Иштироки Роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ҷамшед дар маҷлиси ҷамъбастии рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия Спитамен дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ

Дар маҷлис Раиси ноҳия Сулаймонзода А., муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва сохтмон, инчунин раисони кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони идораҳо ва намояндагони муассисаҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, занон ва ҷавонон, инчунин  намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳ. иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи  маҷлис  як масъала – «Ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда» баррасӣ гардид. Аз рӯи масъалаи мазкур оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2019 муовини Раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ маъруза намуд.

Маълум гардид, ки  дар семоҳаи якуми соли 2019 қисми даромади буҷет, тадриҷан кам кардани бақияпулиҳои андоз, дарёфти сарчашмаҳои нави андозҳо, аз рӯи нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия ба маблағи 16 миллиону 132,2 ҳазор сомонӣ муайян гардида, амалан 16 миллиону 170,1 ҳазор сомонӣ андозу даромадҳо ворид гардид, ки 100,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 11 миллиону 909,6 ҳазор сомонӣ муайян шуда, амалан 11 миллиону 943,6 ҳазор сомонӣ, яъне ба 100,3 фоиз баробар гардид.

Мутаассифона дар давраи ҳисоботӣ аз 10 намуди андозу пардохтҳо 2 намуди андоз – андози фоида аз шахсони ҳуқуқӣ ва андози даромад аз шахсони воқеӣ иҷро нашуд, ки дар натиҷа ба буҷети маҳаллии ноҳия 490,9 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид шудааст.

Ба санаи 01 январи соли 2019 қарзи андозсупорандагони ноҳия дар назди буҷети давлатӣ 2 миллиону 247 ҳазор сомонӣ мебошад, ки ин шумора ба ҳолати 01 марти соли 2019 2 миллиону 198 ҳазор сомонӣ ташкил намуд, ки нисбати 01 январи соли 2019 ба маблағи умумии 48,5 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо тағйироташ дар ин давра 13 миллиону 152,4 ҳазор сомонӣ муайян шуда, дар асл 13 миллиону 151,4 ҳазор сомонӣ, яъне ба 100 фоиз хароҷот шудааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 рушди соҳаи саноати ноҳия ба маблағи 57 миллиону 430,4 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 92,3 фоиз, сектори хусусӣ ба маблағи 21 миллиону 250 ҳазор сомонӣ, ё ки 106,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 8 миллиону 528,6 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 119,1 фоиз маҳсулотҳои саноатӣ истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯъ мувофиқи ноҳия ба маблағи 87 миллиону 209 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 97,7 фоиз таъмин гардид. Сабаби асосии иҷро нагардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ дар ин давра ин кам истеҳсол гардидани нахи пахта дар корхонаҳои ҶСП “Деҳқон”, ҶДММ “25-солагии Истиқлолият” ва ҶДММ “Спитмен текстайл” ба ҳисоб меравад. Дар семоҳаи якуми соли 2019 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 22 миллиону 792 ҳазор сомонӣ (111,8 %) маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд. Аз ҷумла дар соҳаи чорводорӣ 22 миллиону 616 ҳазор сомонӣ (111,8%), растанипарварӣ 176 ҳазор сомонӣ (122,2%)-ро ташкил намуд. Дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 448,5 тонна, ё ки 100,6 фоиз, шир 4286 тонна – 100,0 фоиз таъмин гардид. Ҳамчунин ҳаҷми истеҳсоли тухм 4 миллиону 149 ҳазор донаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 баробар зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, 1 нафар ҷойи якум аз фанни забони давлатӣ, 2 нафар ҷойи сеюм аз фанҳои таърих ва география сазовор гардиданд ва 1 нафар хонанда соҳиби ифтихорномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Дар ноҳия раванди бақайдгирии довталабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба мактабҳои олию миёнаи махсуси касбӣ муташаккилона ҷараён дошта, дар давраи ҳисоботӣ аз 1720 нафар хатмкунандагони синфҳои 11-ум 1009 нафар, ё ин ки 58,7 %-и хатмкунандагон ҳуҷҷат супориданд.

Дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар семоҳаи якуми соли 2019   342 адад тӯю маросим, аз ҷумла 276 адад тӯйи домодию арӯсӣ, 2 адад тӯйи домодию арӯсии хайриявӣ, 36 адад маросими чил ва 27 адад маросими сол баргузор гардид. Барои гузаронидани онҳо 186 адад чорвои хурд забҳ карда шудаанд, ки хароҷоти умумии маросимҳои баргузоргардида 1 миллиону 863 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 1 ҳолати вайрон кардани қисми 6-и моддаи 10-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби сокини Ҷамоати шаҳраки Навкат ба қайд гирифта шуда, дар асоси маводҳои пешниҳодшуда аз ҷониби суди ноҳия ҷаримабандӣ карда шуд.

Мувофиқи ахбороти шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия давоми семоҳаи якуми соли 2019 дар ҳудуди ноҳия 76 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ошкоршавии он 97,18 %-ро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин 7 адад, ошкоршавӣ 92,80 %, дуздӣ 20 адад, ошкоршавӣ 100 %, дуздӣ аз хона – 3 адад, ошкоршавӣ 100%, қаллобӣ 7 адад, ошкоршавӣ 100%, авбошӣ 3 адад, ошкоршавӣ 100%- ро ташкил медиҳад.

Раиси ноҳия аз ҳамаи раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони идораву ташкилотҳо нозироти андоз, роҳбарони корхонаҳо, раёсати кишоварзӣ, бҳахши дин, идораи барқ, идораи об, шуъбаи маориф, тандурустӣ, кумитаи замин пурсиш намуда, оид ба иҷрои камбудиҳо дастуру супоришҳо дод.

Роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Қаҳҳорзода Ҷамшед ва Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим баромад намуда, баҳри иҷрои камбудиҳо супоришҳои муфид доданд.


Leave a Reply