозаи 200 сомонӣ таъмин намуд, ҳол он ки Қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” боҷи давлатиро аз ин намуди баҳс ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо мукаррар кардааст.

Бояд қайд карда шавад, ки омӯзиши парвандаҳо дар Суди иқтисодии вилояти Суғд як таҷрибаи нодуруст нисбат ба ситонидани боҷи давлатӣ ҳангоми баррасии ин категорияҳои парванда  муайян намуд.

Мисол, бо парвандаи №2-459/18 ҶСШК “Новселмаш” бо ариза дар бораи эътирофи ҳуқуқӣ моликият ба сохтмони худсарона ба суд муроҷиат намуда, аризаро бо пардохти боҷи давлатӣ ба андозаи 140 сомонӣ таъмин намуд. Судя бар хилофи талаботи моддаи 127 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аризаро беҳаракат намонд, ва аз аризадиҳанда бо додани мӯҳлат талаб накард, ки андозаи боҷи давлатӣ пурра гардад, зеро ки дар асоси мукаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” аз ин намуди аризаҳо боҷи давлатӣ ба андозаи  се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ситонида мешавад, яъне 150 сомонӣ.

Бо ҳалномаи суд аз 17 сентябри соли 2018 ариза конеъ карда шуда, бо ҳалномаи мазкур аз аризадиҳанда боз 160 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шуд. Дар маҷмӯъ аризадиҳанда 300 сомонӣ боҷи давлатиро пардохт намуд, ки ин андозаи боҷи давлатӣ бо қонуни мазкур умуман пешбини нашудааст. Дар ҳалнома суд танҳо қайд кард, ки суд дар асоси моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи хароҷоти судиро мавриди муҳокима қарор дод, аммо бо чи асос аз аризадиҳанда боз маблағи боҷи давлатӣ, ки бо қонун мукаррар нашудааст, рӯёнида шуд дар ҳалнома асоснок нашудааст.

Бо ин монанд бо парвандаи №2-503/18 бо аризаи ҶДММ бисёрсоҳавии илмӣ-техникии “Нур” оиди муқаррар намудани факти доштан ва истифода бурдани моликият ҳамчун соҳибмулк аризадиҳанда аризаи худро бо боҷи давлатӣ ба андозаи 150 сомонӣ таъмин намуд. Бо ҳалнома аз 23 октябри соли 2018 ариза конеъ шуда, факти соҳибӣ ва истифодаи молу мулки аризадиҳанда ба иншооти стансияи гази сузошвории автомобилӣ эътироф карда шудааст. Инчунин суд аз ҳисоби аризадиҳанда боз 350 сомонӣ боҷи давлатӣ бе муҳокима ва асосноки рӯёнидааст.

Бо парванда №2-588/18 аризадиҳанда ҶСШК “Соҳиб-Транс” ҳангоми пешниҳоди ариза оиди мукаррар кардани факти соҳибмулки аввал бо расид аз 11 ноябри соли 2018 -200 сомонӣ ва боз бо расид аз 27 ноябри соли 2018-100 сомонӣ боҷи давлатӣ, дар мачмӯъ 300 сомонӣ пардохт намуд. Бо ҳалномаи суд аз 18 декабри соли 2018 ариза қонеъ, ва аз аризадиҳанда боз 200 сомонӣ боҷи давлатӣи илова ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.

Инчунин,бо парвандаи №2-580/18 бо ҳалнома аз 27 ноябри соли 2018 аризаи ҶДММ “Агросемян”-и ноҳияи Деваштиҷ дар бораи мукаррар кардани факти доштан ва истифода бурдани амвол ҳамчун соҳибмулк қонеъ карда шудааст. Зимни пешниҳоди аризаи мазкур 150 сомонӣ боҷи давлатӣ аз ҷониби аризадиҳанда пардохт карда шудааст, вале суд боз бо ҳалнома аз аризадиҳанда 350 сомонӣ маблағи боҷи давлатӣ ба фоидаи давлат рӯёнидааст, ки ин хулосабарории суд хилофи талаботи сархати 6 қисми 3 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” мебошад.

Ҳамчунин дар вақти омӯзиш фактҳои аз тарафи судяҳо қабул ва барраси намудани аризаҳо, ки бо боҷи давлатӣ ба андозаи каме аз  андозаи бо қонун мукаррар шуда  таъмин шуда, мушоҳида гардид.

Аз ҷумла, бо парвандаи №2-258/18 бо аризаи Кооперативи тиҷоратии “Ҷамол-1” ноҳияи Мастчоҳ нисбати шахси манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣи ноҳияи Мастчоҳ оид ба беэътибор донистани қарори раиси ноҳия аз 17 августи соли 2017 таҳти №587 “Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои ташкили ХД”Ҷанатмақон” аз тарафи аризадиҳанда, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад, боҷи давлатӣ танҳо ба андозаи 250 сомонӣ супорида шудааст, ҳол он ки қонун муайян намуд, ки ин талаботи судӣ бояд бо боҷи давлатӣ дар ҳаҷми даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне бо 500 сомонӣ таъмин шавад. Бояд қайд кард, ки аризадиҳанда шикояти кассатсионии худро аз болои ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд  аз 1 июни соли 2018, ки бо он ариза рад шуд, дуруст бо боҷи давлатӣ дар ҳаҷми 250 сомонӣ таъмин намуд,яъне 50% аз ҳисоби 500 сомони, ва на 250 сомонӣ, ки ҳангоми додани ариза пардохта шуд.

Бо парвандаи №2-574/18 соҳибкори инфиродӣ Хошимов О. бо аризаи даъвогӣ нисбати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣи ноҳияи Ашт дар бораи беэътибор донистани қарорҳои раиси ноҳияи Ашт таҳти №3 аз 13 феврали соли 2017, № 51 аз 21 июни соли 2017, №338 аз 13 июни соли 2017 ва №110 аз 29 июни соли 2017 ва басташуда эътироф намудани шартномаи хариду фурӯши бинои анбор ба Суди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиат намудааст. Аризаи даъвогии мазкур бо таъиноти судя аз 26 ноябри соли 2018 ба истеҳсолоти суд қабул карда шудааст. Бо таъиноти суд аз 7 феврали соли 2019 истеҳсолоти парванда бинобар соҳибкор набудани даъвогар қатъ карда шудааст. Омӯзиши парванда муайян намуд, ки даъвогар ҳангоми пешниҳоди даъво ҳамагӣ 100 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт намудааст, ҳол он ки мутобиқи мукаррароти қонун ҳар талаботи аризадиҳанда бояд бо боҷи давлатӣ таъмин карда шуда, дар маҷмӯъ 450 сомонӣ боҷи давлатӣ бояд пардохта мешуд. Судя бошад аризаи даъвогиро бо камбудиҳои ҷойдошта қабул намуда, ҳангоми қатъ намудани истеҳсолоти парванда  масъалаи рӯёнидани боқимонда боҷи давлатӣи пардохтнашударо ҳал накард.

Бо ҳамин монанд бо парвандаи №2-441/18 ХД “Шаҳноза”-и ноҳияи Мастчоҳ бо ариза нисбати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣи ноҳияи Мастчоҳ оиди беэътибор донистани қарорҳои раиси ноҳия таҳти №455 аз 29 августи соли 2012, таҳти №537 аз 22 октябри соли 2012, таҳти №81 аз 31 январи соли 2013 ва таҳти №648 аз 16 сентябри соли 2013 ба суд муроҷиат намуда, танҳо 100 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт намуд. Бо таъиноти судя аризаи мазкур ба истеҳсолоти суд қабул карда шуда, сипас бо таъиноти суд аз 20 сентябри соли 2018  бинобар ба маҷлиси судӣ такроран ҳозир нашудани аризадиҳанда бе баррасӣ монда шудааст. Аз тарафи суд масъалаи хароҷоти судӣ муҳокима нашудааст.

Аз талаботи пешниҳоднамудаи аризадиҳанда дида мешавад, ки он беэътибор донистани чор қарорро аз суд хоҳиш намудааст, яъне аризадиҳанда мебоист 400 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт менамуд. Судяро мебоист аризаи пешниҳоднамударо дар асоси қисми 1 моддаи 127 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳаракат монда, ба аризадиҳанда барои бартараф намудани камбудии ҷойдошта мӯҳлат мукаррар менамуд.

Бо парванда №2-66/18 аризаи даъвогии ҶДММ “Зафариён”-и ноҳияи Б.Ғафуров нисбати АИИ “Рахмон Набиев” оиди рӯёнидани 222790 сомонӣ маблағи қарз дуруст бо боҷи давлатӣ таъмин шудааст, аммо талаботи ин даъвогар доир ба татбиқи татбирҳои таъминоти дар намуди гузоштани ҳабс ба амволи ҷавобгар бо боҷи давлатӣ таъмин нашудааст. Мувофиқи талаботи моддаи 91 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ариза оид ба тадбирҳои таъминотӣ ҳуҷҷате, ки супоридани боҷи давлатиро тасдиқ мекунад, замима мегардад. Новобаста аз ин камбуди судя бо таъинот аз 13 декабри соли 2018 ин талаботро қонеъ намуда, ба амволи ҷавобгар ҳабс гузошта шуд.

Бо парвандаи №2-183/18 даъвои Раёсати ҷамъияти иттифокҳои матлуботи вилояти Хатлон ба ҷавобгарии Хайруллоева Т.Ш., Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҷайхун, Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайхун, Кумитаи идораи замин ва Идораи давлатии нотариалии ноҳия оиди беэътибор донистани Протоколҳои комиссия оид ба музояда, Санадҳо ва Қарорҳои ин комиссия, Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба моликият, шиносномаи техники, Қарори раиси ноҳияи Кумсангир таҳти № 435 аз 3 майи соли 2013 ва аз 26 майи соли 2015 таҳти № 238, Сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин, кӯчонидани Хайруллоева Т – ро аз манзил, баргардонидани қитъаи замин танҳо бо боҷи давлатӣ ба андозаи 960 сомонӣ таъмин шудааст.

Даъвогар шахси ҳуқуқӣ буда, талаби даъвои худро оиди беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ бо боҷи далатӣ ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебояд таъмин намояд. Талаби даъвогар оид ба беэътибор донистани ду қарори раиси ноҳия   бо боҷи давлатӣ ба андозаи 1000 сомони ва беэътибор донистани Сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин аз тарафи Кумитаи идораи замин  ва Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба моликият аз тарафи Идораи нотариалии давлатӣ дода шуда низ  бо 500 сомонӣ боҷи давлатӣ ва  бокимонда талаботҳо инчунин  аз рӯи мукаррароти қонун мебояд бо боҷи давлатӣ таъмин шаванд.

Аммо, бар хилофи талаботи моддаи 127 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи мазкур беҳаракат монда ва барои ислоҳ намудани ин камбудиҳо ва пурра гардонидани андозаи боҷи давлатӣ ба даъвогар мӯҳлати муайян дода нашуда, аз тарафи судя ин  аризаи даъвогӣ ба истеҳсолоти Суди иқтисодии вилояти Хатлон қабул шудааст.

Бо парвандаи №2-274/18 ҶДММ “Ҷавориҳот”-и шаҳри Душанбе бо ариза нисбати шахси манфиатдор Нозироти андозсупорандагони миёнаи шаҳри Душанбе оид ба беэътибор донистани Қарори сардори ин мақомот аз 13 сентябри соли 2018 таҳти №107 ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, талаботи худро бо боҷи давлатӣ ба андозаи 100 сомонӣ таъмин намуд, ҳол он ки ин андоза бо қонун 500 сомонӣ мукаррар шудааст, яъне даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Судя ба ин камбуди аҳамият надода, бо таъинот аз 24 сентябри соли 2018 аризаро ба истеҳсолоти суд қабул намуд, ва пас бо таъинот аз 15 марти соли 2019 суд бинобар аз даъво даст кашидани аризадиҳанда истеҳсолоти парвандаро қатъ намуд, аммо тақдири маблағи боқимондаи боҷи давлатӣро ҳал накард.

Бо парвандаи №2-211/18 аризаи ҶСП “Телеком Технолоҷи”-и шаҳри Душанбе оид ба беэътибор донистани Қарори иҷрочӣи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 25 майи соли 2018 дар бораи барпонашуда эълон намудани музояда, Протоколи натиҷаи музояда аз 25 майи соли 2018 ва Қарор дар бораи ба молиқияти ситонанда супоридани молу мулк аз 4 июни соли 2018 бо боҷи давлатӣ ба андозаи 1000 сомонӣ таъмин шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” мукаррар намуд, ки аз аризаҳои даъво дар бораи пурра ё қисман беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ,   аз шахсони ҳуқуқӣ боҷи давлатӣ ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ситонида мешавад.

Аз аризаи мазкур маълум мегардад, ки аризадиҳанда аз суд хоҳиш кард, ки се санади ғайримеъёрии судиҷрочӣ беэътибор дониста шавад, яъне мебояд боҷи давлатӣро ба андозаи 1500 сомонӣ пардохт намояд.

Бо камбудии мазкур ариза ба истеҳсолоти суд қабул ва бо ҳалнома аз 23 августи соли 2018 рад шуд.Хароҷоти судиро ба зиммаи аризадиҳанда гузошта, суд боқимонда андозаи боҷӣ давлатӣро пардохт накард.

Аз талаботҳои қонунҳои амалкунанда маълум мегардад, ки боҷи давлатӣ бо асъори миллӣ пардохт мешавад, аз ин лиҳоз ҳангоми қабул намудани санадҳои судӣ андозаи боҷи давлатӣ низ бо асъори миллӣ бояд рӯёнида шавад.

Аммо, бо парванда №2-83/18 бо даъвои ҶСК “Агроинвестбонк” нисбати Шарипова З. оиди рӯёнидани 4894 доллари ИМА қарзи бонки Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо ҳалнома аз 27 феврали соли 2018 аризаро қисман қонеъ намуда, аз ҷавобгар 3339 доллари ИМА ва боҷи давлатиро ба андозаи 68 доллари ИМА бо қурби миллӣ дар рӯзи иҷроиш рӯёнидааст.

Ҳангоми пешниҳоди ариза ба суд  даъвогар 214 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт намуда, маълумотномаи бонкӣ оид ба қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА пешниҳод намуд. Аз ин лиҳоз суд мебояд бо назардошти ин маълумотномаи бонкӣ  талаби даъвогаро ва андозаи боҷи давлатӣро бо асъорӣ миллӣ қаноат намояд, ва на бо асъори хориҷи.

Мувофиқи қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ- прокурор, Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоте,ки дар ҳолати пешбининамудаи қонун барои ҳифзи манфиати давлатӣ ва ҷамъиятӣ муроҷиат мекунанд, инчунин мақомоти молия, мақомоти андоз, гумрук,  Агентии давлатӣи суғуртаи иҷтимоӣ нафақа ва мақомоти назоратӣ асъор ва содирот, ки ба сифати даъвогару ҷавобгар баромад мекунанд – аз рӯи даъвоҳои ситонидани андозҳо, рӯёнидани кредитҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети дахлдор ва баргардонидани онҳо аз буҷети дахлдор, ба истиснои ҳолатҳое, ки мақомоти мазкур тарафе мебошад, ки пештар ба фоидаи онҳо қарор бароварда нашудааст, аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд.

Омӯзиш собит сохт, ки дар татбиқи ин меъёри қонун аз тарафи судҳо низ ба хатогиҳо роҳ дода мешавад.

Мисол, бо парвандаи №2-238/18 бо даъвои прокурори вилояти Суғд ва манфиати Раёсати андоз дар вилояти Суғд ба ҷавобгарии ҶДММ “Аъзам-Ю” ноҳияи Мастчоҳ оиди рӯёнидани 44042 сомонӣ қарзи андоз, бо таъиноти Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 13 апрели соли 2018 бо сабаби аз тарафи ҷавобгар пурра пардохт намудани қарзи андоз ва  дасткашии даъвогар аз талаби даъво, истеҳсолоти парванда қатъ карда шуда, суд  аз Раёсати андоз дар вилояти Суғд 200 сомонӣ ва аз ҷавобгар ҶДММ “Аъзам-Ю” 680 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт намуд.

Хулосабарории суд оид ба пардохти боҷи давлатӣ аз даъвогар, ки аз пардохти он ӯ мувофиқи қонун  озод мебошад, хилофи қонун аст. Инчунин, мутобиқи қисми 3 моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз супоридани боҷи давлатӣ, ки бо тартиби муқарраргардида даъвогар озод карда шудааст, аз ҷавобгар ба даромади буҷети давлатӣ мутаносиби андозаи талаботи даъвои қонеъгардида рӯёнида мешавад.

Мувофиқи талаботи моддаи 166 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабули ҳалнома судӣ иқтисодӣ бояд хароҷоти судиро тақсим намояд.

Бар хилофи ин талабот дар ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 22 майи соли 2018 бо парвандаи №2-211/18, ки бо он аризаи ҶДММ “Асос”-и ноҳия  Б.Ғафуров нисбати шахси манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Б.Ғафуров конеъ шуда, қарори раиси ноҳия таҳти №78 аз 12 феврали соли 2018 беэътибор дониста шудааст, талаботи аризадиҳанда оид ба баргардонидани маблағи боҷи давлатӣи пардохашуда ба андозаи 500 сомонӣ бар хилофи талаботи қисми 1 моддаи 109 ва 166 Кодекси мазкур ҳал карда нашудааст.

Инчунин бо парвандаи №2-427/18 бо ҳалнома аз 19 сентябри соли 2018 аризаи ХД “Зиёрбек” нисбати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии ноҳияи Ҷ.Расулов оиди беэътибор донистани Қарори раиси ноҳия №101 аз 20 феврали соли 2017  қонеъ карда шуда, масъалаи баргардонидани маблағи пардохтнамудаи боҷи давлатӣи аризадиҳандаро аз ҳисоби тарафи дигар суд ҳал накардааст.

Бо парвандаи №2-225/18 аризаи Кооперативи тиҷоратии “Олимзода”  -и ноҳияи Балхӣ оид ба беэътибор донистани қарори раиси ноҳия аз 13 феврали соли 2018 таҳти №189 бо таъиноти Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 1 августи соли 2018 аз сабабе, ки ариза аз тарафи шахсе имзо шудааст, ки ҳуқуқи имзои онро  надошт, мувофиқи талаботи саҳади 7 моддаи 147 Кодекси мазкур бе барраси монда шуд. Аз рӯи таъиноти қабул шуда масъалаи боҷи давлатӣ аз тарафи суд мавриди муҳокима нашудааст.

Мисолҳои мазкур, ки ҳангоми қабул намудани ҳалнома ё таъиноти судӣ аз тарафи судҳо дар асоси моддаи 109 Кодекси мазкур  муҳокима накардани масъалаи хароҷоти судӣ  кам нестанд.

Мувофиқи сархати дуюми қисми 1 моддаи 147 ҳамин кодекс суди иқтисодӣ аризаи даъвогиро бе баррасӣ мемонад, агар баъди ба истеҳсолот қабул кардан мукаррар кунад, ки даъвогар тартиби иддао ё дигар тартиби пешазсудии ба танзимдарории баҳсро бо ҷавобгар риоя накардааст. Дар қисми дуюми моддаи 148 омадааст, ки дар таъинот суди иқтисодӣ асосҳои бе баррасӣ мондани аризаи даъвогиро дарҷ менамояд, ҳамчунин масъалаи аз буҷети давлатӣ баргардонидани боҷи давлатӣро дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати дуюми қисми 1 моддаи 147 Кодекси мазкур ҳал менамояд.

Омӯзиш муайян намуд, ки на ҳамма вақт аз тарафи судҳо ин талаботҳои қонун риоя карда мешавад.

Бо парвандаи №2-24/18 даъвои муассисони ҶДММ “Энергия А” Рахмонова А. ва дигарон нисбати ин ҷамъият дар бораи беэътибор донистани қисми шартномаи хариду фурӯш бино аз 14 ноябри соли 2016 ва ба ҳолати аввала баргардонидани тарафҳо бо таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 28 декабри соли 2017 бинобар риоя нашудани тартиби пешазсудӣ бе барраси монда шуда, масъалаи баргардонидани боҷи давлатӣ аз тарафи суд муҳокима нашуд.

Бо ин монанд, бо парванда № 2-26/18 даъвои ҶДММ “Союз-Зар” оид ба беэътибор донистани шартномаи хариду фуруш аз тарафи ҳамин суд бо сабаби риоя нашудани тартиботи пешазсудӣ бе барраси монда шуда, масъалаи боҷи давлатӣ ва баргардонидани он  низ муҳокима нашудааст.

Мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” суде,ки санади судиро баровардааст, иҷрои онро бояд назорат намояд.

Ҳангоми омӯзиш мисолҳои зиёд ошкор гардид, ки дар судҳои мазкур вобаста ба иҷрои руёнидани маблағҳои боҷи давлатӣ бо ҳалномаҳо ва таъинотҳои судӣ пардохт шуда, аз тарафи судяҳо ва коргарони суд истеҳсолоти назоратӣ кушода нашуда, таҳти назорат қарор дода намешаванд. Дар парвандаҳо нусхаи варақаи иҷро ва пас аз иҷроиш бевосита варақаҳои иҷро духта нашудааст ва маълумот оиди дар кадом сатҳ қарор доштани иҷроиши онҳо вуҷуд надорад.

Мисол, бо ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 15 майи соли 2018 аризаи даъвогии ҶДММ “Таком” бо парвандаи №2-115/18 қонеъ карда шуда, аз ҷавобгар ҶДММ “Сервис связ комплект” ба фоидаи даъвогар 305897 сомонӣ маблағи қарз ва 6118 сомонӣ маблағи боҷи давлатӣи пардохтшуда рӯёнида шуд.

Санаи 26 июни соли 2018 аз тарафи суд ба даъвогар иҷроварақаи судӣ дода шуда, танҳо санаи 29 январи соли 2019  суд ба даъвогар мактуб бо хоҳиши ирсоли ахборот оид ба ироиши санади судӣ фиристода шудааст.

Санаи 9 феврали соли 2019 ба суд ҷавоби ширкат, ки  чандин каратаи муроҷиати он ба судиҷрочиёни Хадамоти иҷро оид ба иҷро расонидани ҳалномаи суд бе натиҷа монда шудааст, ворид шуда, аз тарафи раиси суд барои андешидани чораҳои зарурӣ ба судя  ирсол шуд. Аммо ягон амалиёт баҳри ба иҷро расонидани санади судӣ андешида нашудааст.

Бо ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 3 августи соли 2018 бо парвандаи №2-157/18 даъвои Прокурори шаҳри Душанбе ба манфиати Кумитаи андози назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии КВД ”Коргоҳи мошинсозӣ” қонеъ шуда, аз ҷавобгар ба фоидаи давлат 4 111 890 сомонӣ қарзи андоз ва 82 237 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шуд. Иҷроварақаи судӣ санаи 3 октябри соли 2018 барои иҷроиш ба Нозироти андозсупорандагони калони Кумитаи андоз ирсол шудааст, ва дигар маълумот оиди иҷроиши ин санади судӣ дар парванда мавҷуд нест. Аз тарафи суд ягон хотиррасони оид ба иҷро расонидани санади судӣ  ирсол нашудааст.

Инчунин, омӯзиши парвандаҳо дар Суди иқтисодии вилояти Суғд муайян намуд, ки дар парвандаҳо оид ба иҷро гардидани санади судӣ ба ғайр аз нусхаи иҷроварақаи фиристодашуда, дигар маълумот вуҷуд надорад. Аз тарафи судяҳо назорат аз болои иҷроиши санадҳои судӣ эътибои қонуни пайдо карда дар сатҳи лозима бурда намешавад, фиристодани хотиррасониҳо оид ба натиҷаи иҷрои санади судӣ чун таҷриба дар суд ҷори нашудааст. Дафтархонаи суд низ назоратро аз болои иҷроиши санадҳои судӣ дуруст ба роҳ намондааст. Муайян шуд, ки иҷроварақаҳои судӣ ба иҷрорасонидашуда  ва аз тарафи иҷроҷиён ба суд боспас гардонидашуда ба парвандаҳо духта нашуда, дар бастаҳои гуногун ҷойгиршудаанд, аз ин лиҳоз назорати иҷроиши санадҳои судӣ мушкил мегардад.

Мисол, бо ҳалномаи суд аз 8 майи соли 2018 бо парвандаи №2-250/18 даъвои прокурори вилояти Суғд ба манфиати Раёсати андоз дар вилояти Суғд нисбати Кооперативи тиҷоратии “Ҷавоҳир”-и ноҳияи Зафаробод қонеъ шуда, аз ҷавобгар ба фоидаи давлат 74192 сомонӣ қарзи андоз ва 1483 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шуд.

Ҳалномаи судӣ санаи 12 июни соли 2018 эътибори қонуни пайдо намуд, аммо иҷроварақа танҳо санаи 16 июли соли 2018 барои иҷроиш ба Раёсати андоз дар вилояти Суғд фиристода шудааст. Дар парвандаи мазкур дигар маълумот оид ба иҷрои ин санади судӣ мавҷуд нест, аз тарафи суд хотиррасони оид ба натиҷаи иҷро ирсол нашудааст.

Бояд қайд карда шавад, ки аз рӯи ин ҳалнома якто иҷроварақа нависта шудааст, яъне дар як иҷроварақа талаби рӯёнидани ҳам қарзи андоз, ҳам маблағи боҷи давлатӣ дарҷ шуда, барои иҷроиш ба Раёсати андоз ирсол шудааст. Аммо омузиши дигар парвандаҳо нишон дод, ки талаби рӯёнидани маблағи боҷи давлатӣ дар асоси иҷроварақа барои иҷроиш дуруст ба иҷроҷиёни Хадамоти иҷро ва рӯёниши маблағи қарзи андоз  дар асоси иҷроварақаи алоҳида ба мақомоти андоз фиристода мешаванд.

Омӯзиши парвандаҳо дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон муайян намуд, ки ҳолатҳои сари вақт нафиристонидани хотиррасониҳо оид ба натиҷаи иҷрои санадҳои судӣ, ки эътибори қонуни пайдо кардаанд, мавҷуд ҳастанд.

Аммо қобили зикр аст, ки аз тарафи суди мазкур дар соли 2018 ҷамъбастии амалияи судӣ вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ гузаронида шуда, дар натиҷаи ҷамбасти ба Хадамоти иҷрои назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷоннок ва сари вақт ба иҷро расонидани санадҳои судӣ Пешниҳод бо овардани мисолҳои дақиқ ирсол шудааст. Аз ҷумла дар пешниҳоди мазкур масъалаҳои сари вақт ба иҷро нарасонидани санадҳои судӣ оид ба рӯёнидани маблағҳои боҷи давлатӣ дарҷ шудааст.

Аз ҷавоби Хадамоти иҷрои назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2019 маълум мегардад, ки пешниҳоди суд санаи 10 январи соли 2019 дар ҷаласаи васеъи ҳайати мушовараи Хадамот мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуда, иҷрочӣёни Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Хатлон вазифадор гардидаанд, ки минбаъд ҳангоми фаъолият талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” – ро қатъиян риоя намуда, иҷрои саривақтии санадҳои судиро таъмин намоянд.

Таҷрибаи мазкур қобили таваҷҷуҳи дигар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикитсон бояд бошад.

Дар асоси гуфтаҳои боло, аз рӯи натиҷаи ҷамъбастии гузаронидашуда пешниҳод менамоем,ки ҷиҳати пешгири намудани камбудиҳои ҷой дошта ҳангоми баррасии парвандаҳо вобаста ба татбиқи талаботҳои қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” дар машғулияти семенарии судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбастии мазкур таҳти муҳокимаронӣ қарор дода шуда, инчунин барои муҳокима ва корбарӣ ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад.

Ба судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо талаботҳои Қодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба пардохти боҷи давлатӣ ва талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи боҷи давлатӣ” дақик риоя намоян.

Ҳангоми тартиб додани накшаҳои қори судҳо бояд гузаронидани ҷамъбасти амалияи судӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва иҷрои санадҳои судӣ вобаста ба пардохти боҷи давлатӣ ба накша гирифта,иҷроиши онро таъмин намоян.

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” супорандагони боҷи давлатӣ ва мақомоти ваколатдоре, ки боҷи давлатӣро меситонад барои нодуруст ҳисоб кардан ва ба буҷет гузаронидани маблағҳои боҷи давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади ғани гардонидани буҷҷаи давлат ба судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳангоми   баррасии парвандаҳо зарур аст тартиби аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ситонидани боҷи давлатӣро дар асоси мукаррароти Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” дақикан таъмин намоянд.

Муовини Раис                                                    Комилӣ Ф.

С у д я ҳ о                                                             Раҷабзода П.

Саид Сӯҳроб


Leave a Reply