Балҷувон минтақаи сайёҳӣ

Ҷомеаи имрӯзаи  озоди шаҳрвандӣ меваи сулҳу ваҳдат аст. Ин меҳнату заҳмат ва шабзиндададориҳо зодаи табъу завқи як қавм, як нажод, як миллат набуда, балки он зодаи табъу завқи халқу миллатҳои дунёст, ки аз қарн ба қарн гузашта, сайқал ёфта, дараҷаи мустаҳаками фаъолияти озод ва самаранокии рӯзмараи инсониро таъмин менамояд. Асоси чунин ҷомеаро қонунҳои адолатнок, ки манфиати ҷомеа ва шахс, афзалияти ҳуқуқи озодии инсон, баробарҳуқуқӣ ва адолати иҷтимоиро тарғиб менамояд, ташкил медиҳанд. Дар Поёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки далолат ба рушди мибаъдаи ҷомеаи имрӯзаи кишварамон мекунад. Дар ҳақиқат, имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари рушдкунанда ва пешсаф эътироф шудааст, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳаряк шаҳрванди Тоҷикистон аст. Аз ҷониби дигар Паёми имсолаи пешвои миллат хусусияти инсонмеҳварӣ дорад. Дар он таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як тоҷикистонӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Мақсади эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ аз ҳаминҷо сарчашма мегирад. Азбаски аксари аҳолии кишварамон дар деҳот умр ба сар мебаранд, пешниҳоди ин ташаббус саривақтӣ ва хеле муҳим мебошад. Мақсади Пешвои миллат аз он иборат аст, ки мо ба муваффақиятҳое, ки дар «Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ноил гаштем, қонеъ нашуда дар баробари такон бахшидани ин соҳаҳо, инчунин рушди деҳотро таъмин созем.  Дар умум бояд гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нигаронида шудааст.  Бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯшди соҳаи саёҳӣ заминаи мушаххаси ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, 18 июли соли 2017, таҳти № 1450 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди саёҳи қабул гардид, ки он асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии фаъолиятро дар соҳаи саёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Ҳамчунин 30 майи соли 2017 таҳти № 1423 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки мувофиқи онҳо даромадҳо аз фаъолияти сайёҳӣ ба мулат 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ, аз андоз аз фоида, воридоти таҷҳизоту техника, масолеҳи сохтумонии иншоооти саёҳӣ (меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои саёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ) аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудаанд.

Ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани кори соҳа бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, таҳти № 258 Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ниҳоди алоҳида таъсис ёфт. Дар робита бо ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми мазкур ба Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш доданд, ки барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, таъсиси инфирасохтори зарурӣ, омода намудани маълумоти иттилоотӣ ва хатсайрҳои нав дар мавзеҳои гуногуни кишвар, инчунин, такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаи «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030»-ро омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Принсипи мазкур тақозо менамоянд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ таввасути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгуйи меъёрҳои ахлоқ ва адолати инсондӯстӣ бошанд. Дар ин самт ҷой ва нақши сулҳу ваҳдат, оромию осудагии мардум аҳамияти хоса дорад.

Маъхазҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки шахсиятҳои таърихие, ки мардумро ба ягонагию ваҳдат даъват намудаанд, ба муроду манзалати худ расиданд, шаҳрҳоро обод кардаанд, мардумро аз гуруснагӣ эмин гардониданд ва номашон ҷовидона боқи мондааст. Дар аввалин лаҳзаҳои соҳибистиқлоли гардидани давлатамон, ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар сарнавишти халқи тоҷик чун замони пурфоҷиа ёд мешавад.

Таърихи Балҷувон яке аз қисматҳоии таркибии таърихи халқи тоҷик буда, мисли таърихи таммадуни ҳар як миллату халқиятҳои дигар аз ҷамъияти ибтидоӣ оғоз меёбад,ки ин нуқтаро маҳзанҳои тахрихӣ  ва нигораҳои нодире, ки дар осорхонаи ноҳиявӣ маҳфузанд, тасдиқ менамоянд. Ин мавзеъ ҳатто дар қарнҳои 4-3 пеш аз мелод мавзеи истироҳатӣ ва ҳамчун шикоргоҳи амалдорони давлатҳои абарқудрати Юнону Бохтар гардида буд. То давраи шуравӣ мавзеи мирнишин буд. Ҳашт қалъа: Қалъаи Мир (16-19), Қалъаи Тупхона (асрҳои 1-и пеш аз мелод то 6-и мелод), Қалъаи Каттахон (асри миёна), Қалъаи Дектур (асрҳои 18-19), Қалъаи Турк (асрҳои 12-13, Қалъаи Чаноро, Қалъаи Чавгонӣ ва Қалъаи Додӣ мутаалиқи ин мавзеъ аст. Балҷувон пули худ ва иқтисодиёти худро доро буд. Дар замони Шӯравӣ соли 1930 ноҳияи Балҷувон таъсис ёфта, соли 1954 барҳам хурд. Дар замони истиқлол 2 феврали соли 1996 ноҳияи Балҷувон аз нав таъсис ёфт. Ҳудуди он 1326 км мураббаъро ташкил медиҳад. Ноҳия дар қисмати ҷанубӣ-шарқии ҷумҳурӣ ҷойгир буда, шароити табиию иқлими он бо гуногуншаклиаш фарқ мекунад, ки он вобаста ба ҷойгиршавии минтақаҳо аз сатҳи баҳр мебошад. Ин таносуб аз 680-700 метр сар карда, то 3200-3300 метр мерасад. Илова бар ин, дар партави Барномаҳои мунтазами  об, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон пазиро гардид, деҳаҳои аҳолинишини Балҷувон, Турко, Чорпарон, Тӯпхона, Хироб, Дара, Охбулоқ, Чилатош, Салимӣ, Чорбоғ, Дектур, Қарақамари Эшоно, Шағмон, Дебдор, Зардолудашт Утанқалъа, ва Чолтоши ноҳия тавасути ташкилоти байналхалқии “Агро-Аксия”, “Каунтерпарт” ва “Чезви” хатти оби нӯшокӣ кашида шуда аст. Дар ноҳия манбаҳои зиёди ин неъмати бебаҳо мавҷуд аст, ки онро 190 чашма, рӯдҳои Дашти Ангора, Дарозпитов, Шикилдара, Шингидара, Ғайдара, Шибдара, Шӯрак, Сафедак, Булғурӣ, Шӯроб Хорма, дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Талхак, шаршараҳои Пушти боғ, Комилӣ, Сафедов, обҳои шифабахши Оби гугирдӣ Султон Увайсӣ, Оби гугирдӣ, Қалъанак, Оби гӯр ташкил медиҳанд. Чашмаи Касҳо ва оби Ҳибили ноҳия ҳанӯз аз замонҳои қадим бо таъму лазаташон овозадоранд ва мавриди истифодаи ашрофзодагон қарор доштанд. Деҳаҳои Садоҳо ва Даштарҳои Ҷамоати деҳоти Сарихосор мавзеи сайёҳӣ мебошад. Ин чунин соҳаи кишоварзӣ дар ҳаёти иқтисодии ноҳия мароми хоса дорад. Ин имкон медиҳад, ки мо ҳар як ваҷаби замин, обу гил, гиёҳу дарахтон, дигар захираҳои таббиию энергетикии ноҳияро пура ва самаранок истифода намуда, маънавиёт ва сатҳи зиндагии мардумро боло бардорем. Дар ҳақиқат табиати зебою нотакрори Балҷувон ва фарҳанги волои мардуми он арзандаи муаррифӣ аст ва дар самти татбиқи равандҳои туризм дар ноҳия корҳои зиёде доранд.

Мусоидат намудан ба рушди сайёҳи дар мамлакат боиси фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба сокинони мамлакат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ таъмини адолати иҷтимоӣ ва амнияти давлат, суботи ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва дар маҷмӯъ, рушди Тоҷикистони соҳиб- истиқлол мегардад.

Мутахассиси пешбари раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Хушнуд Абдулло


Leave a Reply