Курсҳои омӯзишӣ доир ба самтҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

Санаи 17 то 19 апрели  соли 2019 Ҳусейнзода Фируза – сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курси омӯзишӣ доир ба самтҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ иштирок намуд.

Курси мазкур дар асоси банди 11-и Нақша чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2019 баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиаи гражданӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва  ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ” ва як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш ва мубоҳиса қарор доданд

Дар анҷоми курс мизи мудаввар баргузор гардида, ба иштирокчиён шаҳодатнома оиди хатм намудани курсҳои кӯтоҳмуддати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ супорида шуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply