Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти суд

Имруз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда қабули шаҳрвандон гузаронида шуд.

Қаландарзода Мавлуда 8 нафар шаҳрвандонро қабул намуда, бобати пешниҳод ва барраси намудани муроҷиатҳои онҳо ба кормандон супоришҳои мушаххас доданд.

Қобили қайд аст, ки бобати амали гардонидани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 марбут ба роҳандози намудани қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе тибқи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули шаҳрвандон дар дигар рӯзҳои корӣ низ ба роҳ монда мешавад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply