Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳа дар судҳои иқтисодӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ дар маҷлиси душанбегӣ натиҷагири аз санҷиши фаъолияти суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар семоҳаи якуми соли 2019 баргузор гардид.

Дар маҷлис Роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодӣ ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар он натиҷаи санҷиши фаъолияти суди иқтисодии шаҳри Душанбе, ки тибқи банди 6 нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2019 “Расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши фаъолияти судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе”,  гузаронида шуд, аз тарафи судяи Суди Олии иқтисодӣ Нуриддини Нурулло ироа карда шуд.

Чи тавре, ки қайд карда шуд, суди иқтисодии шаҳри Душанбе Бо мақсади ба иҷро расонидани банди 6-и нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи яккуми соли 2019 аз ҷониби гуруҳи корй дар ҳайати судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Саид С.,Ширинзода Э.С.,Раҷабзода П.Ш., Азизӣ Ҷ.А., Нуриддинӣ Н.Б. ва Сармутахасиси Шӯъбаи умумй ва назорат суди мазкур- Бобомуродзода М.,санаи 5-6 апрели соли 2019 фаъолияти Суди иқтисодии шаҳри Душанберо бобати риоя намудани қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ зимни баррасии парвандаҳо,дар мӯҳлатҳои муқарраршуда омада намудани санадҳои судӣ ва протоколҳои маҷлиси судӣ оид ба парвандаҳо дар давраи аз 1 октябри соли 2018 то 1 апрели соли 2019 мавриди санҷиш қарор дода,ҳамчунин ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди номбурда ёрии амалй расонида шуд.

Дар маҷлис натиҷаи фаъолияти суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда муҳокима гардида барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд

Аз натиҷаи фаъолияти суд маълумоти муфассал нашр мегардад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply