Машғулияти семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғулияти семинарӣ, ки тибқи нақша охири хар моҳ  бо судяҳои Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе пешбини гардидааст гузаронилда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки машғулиятҳои семинарӣ бо судҳо ва кормандон дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад,

Мақсад аз ин машғулиятҳо баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳ мебошад ва дар семинар дар мавзуъҳои гуногун баромад намуда атрофи ин мавзуъҳо мубоҳиса ташкил менамоянд.

Дар семинари машғулияти, ки бо судяҳо баргузор гардид, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинӣ Нурулло дар мавзуи “Таҷрибаи судӣ оид ба тартиби татбиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фоизҳо барои ғайриқонуни истифода бурданӣ маблағи ғайр (Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон №7 аз 13,06,2007 сол “Оиди таҷрибаи татбиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фоизҳо барои ғайриқонуни истифода бурдани маблағи ғайр” моддаи 426 Қодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон)  баромад намуда мавзуи мазкурро мавриди муҳокима қарор доданд. Инчунин муҳокимаи сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ (ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ дар 11 моҳи соли 2018) ба роҳ монда шуд.

Семинари машғулиятии кормандони дастгоҳ бо иштироки Сардори Раёсати  Суди Олии иқтисоди Асрорзода Зуҳуриддин, мудири бахши кадрҳо Шарофзода Далер ва кормандон гузаронида шуд, ки дар он доир ба мавзуҳои гуногун мубоҳисаҳо намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply