Мизи мудаввар доир ба муҳокимаи ҳисоботи иҷрои бандҳои Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи мубориза бар зидди коррупсия

Имрӯз да шаҳри Душанбе дар Дафтари Барномаи САҲА  мизи мудаввар ҷиҳати муҳокимаи ҳисоботи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барои Тоҷикистон роҷеъ ба иҷрои тавсияҳои давраи чоруми мониторинг дар Нақшаи амалиёти Истамбулии Шабакаи мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқи ва Осиёи Марказӣ барои солҳои 2018-2019 баргузор гардид, ки дар он мудири бахши кардҳо ва корҳои махсуси Суди Олии иқтисодӣ Шарофзода Далер иштирок намуд.

Дар кори мизи мудаввар намояндаи мақомотҳои дахлдори мамлакат ширкат варзиданд.

Сухани ифтитоҳиро сардори Раёсати таҳлили муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ оғоз намуд.

Дар идома иштироккунандагон дир ба иҷрои чорабиниҳои 1-10: Сиёсати зиддикоррупсионӣ ва хавфҳои коррупсия ва чорабиниҳои 11-19: Пешгирии коррупсия, ба ҷавобгарии ҷинои кашидан барои содир намудани амалҳои коррупсионӣ, пешгирӣ ва кофтукови ҷиноиятии амалҳои коррупсионӣ дар бахши замин мавриди муҳокима қарор дода шуд.


Дафтари Барномаи САҲА дар Душанбе.


Leave a Reply