Ифтитоҳи як қатор иншоотҳо дар ноҳияи Спитамен

Дар рӯзҳои сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар вилояти Суғд, дар ноҳияи Спитамен  бинои маркази адлияи  ин ноҳия  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни ба истифода  додани бинои  мазкур  Раиси  ноҳияи Спитамен  Сулаймонзода  А. ва  роҳбари дастгоҳи  Суди Олии  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қаҳҳорзода Ҷ. намояндаи раёсати адлияи вилояти Суғд , кормандони маркази адлия   ноҳия   ширкат варзиданд.

Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он 12  утоқҳои корӣ ва ёрирасон барои кормандони он  мебошад, ки  ба таври  замонавӣ таъмир  ва ҷиҳозонида шуда, дар  ҳар утоқи корӣ шароити  мукаммал  фароҳам аст. Дар ошёнаи  якуми бино идораи нотариалӣ ҷой дода шуда, дар ошёнаи  дуюм кормандони Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ҷой дода шудаанд

Ғайр аз ин дар ин рӯз дар  вазъияти тантанавӣ   Раиси ноҳия Сулаймонзода А. ва кормандони соҳа ба се оилаи нав фарзандоршуда шаҳодатномаи таваллуд  ва се оилаи ҷавон  шаҳодатномаи  ақди  никоҳ  супорида шуд.

Бино бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза сохта шуда, атрофи  он дар масоҳати беш аз 20 метри мураббаъ кабудизор карда шудааст. Дарахтҳои ороиши ва  гулу буттаҳои дар ин мавзеъ шинонидашуда  ба ҳусни маркази ноҳияи Спитамен зебогии дигар зам мекунад.

Ғайр аз худи ҳамон рӯз аз ҷониби Раис  ноҳия Сулаймонзода  А.,  Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам  ва роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қаҳҳорзода Ҷ.  боз ду иншооти  нави варзишӣ  мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тибқи иттилоъ майдончаи варзишии дар шаҳраки Навкат бунёдгардида дар масоҳати 800 метри мурабба сохта шудааст. Он аз ҷониби соҳибкори  маҳалли бо тарҳи муосир  ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза бунёд гардида дорои   шароити тармим мебошад. Ин майдончаи  варзиши барои бозии футболи  хурд пешбинӣ гардидааст. Майдонча болопӯшида мебошад ва дар он имконияти гузаронидани мусобиқаҳо дар  ҳама фасли сол мавҷуд аст.

Майдончаи варзишии дигар  дар ҷамоати  деҳоти Куруш  низ ба тарҳи муосир бунёд гардидааст ва дар он  имконияти хуби машғул шудан ба бозии  фуболи хурд мавҷуд  мебошад. Масоҳати  ин иншоот 800 метри мураббаро  ташкил дода,  иншоот бо маблағгузории ҶДММ “Спитамен текстайлз” бо истифода   аз масолеҳи  баландсифати сохтмонӣ  сохта шудааст. Дар он утоқҳои ёрирасон, аз ҷумла  ҷои либосивазкунӣ шустушӯй ва ғайра иборат мебошад. Ин майдонча низ болопӯшида буда,  барои гузаронидани   ҳамагуна мусобиқаҳо   шароити мусоид дорад. Дар шафати майдончаи варзишии мазкур  майдони бозии кӯдакон   мавриди истифода қарор дода шудааст.

Қайд кардан ба маврид  аст, ки  то инҷониб аз ҷониби  соҳибкорони маҳалли  10 адад  майдончаҳои варзишӣ бо мақсади амалӣ намудани  нақшаи чорабиниҳои   30 – солагии  – Истиқлолияти давлатӣ  мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифта, боз 10 адади дигар   то  ҷашни фархундаи 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ  сохта  ба истифода дода мешаванд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply