Мулоқоти роҳбарият,  судяҳои Суди Олии иқтисодӣ ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе  бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ

Дар санаи  23 апрели соли  2019 дар маҷлисгоҳи  Суди Олии  иқтисодӣ  тибқи дархости Бонки  умумиҷаҳонӣ мулоқоти роҳбарият,  судяҳои Суди Олии иқтисодӣ ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе  бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ бо мақсади ҷамъоварии  маълумот аз  мақомотҳои инчунин аз бахши хусусӣ оид ба дастовардҳои ислоҳот  дар самти  беҳтар намудани фазои  сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ  дар кишвар  ва баланд бардоштани мавқеи  Тоҷикистон дар арзёбии  ҳисоботи   «Пешбурди  соҳибкорӣ-2020» доир гардид..

Дар мулоқот  коршиноси  Бонки ҷаҳонӣ Роман Мароз, муовини раиси  Кумитаи   давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нигина  Анварӣ, мушовири  калони  иқтисодии Котиби Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар  намудани  фазои сармоягузорӣ  Манучеҳра  Мадҷонова, муовини якуми Раиси  Суди Олии  иқтисодӣ  Қодирзода А.  судяи  ҳамин суд Мирзозода  П.роҳбари дастгоҳи Суди Олии  иқтисодӣ  Қаҳҳорзода  Ҷ. раиси  Суди иқтисодии  шаҳри Душанбе  Абдуллозода З. Судяҳо  ҳамин суд Саидзода З. ва  Баротзода З.иштирок  намуданд.

Аз ҷониби роҳбарияти  суд доир  ба 12 индикаторе, ки аз ҷониби Коршинос Роман Мароз оид ба тартиби  ҳалли  баҳсҳо дар  суди иқтисодии  марҳилаи  якум,  аз ҷумла  тартиби  пешниҳоди ариза, тақсимоти парвандаҳо, муҳлати  баррасии парвандаҳо, тартиби омодасозӣ, маблағи пардохти боҷи давлатӣ, муҳлати таъини экспертиза,  вобаста ба пешниҳоди ҳисобот, ҷамъбасти фаъолияти суд,  категорияҳои  парвандаҳои баррасишуда, тартиби  иҷрои санадҳои судӣ, муҳлати овардани шикоят, адолати судии электронӣ, ҳамкориҳои Судҳои иқтисодӣ  бо ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ посух дода шуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply