Корҳои бунёдкорӣ ва ободони дар ноҳияи Спитамен бомаром идома доранд.

Имрӯз Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода Мавлуда ва роҳбари дастгоҳи суди оли иқтисодӣ Қаҳҳорзода Ҷамшед бо мақсади шиносои пайдо намудан аз рафти корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар ноҳияи Спитамен ба ин ноҳия сафар карданд.

Дар рафти сафар Қаландарзода Мавлуда ва Қаҳҳорзода Ҷамшед бо ҳамроҳии раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода ба якчанд иншоот ва мавзеъҳои сохтмони ташриф оварда аз рафти корҳо дар ин мавзеъҳо шиносои паёдо намуданд.

Ёдрас мешавем,тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Раиси суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ таъин гардидаанд. \

Айни замондар ин ноҳия корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бомаром идома дорад ва роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ мунтазан аз рафти корҳо, иҷроиши саривақти ва босифати он огаҳи пайдо менамоянд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ


Leave a Reply