Семинар дар мавзӯи “Амнияти иттилоотӣ”

Cанаи 12 апрели соли 2019 дар муассисаи давлатии Китобхонаи милии Тоҷикистон барои масъулин ва мутахассисони соҳаи амнияти иттилоотии вазорату идораҳои кишвар семинар баргузор гардид, ки дар он мутахассиси пешбари Суди Олии иқтисодӣ Ғоибов Ғоиб иштирок намуд.  Семинар бо дастгирии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинари мазкур мавзӯъҳои амнияти иттилоотӣ, муқовимат бо киберҷиноятҳо, хизматрасонии электронӣ, имзои электронии рақамӣ, ҳифзи додаҳои инфиродии шаҳрвандон, намоиши воситаҳои техникӣ ва барномавии ҳифзи иттилоот ва масъалаҳои вобаста ба ҳифзи техникии иттилоот баррасӣ гардид.

Дар семинар мутахасисони ботаҷрибаи ширкатҳои Федератсияи Россия, ки фаъолияти худро дар самтҳои дар боло зикргардида ба роҳ мондаан, иштирк доштанд. Муттахасисон доир ба мавзуъҳои муқовимат бо киберҷиноятҳо, хизматрасонии электронӣ, имзои электронии рақамӣ, ҳифзи додаҳои инфиродии шаҳрвандон баромад намуда воситаҳои техникӣ ва барномавии ҳифзи иттилоот инчунин масъалаҳои вобаста ба ҳифзи техникии иттилоотро ба намоиш гузоштанд.

Семинар ба баланд бардоштани малакаи хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, бо мақсади омӯзиш ва беҳтар намудани малакаи мутахассисони соҳаи ҳифзи  иттилоот равона шудааст. Амнияти иттилоотӣ – ин чунин ҳолати  системаи иттилоотист, ки метавонад ба дахолати тарафҳо ё шахсони  сеюм ва ҳуҷумҳои техникии  бегона роҳ надиҳад.

Чи тавре, ки АМИТ “Ховар” менависад, «Семинар намунаи воқеии ҳамкории амалии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳо оид ба амнияти иттилоотии Федератсияи Россия буда, платформаи муфид барои муайян кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи таъмини амнияти иттилоотӣ мебошад», — гуфт зимни суханронӣ сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодир Мирзоиён.

Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба таъмини иттилоотии меъёриву ҳуқуқӣ, ташкилӣ, моддию техникӣ ва кадрӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир менамуд ва менамояд.

Аз ҷумла, Тоҷикистон як зумра санадҳои қонунгузориро дар самти таъмини амнияти иттилоот, ба мисли “Қонун дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”, “Қонун дар бораи имзои электронӣ”, “Қонун дар бораи иттилоот”, “Қонун дар бораи криптография”, “Қонун дар бораи ҳифзи иттилоот” ва “Қонун дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ” қабул намуд.

Зикр гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи беш зоҳир менамоянд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба тасвиб расидааст. Худи ҳамон сол дар асоси ин ҳуҷчати муҳим  Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қонунҳои минбаъд қабулшуда – “Дар бораи ҳифзи иттилоот”, “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ”, “Дар бораи имзои электронӣ””, “Дар бораи сирри давлатӣ”, “Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ” маҳз ба амнияти иттилоотии давлат ва ҳифзи маълумоти шахсии шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқхои дигари конститутсионии онҳо бахшида шудаанд.

Дар анҷоми семинар иштирокчиён бо сетификатҳо сарфароз гардонида шуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply