Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ

Имруз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Суди Олии иқтисодӣ, шанбеги гузаронида шуд. Дар шанбеги, ки бо иштироки муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қодирзода Абдуҷаббор, муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода Зокирҷон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд гузаронида шуд, маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид,

Мақсад аз ин маърака оғоз намудани корҳои кабудизоркуни ва зебову назаррабо гардонидани гирду атрофи бинои суд мебошад, ки дар натиҷа дар саҳни бинои суд ниҳолҳои гуногун аз қабили дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд.

Роҳбарияти суд тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ баҳри зебову хуррам гардонидани гирду атрофи бинои суд, ки дар натиҷа ба ободӣ ва зебогии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе оварда мерасонад, чунин корҳоро ба анҷом расонанд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply