Иштироки кормандони судҳои иқтисодӣ дар Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ

Имрӯз, дар шаҳри Душанбе Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Суди Олии иқтисодӣ ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ин чорабини бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Тавре АМИТ «Ховар»  хабар медиҳад дар чорабинӣ намояндагон аз тамоми сохторҳои давлатӣ фаъолона иштирок дошта, Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедрониро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиён барору комёбӣ таманно намуданд.

Дар Дав ва веломарофони имсола зиёда аз 25 ҳазор нафар фаъолона иштирок доштанд. Масири Марафони велосипедронӣ ва Дави наврӯзӣ аз маҳаллаи Чорбоғ оғоз ёфта, то Наврӯзгоҳ идома кард.

Марказӣ матбуоди СОИ ҶТ


Leave a Reply